Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Сайёра Маҳмадова: Биё созем ба кирдори ватандӯстӣ!
Сайёра Маҳмадова аз зумраи нафаронест, ки овони аз кӯдакистон ба синфи аввал гузаштанаш ба замони пошхӯрии собиқ Иттиҳоди шуравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост омада буд. Таҳкурсии забондонии ӯву ҳамсолонаш аз кӯдакистон оғоз ёфта, дар рушди зеҳниву инкишофи нутқ ва дигар истеъдодҳои ин насл муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Бохтар нақши муассир доштанд. Бо дарки ин бартариҳо ӯ нақши муассисаҳои таҳсилоти томактабиро дар тарбияи насли ояндаи кишвар муҳим арзёбӣ медорад.
-Кӯдакистони “Афсона” монои афсонаҳои ширини овони кӯдакӣ дар ёду хотираҳои ман абадӣ нақш бастааст. Дар гурӯҳи русӣ тарбия гирифта, малакаи забондониам аз ҳамин кӯдакистон оғоз ёфтааст. Воқеан, кӯдакистонҳо бо низоми махсуси тарбия ва реҷаи муайяни машғулиятҳои барои тарбиятгирандагон нигаронидашуда нисбат ба тарбияи тифлон дар муҳити оила бартариҳои зиёд дорад. Аз ҷумла, боғчаи кӯдаконаи “Афсона”-и шаҳри Бохтар дар ташаккули дунёи кӯдакиам нақши муҳим гузошта, боқӣ ҳама пешрафту дастовардҳои донишандӯзиам аз тарбия дар ин ошёни меҳр маншаъ мегирад,- мегӯяд Сайёра Маҳмадова.
Соли ба синфи якуми МТМУ №10 шаҳри Бохтар рафтанаш ба ҳодисаҳои шаҳрвандӣ рост омад, ки як муддат мардум ба минтақаҳои гуногун ҳиҷрат карда, иддае аз тарси силоҳдорон аз хонаҳои худ берун намебаромаданд. Мурури вақт бо саъю талошҳои фарзандони фарзонаи миллат вазъият рӯ ба эътидол омаду наврасону ҷавонон дубора таҳсилро идома бахшиданд. Аммо аз он ба баъд, дигар муҳиту вазъи таълим ба кулли фарқ мекард ва норасоии китобу омӯзгорон аз мушкили асосии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳисоб мерафт.
Ин буд, ки падараш ӯро барои идомаи таҳсил ба Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар бурд, ки таҳсил дар ин муассисаи таълимӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, омӯзгорон ниҳоят сахтгир буданд. Дар баробари сифати таълим ҳамзамон машғулиятҳои берун аз синфӣ ва маҳфилу кружокҳои ҳунарӣ дар ташаккули маҳорату малакаи наврасон мусоидат мекард. Зодмандони донишмандаш ҳама ҳастии худро ба илму ҳунаромӯзии фарзандон бахшида буданд. Сайёра дар баробари таҳсилоти хубу аъло дар маҳфилҳои омӯзиши забони англисӣ, маҳорати кор дар компютер, ҳунарҳои дӯзандагиву рассомӣ, курсҳои кутоҳмуддати ҳуқуқӣ, экологони патрули сабз ва озмуну олимпиадаҳои мактабӣ фаъолона ширкат меварзид. Узви волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, яке аз иштирокчиёни фаъоли озмуни машҳури телевизионии “Маҳфили зарифон” ва дигар мусобиқаву сабқатҳои миёни ҷавонон буд.
Аз овони мактабхонӣ орзуи ҳуқуқшинос шудан дошт ва аз таъкидҳои падар, ки роҳи интихобкардааш душвору серталаб аст, неруи тоза гирифта, бо ҳама ҳастӣ ҷидду ҷаҳд мекард, то донишу маҳорати худро сайқал бахшида, донишҷӯи факултети ҳуқшиносӣ бошад.
-Рӯзе ба Литсейи давлатии № 1-и шаҳри Бохтар журналистони номвар Умар Камол ва Сурайё Самиева ташриф оварда, зимни суҳбат бо толибилмон изҳор доштанд, ки бо мақсади дарёфти наврасони лаёқатманд дар таҳияи барномаҳои телевизионӣ озмуни маҳорати суханварӣ роҳандозӣ мегардад. Баъди иштирок дар “Кастинг” маро ба ҳайси баррандаи барномаи “Хоби ширин хурдтаракон” ба ҳамкорӣ даъват намуданд,- ба ёд меорад Сайёра Маҳмадова. – Баъди чанд соли такмили маҳорат ба ҳайси ровӣ ва муаллифии барномаҳои гуногун пас он, бо пешниҳоди Орзу Исоев як муддат дар Идораи телевизиони ва радиои вилояти Хатлон кор кардам. Аммо дубора ба Телевизиони мустақили Қӯрғонтеппа баргаштам, чаро ки ин боргоҳи маънавӣ мисли хонаи падарӣ ва мактаби бузурги илму касбомӯзӣ бароям азиз буд.
Баъди хатми литсей дар соли 2001 бинобар шароитҳои оилавӣ натавонист барои дохил шудан ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ довталабӣ намояд, биноан, ҳуҷҷатҳояшро ба ДДБ ба номи Носири Хусрав супорида, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ, ихтисоси ҳуқуқшинос- омӯзгор гардид. Давоми солҳои донишҷӯӣ ҳам илова бар фаъолияти рӯзоманигорӣ дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок мекард.
Соли 2006 донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда, баъди издивоҷ аз соли 2007 фаъолияти худро дар ҶСШК “Тоҷиктелеком”-и ноҳияи Восеъ идома медиҳад. Сипас, як муддат омӯзгори Гимназияи давлатии №1- и ноҳия ва аз соли 2012 ба ҳайси ҳуқуқшиоси Ташкилоти ҷамъиятии ИНИС дар шаҳри Бохтар ба фаъолият пардохт. Новобаста ба шебу фарози зиндагӣ, шукргузорӣ мекард, ки мурури вақт орзуву ормонҳои наврасиаш амалӣ шуда истодааст. Соли 2017 фаъолияти худро дар Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон идома бахшида, пас он, аз соли 2020 вазифаи ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии “Дилафрӯз”-и вилояти Хатлонро бар зимма дорад.
-Самти асосии кори ҳуқуқшинос дар ТҶ “Дилафрӯз” ин расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, оилаҳои осебпазири муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода бо даҳҳо занону духтароне, ки дучори хушунати хонаводагӣ гардидаанд, кумакҳои ҳуқуқӣ мерасонам. Хушбахтона, бо ташаббуси сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, дар назди Раёсати мазкур ҳуҷраи ҳуқуқӣ кушодаем, ки ба ҷавонон, аз ҷумла, оилаҳои ҷавону осебпазир низ машваратҳои ҳуқуқӣ мерасонем,- иброз медорад Сайёра. - Инсон бояд ҳамеша дар талошу эҷод ва навовариву ҳам омӯзишҳо ба хотири рушди касбиву сайқали донишҳои хеш бошад. Ба ин хотир, чун дигар бонувони парвардаи Истиқлоли кишварамон пайваста дар омӯзиш қарор дошта, айни замон шунавандаи курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” мебошам, ки бо иқдоми Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда истодааст.
Ба гуфтаи ӯ барои рушду пешрафтҳои ҷавонон беҳтарин шароиту имкониятҳо дар ҳамин солу замон фароҳам оварда шудааст. Солҳои 2000-ум дар маркази маъмурии вилояти Хатлон як маракази омӯзиши компютер дар назди Ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор” ва як маркази омӯзиши дар бинои Иттифоқи касабаи вилоят фаъолият дошт. Имрӯз бошад, ҳар сари ҳар қадам марказҳои омӯзишии компютер, забонҳои гуногуни хориҷӣ ва курсҳои касбу ҳунаромӯзӣ амал мекунанд.
- Дар он давра барои навиштани як реферат ё кори мустақилонаи адабӣ ҳафтаҳоро дар китобхонаҳо пайи дарёфти мавзуъҳо сипарӣ менамудем. Ҳолиё ин корҳоро аз телефонҳои дастӣ ҳам анҷом дода мешавад. Дар мавриди тарбияи ҷавонон бошад, зарфияти насли 20-30 сол пеш дар он буд, ки падару модарон ҳар рӯз ҷавононро панду насиҳате мегуфтанду раванди илму донишандузии фарзандонро ҷиддӣ назорат мекарданд. Ҳамакнун, бо васияти зодмандони худобиомӯрзам урфу анъанаҳои хонаводагиро барои фарзандони худам мерос гузоштаниам. Кӯшиш менамоям, ки шомгоҳон соате бо писару духтарчаам атрофи ину он мавзуъҳои рӯзмарраашон суҳбат намуда, бо панду роҳнамоиҳо онҳоро дар руҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ ва эҳтироми якдигару ҳам арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ тарбия бинмоям. Мо, дастпарварони даврони Истиқлолро мебояд, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳу дастгириҳои пайваста ва эътимоди бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боист илму ҳунарҳои замони муосирро аз бар карда, дар рушду ояндасозиҳои кишвари азизамон саҳми пешоҳангӣ дошта бошем. Дар масири ифтихори худсозиву ватансозӣ муҳаббату садоқати хешро ба халқу меҳан бо амал собит намоем,- изҳор дошт дар фарҷоми суҳбат Сайёра Маҳмадова.
Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД