Бойгонӣ

ДАР КАДОМ ҲОЛАТ ЗАНҲО АЛИМЕНТ МЕСУПОРАНД?

Тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъминоти фарзандон, падару модар ҳарду вазифадоранд. Дар сурати пошхӯрдани оила, тарафе барои рӯёнидани алимент ҳақ дорад, ки фарзандони ноболиғ, дар тарбияи ӯ қарор дорад. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки имрӯзҳо новобаста аз мавриди амал қарор доштани Кодекси мазкур, падарҳое низ ҳастанд, ки кӯдаконро ба тарбияи хеш гирифта, ба ҳамсарони худ алимент месупоранд. Дар мисоли қаҳрамони матлаби худ, мо мехоҳем перомуни ин мавзӯъ равшани андозем. 
- Қисмат ки талх шуд, хушбахтию шодиҳо аз рӯзгори мо гум ва оилаи сарҷамъамон пароканда гашт, - бо сари хам ва чеҳраи ғамгин, рӯзҳои гузаштаро ёд оварда нақл мекунад Орзу (Орзу номи шартие, ки мо бо хоҳиши қаҳрамони худ, ба ӯ гузоштем).  – 3 фарзанд, ду писар ва як духтари гул дорем. Замоне аз ҳам бо ҳамсарам ҷудо гаштем, ки фарзандон аллакай бо ақлу мактабхон буданд. Чун қонунгузорӣ барои занҳо афзалият додааст, то синни 13 сола, фарзандон дар тарбияи зан гузошта шавад, пас аз ҷудоӣ, ду фарзанди мо ҳам бо ҳамсарам монд. Писари калонам, ки бо хоҳару додар одат карда буд, роҳи дигаре надошт ба ҷузъ интихоби бо модар зистанро. 
Ҳаминтариқ пас аз пошхурдани оила, Орзу танҳо монд. Даву тоз ва қаҳ-қаҳи хандаи кӯдакон дигар дар хонаи ӯ дида намешуд. Чун дури аз фарзандон барои ӯ сахт буд, барои маскун кардани ҳамсар розӣ шуд. Вале ин ҳам ба нафъи кор нашуд. Ҳамсар 1 рӯз хонаю 2 моҳи дигар иҷоранишин дар дигар шаҳр буд. 
- Чанд моҳ пас аз ҷудоӣ, ҳамсарам ба Суд муроҷиат карду аз ман алимент талаб намуд, - мегӯяд Орзу. - Тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ман барои супоридани алимент баҳри таъмини фарзандон вазифадор шудам. Чун ба мусофиркашонӣ машғул будам, дигар илоҷ наёфта, муҳоҷиратро пеш гирифтам то тавонам ҳам сари вақт алименти кӯдаконро супорам ва ҳам пул ҷамъ карда, зиндагии навро оғоз бахшам. 
Ба гуфтаи Орзу як моҳ баъд аз ӯ, ҳамсар низ фарзандонро ба хонаи онҳо бурда мегузораду худаш ба Русия барои кор меравад. Дар натиҷа, тарбияи фарзандон ба души модари Орзу ва таъминоти онҳо, ба зиммаи вай вогузор мегардад. 
Орзу бехабар аз қонунгузорӣ, фарзандон дар тарбияю таъминоти ман қарор доранд гӯён, аз супоридани алимент худдорӣ мекунад. 
- Ман аз куҷо донам, ки қисмат ба мо нақшаҳои худро кашида, - зикр мекунад қаҳрамони матлаби мо. – Наздик ба 7 моҳ алимент насупоридам. Пас аз мудате ба Ватан назди фарзандон бар гаштам. Модари кӯдакон  низ ҳафтае баъд аз ман Тоҷикистон омадаю манро барои иҷро накардани уҳдадориҳо ё худ саркаши кардан аз супоридани алимент ба Суд дод. 
Ҳарчанд ба раисикунандаи Суд даъво кардам, ки ин ҳама моҳ фарзандон дар тарбияи модари ӯ ва таъминоти онҳо ба души вай бор буд, аммо инро ба инобат нагирифта, ӯро барои ҷуброни ҳама моҳҳои насупоридаи алимент вазифадор карданд. 
Аудио – садои Иброҳимзода Хуршед Исмоил, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон, перомуни чунин ҳолатҳо 
- 4 моҳ зиёд мешавад модари кӯдакон ба муҳоҷират рафтаасту фарзандон дар тарбияю таъминоти ман қарор доранд, - мегӯяд Орзу. – Аммо чун ҳарвақта, ба корди модари кӯдакон алиментро пардохт мекунам то мисли ҳолати қаблӣ, ба худ мушкилот эҷод накунам. 
Ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ҳам ҳақ доранд дар сурати ба тарбияи худ гирифтани фарзандон аз модари кӯдакон алимент талаб кунанд, на ин ки алимент супоранд. Зеро тибқи талабот, алимент барои кӯдакон супорида мешавад, на падар ва на модар. 
Видеоии Фарҳод Тоҳиров, ҳуқуқшинос оид ба ин мавзӯъ. 
Шодмон исми мустаори қаҳрамони дигари мо аз вилояти Хатлон аст, ки барои писари худ, ки дар тарбияи ӯ қарор дорад, аз ҳамсар алимент талаб кард ва Суд модари кӯдаконро барои супоридани алимент вазифадор намуд. 
- Беш аз 10 сол бо зани худ якҷо зиндагӣ карда, соҳиби 4 фарзанд гаштем, аммо дар ниҳояти кор, соли 2019 оилаи мо пароканда гашту мо аз ҳам ҷудо шудем,- қисса мекунад Шодмон. – Ҳамсарам, ки 3 фарзанди хурдиро ба тарбияи худ гирифта буд, барои ситонидани алимент ба Суд муроҷиат карду манро барои таъминоти кӯдакон, тибқи қонунгузорӣ вазифадор карданд.
Ба нақли Шодмон, вақте ки аз кор озод шуд, супоридани алимент, таъмини бори рӯзгор ба ӯ мушкил шуд. Дар ин вақт, рафиқи ҳуқуқшиносаш ба ӯ роҳҳи талаб кардани алимент аз ҳамсарашро барои таъмини писари 16 солааш, ки дар тарбияи ӯ қарор дошт, нишон дод. Ҳамин тариқ ӯ пас аз чанд сол ба Суд, барои аз ҳамсари қаблиаш руёнидани алимент муроҷиат кард. Дар натиҷа, Суд ба ҳарду тараф гӯш дода, қарор қабул карду ҳамсари ӯ, ба фарзандаш дар ҳаҷми 100 сомонӣ, ҳар моҳ  алимент пардох мекард.
- Соле қабл писарам 18-ро пур кард, аз ин рӯ супоридани алименти ҳамсарам қатъ гашт,-зикр кард ӯ. – Ҳоло бошад, ман ба 3 фарзанди дигарам, ки дар тарбияи ҳамсарам қарор дорад, алимент месупорам. 
Ба идаои ҳуқуқшинос Фарҳод Тоҳиров дар аксар маврид ҷомеаи суннатии мо мардонро иҷоза намедиҳад то аз ҳамсарони қаблии худ барои фарзандон алимент талаб намоянд. Зеро, дар мо, одатан мард, ҳамчун таъминкунандаи бори рӯзгор ба ҳисоб мераванд ва пас аз пош хурдани оила, онҳо фикр мекунанд барои таъминоти фарзандон, танҳо онҳо вазифадоранд. 
- Чанде қабл, нафаре аз ноҳияи Кӯшониёни вилоят бароям муроҷиат кард то кумак кунам дар доираи қонун супоридани алиментро ба ҳамсараш муваққатан қатъ намоем,- мегӯяд Ф. Тоҳиров, ҳуқуқшинос. - Зеро фарзандаш, ки ӯ то ин замон барои вай алимент пардохт мекард, дар ҳоли ҳозир, ба тарбияи ӯ гузошта шудаасту модари фарзандаш ба муҳоҷират рафтааст. 
Интервюи видеоии Фарҳод Тоҳиров, ҳуқуқшинос оид ба ин мавзӯъ
Иброҳимзода Хуршед Исмоил, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон перомуни ҳолатҳои супоридани алимент аз суйи занҳо.
Ба идаои Иброҳимзода Хуршед Исмоил, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон, то имрӯз 7 ҳолате ба қайд гирифта шудааст, ки аз тарафи занҳо алимент ситонида мешавад. Яъне дар 7 ҳолати зикр шуда, кӯдакон дар тарбияи падар қарор доранду мувофиқи Кодекси оилаи ҶТ, бо муроҷиат кардани тарафи муқобил занҳо барои супоридани алимет муваззаф гаштаанд. 
Тибқи талаботи моддаи 80 қисми 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. 
Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад. (қисми 3-и моддаи 80)

Низоми ИСО


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019