Бойгонӣ

Хатича Ализода: Меросбари насли саодатрасидаем

Бо ҳама шинохту огоҳӣ аз ҳаёту фаъолияти пурсамари як тан аз собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, Шаҳрванди ифтихории шаҳри Бохтар Хатича Ализода, ки давоми беш аз ду даҳсолаи охир бо ному пайкори ибратомӯзаш дар сархати хабарҳои расонаӣ қарор дошт, боз ҳам соате дар меҳмонии хонадони онҳо аз ҳунарҳои асилу ҷаҳони дигари ин модари маърифатпарвар ошноӣ пайдо кардам.Сарварзани сахтгиру масъулиятшиносе, ки дар баҳсу баррасиҳои мавзуъҳои вобаста ба фаъолияти касбиаш таъсирнопазир буд, аммо дар ҳаёти маъмулӣ зан-модарест орому ботамкин,дар шунидани розу ниёзи мусоҳибон ба сони қуллаҳои баланд собиру ғарқи сукут ва нигоҳи пурмеҳраш монои уқоби чашминтизорест дар роҳи бозгашти ҷигарбандонаш аз арсаҳои рӯзгор.
Хатича Ализода аз шумораи шахсиятҳои ангуштшуморест, ки барои хизматҳои мондагораш дар марҳилаи рушду эҳё ва бунёдгузории ҷомеаи соҳибистиқлоламон ба унвонҳои гуногун ва   ифтихорномаву нишонҳои фахрӣ сарфароз гардидааст. Ҳаёту фаъолияти бонуи фарҳангпарвар, модари ҳунарманду идеологи асилро мешавад, ба якчанд давраҳои муҳиму пуртазод раддабандӣ кард, ки дар маҷмуъ достони дилнишинеро мемонад, таҷассумгари кору пайкори як шахсияти рушанфикру ватандӯст.
Зодаи шаҳри бостонии Кӯлоб, андар хонадоне ба воя расидааст, ки падар хизматчии давлатӣ буду овони ба дунё омадани Хатича раиси Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлобро бар зимма дошт. Модараш хонашин бошад ҳам  ба унвони чеҳраҳои донишманду фарҳангдӯсти ин шаҳри бостонӣ миёни ҳамдеҳагон обрӯманд ва дар баррасии масоили ҷамъиятӣ маҳаллаи зисташон аз нафарони таъсиргузор ба ҳисоб мерафт.
-Овони хурдсолиам аҳли оилаи мо аз шаҳри Кӯлоб ба рустои Ғелоти ноҳияи Восеъ кӯчидаанд. Падарам саргарми фаъолияти хизматӣ бошад ҳам барои таълиму тарбияи мо фарзандонаш вақт ҷудо мекард. Модари ҳамакораамон бошад, дар баробари тарбияи хуби ахлоқӣ, таваҷҷуҳи моро ба ҳунаромӯзӣ ҷалб мекарданд,- гузаштаро ба ёд меорад Хатича. 
Баъди хатми таҳсилоти миёна Хатича дар қатори ду нафар духтарони деҳа аз нахустин ҷавондухтарони деҳотӣ буд, ки таҳсилро дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб идома дод. Овони донишҷӯӣ дар баробари таҳсили хубу одоби намунавӣ ӯ дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзид ва дар ҳайати Театри халқии шаҳри Кӯлоб шомил буд. Маҳз дар ин давра, ба ӯ муяссар гардид, ки дар ҳайати Театри халқии шаҳри Кӯлоб ду маротиба ба шаҳри Москав сафари ҳунарӣ анҷом диҳад.
Ҳамин сон, Хатича омӯзишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм карда, тариқи роҳхат ба хоҷагии боғутокпарварии имрӯза Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ фиристода шуд. Дар ин миён Театри халқии шаҳри Кӯлоб ба Театри касбӣ табдил дода шуд ва ба инобати маҳорату истеъдоди фитрӣ Хатичаро ба ин боргоҳи ҳунар ба кор даъват мекунанд.
-Дар марҳилаи аввал яке аз вазифаҳои муҳими мо ҷалби таваҷҷуҳи духтарон барои кор дар ин Театр ва дигар бахшҳои соҳаи фарҳанг буд, ки дар он замон бонувон аз ин ҷодаҳо канораҷӯӣ мекарданд,- ба ёд меорад Хатича Ализода. –Зарурат ба кадрҳои ҷинси зан дар соҳаи фарҳангу маънавиёт буд, ки дар синни 17- солагӣ маро ба манзили истиқоматӣ таъмин карданд, то ин ки падару модарамро ҳам аз деҳа ба шаҳр оварда, худ барои идомаи фаъолият  дар соҳаи театр бимонам. 
Баъди шаш моҳи фаъолият дар Театрикасбии шаҳри Кӯлоб барои идомаи фаъолияти ҳамширагӣ дубора ба ноҳияи Восеъ баргашта, ду соли дигар дар беморхонаи деҳаи Кадучӣ фаъолият менамояд. Соли 1970 ба ҷавоне аз шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯза Бохтар оила барпо намуд. Тавре худ қисса мекунад, сарулибос ва дигар ҷиҳози арӯсии ӯро дастранҷҳои ҳунарии ба умеди ҳамин рӯз омоданамудаи модараш ташкил медод. 
-Вақте дар саҳни ҳавлии хонаи домод аз мошин берун шудам, ҳамсояву меҳмонони  тӯйхона арӯси бо сарулибоси чакан ва ҷавоҳироти арӯсӣ оро ёфтаро дида, иброз доштанд, ки келинро аз осорхона оварда бошанд. Баъдан дар ҷашни арӯсӣ ба бар кардани сарулибоси чакан барои навхонадорон ба ҳукми анъана даромад ва хушбахтона,баъзе сокинони шаҳри Бохтар то имрӯз ин расму русуми миллиро идома медиҳанд, - мегӯяд Хатича Ализода. -Ҳамин тавр, зиндагии мустақилона дар ин шаҳри дилнишин оғоз гардид ва баъди андак муддате ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар Беморхонаи вилоятии имрӯза ба номи Бурӣ Воҳидов ба кор даромадам.
Дар он солҳо ҳамсарам дар Хонаи маданияти шаҳр ба симати роҳбари бадеӣ фаъолият дошт. Дар ин миён ҳунару истеъдодамро дар ҷодаи санъат шунида, маро ба кор даъват бинмуданд ва дар қадами аввал бояд бо таъсиси Ансамбли рақсии духтаронаи собиқ вилояти Қӯрғонтеппаро дар маросиму чорабиниҳои марказии кишварамон муаррифӣ мекардем.
Нахустин шуда “Рақси қошуқ”-ро ба саҳна гузоштем.Ҳамон замон аз Вазорати маданияти кишвар дастур мешавад, ки аз ҳар як вилоят як суетаи рақсӣ омода карда шуда, дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад. Чун ҳайати ҳакамон аз Москав истода ҳунарнамоиҳои ансамблу гурӯҳҳои ҳаваскоронро баҳогузорӣ мекарданд, дар аввал баъзе масъулони озмун дар шаҳри Душанбе синну соли ҷавону унвон надоштанамро сабаб пеш оварда, намехостанд, ки суетаи рақсии гурӯҳи моро ба намоиш гузоранд. Охиран, баъди пофишориҳо ва дастгирии ҳунармандони асил гурӯҳи мо ҳам ба саҳна баромад. Лаҳзае, ки натиҷаи озмун садо дод, ҳама шокӣ шуда буду хурсандии мо ҳадду канор надошт- “Рақси фолклорӣ-этнографии ҳаваскорони шаҳри Қӯрғонтеппа сазовори ҷойи аввал дониста шуд”. 
Ҳамин тавр, давоми солиёни зиёд мо бо “Рақси қошуқ” аз озмуну симпозиум ва чорабиниҳои бошукӯҳи собиқ шуравӣ  то дар Қасри Кремл ва Олимпиадаи 80-ум  иштирок варзида будем. Илова бар ин, ҳамроҳи ансамбли оилавиамон, ки “Бахт” ном дошт, дар чандин Фестивал-озмунҳои ансамблҳои оилавии собиқ Шуравӣ дар шаҳрҳои Россия ва кишварҳои гуногун сафарҳои ҳунарӣ анҷом медодем. 
Соли 1982 Хатича Ализода мудири шуъбаи маданияти шаҳри Қӯрғонтеппа таъйин гардида, то соли 1986 дар ин ҷода ба дастовардҳои бузуг ноил гардидааст. Хатича Ализодаро тариқи гузариш ба вазифаи мудири шуъбаи САҲШ таъйин намуданд. Бадин минвол, тули солҳои 1986-2005 ӯ дар ин вазифа фаъолият бинмуда, пас он, аз соли 2007 вазифаи мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимро ба уҳда дошт. 
Барои хизматҳои бисёрсолаи арзандааш дар арсаҳои гуногуни ҷамъиятӣ солҳои 1977 бо Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон, соли 1991 медали Собиқадори меҳнат, дар соли 1998  унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2008 бо унвонҳои  Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳрванди ифтихории шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шудаст. 
Пас аз ба нафақаи синнусолӣ баромадан, як муддат ҳамчун дизайнер-ороишгари шаҳри Бохтар ва баъдан мудирияти китобхона ва осорхонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро ба уҳда гирифта, то соли 2018 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Айни замон бознишаста аст.
-Даврони бознишастагӣ дар гӯшаи хона сукут варзидану ба гуфте куфти бедорхобиҳои даврони гузаштаро гирифтан нест, балки беҳтаринмарҳилаи умри инсон аст, ки метавон аз собиқаи кору фаъолияти касбӣ ва маҳорату ҳунарҳои дар масири зиндагӣазбаркардаи худ дар тарбия ва такмили касбияту ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон, саҳми худро гузошт,-иброз медорад собиқадори хизмати давлатӣ. 
-Мо, меҳтарони касбу кори гуногун бо ҳиссагузорӣ аз пайроҳаи тайнамудаи хеш дар тарбияи маънавию мафкурасозии  насли ҷавон саҳми худро мегузорем.
Ба андешаи Хатича Ализода дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар ироагардида ва иҷрои вазифаҳое, ки зимни суханронии Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони  ҷомеа ва ходимони дини кишвар дарҷ гардидаанд, дастурамали муҳиме барои хизматчиёи давлатӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки азму иродаи саҳмгузорӣ дар рушду ободонии Тоҷикистон азизро доранд. 
-Дар ин росто,тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, риояи қонунҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои ҷонии кормадону маъмурони соҳаи идеология аст. Бубинед, ки агар замоне нафарони ангуштшумор ба хотири ҳифзи арзишҳо ва фарҳанги миллӣҷидду ҷаҳд карда бошанд, имрӯз мавзуи эҳёи расму анъанаҳо, ҳимояву арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллату давлатдории соҳибистиқлол дар меҳвари сиёсати давлатдории роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Бинобар ин, мо хушбахттарин насли миллати хеш  мебошем,ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар масири расидан ба орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгони хеш гомҳои устувор гузошта истодаем,-иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Хатича Ализода.

Юсуфи Собир



Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019