Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳабибулло Иззатуллозода: “Ҳиссаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро кам менамоем.”
Мусоҳибаи ихтисосии ходими адабии маҷаллаи “Сафо” бо сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода.
-Лутфан мегуфтед, ки ниҳоди шумо натиҷаҳои фаъолияти нимсоларо чӣ гуна ҷамъбаст намуд?
-Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо мақомоти он дар маҳал ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” саъю кӯшиш намуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.
Бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилоят мувофиқи маълумотҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 100,9 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба миқдори 100,5 фоиз таъмин карда шуд.
Дар ин давра ба буҷет ба ҷои 1088,0 миллион сомонии нақшаи пешбинишуда 1093,0 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 5 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
-Аз якуми январ ва аз якуми июли соли равон маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия зиёд гардиданд. Дар ин самт чӣ тадбирҳоро амалӣ намудед?
-Мавриди зикр аст, ки бо Фармони навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 январи соли 2024 №671 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”, музди маоши ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз 1 январ ва аз 1 июли соли 2024 зиёд гардид.Фармони мазкур дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақаи пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.
Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ, ҷиҳати амалисозии фармони мазкур барои зиёдшавии фонди музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамагӣ ба маблағӣ 488,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти музди маош 393,7 миллион сомонӣ ва фонди нафақа 95,2 миллион сомонӣ зарур аст.
Барои пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ вобаста ба воридоти маблағҳои даромад дар давраи ҳисоботӣ, 1348,2 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 83,8 фоизи хароҷоти пешбинишударо дар бар мегирад.Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин росто дар самти иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ якҷоя бо сохторҳои дахлдор корро зич ба роҳ монда, кӯшиш мекунем қадре ҳам бошад ҳиссаи маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои зиёдшавии музди меҳнати кормандони буҷетӣ ба шаҳру ноҳияҳо ҷудо мегардад, кам намоем ва ҷуброни онро аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монем.
-Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ, мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, вазифадор гардидаанд, ки аз 1 апрели соли 2024-ум тамоми корманадони худро ба муҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, ангилисӣ ё забонҳои дигар фаро гиранд. Шумо дар ин самт чӣ тадбир андешидед?
-Дар Раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба масъалаи кадрҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Кормандони кордону соҳибтахассус бештар аз ҳисоби ҷавонон дар зинаҳои гуногун ба кор даъват мешаванд ва минбаъд низ ҷавонони боистеъдоду донандаи забонҳои хориҷӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Роҳбарияти Сарраёсат ва Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри иҷрои Фармони Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро руйи кор гирифта, марҳила ба марҳила кормандони Саррарёсат ва раёсатҳоро ба забономӯзӣ фаро гирифта истодааст.
Инчунин дар Сарраёсат “Маркази бозомӯзӣ” бо фароҳам овардани шароити муносиби омӯзиш ташкил карда шудааст, ки мутахассисон доимӣ аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.
-Дар самти вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ чӣ иқдомҳоро амалӣ намудед?
-Дар доираи корҳои ободонӣ, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишварбаҳри беҳтар гардидани шароити кории кормандони соҳа тадбирҳои зарурӣроҳандозӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Левакант бинои нави Раёсати молия бо тамоми лавозомоти корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, сохтмони бинои Раёсати молия дар ноҳияҳои Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ идома дошта, дар ноҳияҳои Балҷувону Вахш корҳои лоиҳакашии биноҳои Раёсатҳои молия идома доранд.
Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давалтии кишвар роҳбарият ва кормандони Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд ва ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.
-Ташаккур барои суҳбат.
-Саломату сарбаланд бошед.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд