Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Тарғибгари анъанаҳои миллӣ
Зани рустаборе дар ноҳияи Қубодиён бо урфу одати тоҷикона умр ба сар бурда, фарҳангу маданияти мардуми тоҷикро тарғиб мекунаду ҳунари аҷдодии тоҷиконро зинда нигоҳ медорад. Ӯ ҳунари қуродӯзиро аз хушдоманаш мерос гирифта, ҳамакнун, фарзандону ёру ҳамсоягонро ҳам соҳибҳунар гардонидааст.
Раиса Соловёва 47 сол қабл дар синни 19- солагӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон омадааст. Ҳунари қуроқдӯзӣ ва гулдӯзиро аз хушдоманаш омӯхта, мурури вақт дар ин ҷода соҳибҳунар гардид.
Дар нахустин дидор ӯро аз дигар бонувони маҳаллӣ фарқ карда намешавад, ки рустабор асту ҳунарҳои миллии тоҷикиро аз бар намудааст. Чун гузори вақт меҳру муҳаббати тоҷикона дар қалбаш маъво гирифтааст, ки акнун бо риояи урфу одат ва сарулибоспӯшии тоҷикона ва муошират бо забони ноби тоҷикӣ гӯё бонуи зодаву тарбия гирифтаи як хонадони суннатии Тоҷикистон аст.
- Замоне ки ба ноҳияи Қубодиён омадам, шароити деҳа чандон хуб набуд,-қисса мекунад Раиса Соловёва. – Кори деҳқонию чорводорӣ, шуғли асосии хонаводаи шавҳарам ба ҳисоб мерафт. Барои ман ҳамчун духтари рустаборе, бехабар аз ҳама урфу одатҳо дар аввал хеле душвор буд, ба зиндагии деҳот ва мардуми тоҷик унс гирифтан. Аммо муҳаббати самимиву садоқату вафодории бузурги ҳамсар маро водор намуд, то тамоми пастию баландии зиндагиро пушти сар кунам.
Ба гуфти ин зани ҳунарманд ӯ борҳо қасди ба назди падару модар ва хешу ақрабо баргаштан кардааст, аммо гузашти вақт, тавлиди фарзандон, аз худ кардани урфу одати тоҷикон, муҳаббати ӯро ба диёри хушбоду ҳавои Тоҷикистон бештар менамояд. Ҳаминтавр ӯ ҳам пухтупази таомҳои миллии мардуми тоҷик ва умуман ҳунари қадимаи қуроқдӯзиро аз худ кард.
Имтиҳону сабру пирӯзии муҳаббат
Падар ва модари Раиса Соловёва аслан зодагони шаҳри Свердлови Федератсияи Россия буда, соли 1951 ба Қазоқистон омадаанд. Чун падараш мутахассиси соҳаи сохтмон буд, Раиса ҳам бо бузург шудан ба кори сохтмонӣ пардохт.
- Мо бо шавҳарам, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар Қазоқистон бинокорӣ мекард, шинос шуда, ошиқи ҳам шудем,-нақл мекунад Раиса Соловёва. – Волидони ман барои якҷо шудани мо зид буданд, аммо чун мо бидуни ҳам зиндагии якдигарро тасаввур намекардем, ба зид баромадани онҳо нигоҳ накарда, соли 1977 ба Тоҷикистон омадем.
- Дунёи ҷавонии мо пур аз муҳаббату хати тақдир ва қисмат талху сахт будааст, ки дар Тоҷикистон ҳам аз якҷо будани мо на ҳама хуб истиқбол гирифтанд. Волидони шавҳарам низ зид буданд, то мо бо ҳам бошем. Аз гапи ҳамсоягон ҳарос доштанду аз зани рус овардани писари худ шарм мекарданд. Аммо чунон, ки тоҷикон мегӯянд, “меваи сабр ширин аст”. Мо таҳаммулу сабрро пеша карда, хушбахт шудем.
Тарғибгари ҳунарҳои миллӣ
Ин бонуи ҳунарманд имрӯз Тоҷикистонро барои худ Ватани интихоб кардаву ҳунарҳои миллии тоҷикиро рушду равнақ мебахшад. Бо соҳибҳунар гардонидани фарзандон, ҳамакнун шогирд гирифтаю занҳои деҳа ва гулдухтаронро ба омӯхтани ҳунари қуроқдӯзӣ ҷалб месозад.
Гарчанде ки холаи Раиса ҳунари қуроқдӯзиро солҳои пешин аз хушдоманаш омӯхта бошад ҳам, аммо танҳо дар соли 2018 ин ҳунарро шуғли асосии худ интихоб кард. Зеро дар он даврасарбориҳои оиладорӣ, тарбияи фарзандон ва кори саҳро даст намедод, ки ба рушди ин ҳунарҳо пардозад. Чун замоне, ки худ соҳиби келин гардид, фурсати бештар барои рушди ин ҳунарҳоро пайдо кард. Ҳаминак, ҳоло бештари вақти худро маҳз ба дӯхтани қуроқ ва гулдӯзӣ сарф мекунад.
Ин бонуи ҳунарманд борҳо аз тарафи мақомоти маҳалӣбо диплом ва сипоснома қадрдонӣ гашта, дар чорабиниҳои сатҳи ноҳияву вилоят ширкат варзидаву боре назди Сарвари давлат ҳам баромад кардааст. Барои рушду равнақ бахшидани фаъолияти ҳунармандии худ ва омӯзонидани насли наврас соҳиби Гранти раиси вилояти Хатлон гардид.
-Хоҳарону пайвандонам дар ҳайрат монданд вақте ки маро бо мошинаи дарздӯзӣ маншғули дӯхтани матоъпораҳо ё худ қуроқ диданд,-мегӯяд Раиса Соловёва. - Зеро замоне ман дар Қазоқистон барои аз худ кардани ҳунари қолинбофӣ талош карда будам, аммо талошам бе натиҷа монду бофтани қолинро аз худ накардам. Чун бошавҳар ба Тоҷикистон омадам, шавқам нисбати ин ҳунар зиёд гашту бо кумаки хушдоманамтамоми урфу одати тоҷиконро аз худ кардам.
Раиса имрӯз дар баробари дӯхтани кӯрпачаву болиштҳои қуроқӣ, куртаҳои чакан, чодарӣ, кашидадӯзиву гулдӯзӣ, ҳамчунин, дар танӯр нон мепазад ва бо омода кардани таомҳои миллии тоҷикӣ миёни ҳамдеҳагон муаррифӣ шудааст.
Ӯ солҳои охир назди худ мақсад гузоштааст, ки тарҳ ё дизайнери тоҷикиро бо мудҳои қазоқӣ омехта намуда, муду тарҳҳои замонавиеро эҷод карда, пешкаши занону духтарони ноҳияи Қубодиён гардонад. Имрӯзҳо тарҳҳои зебои офаридааш талабгорони худро дошта, дар баробари харидорони зиёдимаҳсули ҳунараш бонувону ҷавондухтарони деҳоти атроф бо мақсади фармоишҳои гуногуни арӯсиву дӯхти либос ба суроғаш меоянд.
Н. Шамсиддин, ноҳияи Қубодиён
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД 16:53
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН



