Бойгонӣ

Ҳунарманди мардумӣ

Давлатшо Хосиятов сокини деҳаи Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ марди ҳунар, санъаткори асил буда, беш аз 45 -соли ҳаёти хешро сарфи хизмати халқу Ватан намудааст. ӯ ҳастии худро бе суруду мусиқӣ тасаввур карда наметавонад. Бо тамоми ҳастӣ табиӣ ва самимӣ месарояд. Таронасарои Ватан, ишқу ҷавонӣ, зебоӣ ва вассофи Тоҷикистони маҳбубу соҳибистиқлол мебошад.
Аз даричаи ошноӣ ба гузаштаи ин инсони шариф, дарёдилу покгавҳар дида медӯзем. Гузаштагони ин санъаткори асил соҳибватану некандеш аз кӯҳистони Дарвоз буданд. Насими соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳистони Дарвозро ба гулистони ҳақиқӣ, як гӯшаи ободи Тоҷикистон табдил додааст. Бобои ӯ зиндаёд Хосиятшо аз Дарвоз ба ноҳияи Муъминобод омада, чанд сол муқимӣ ҳам шуд ва ном ба номи човандозии ин чобуксавор буд. Падараш Хосиятов Раҳмоншо соли 1936 аз ноҳияи Муъминобод ба водии Вахш омада, дар деҳаи Ваҳдат (пеш Миравой), ноҳияи имрӯзаи Дӯстӣ бо модари устод Хосиятова Туронгул оила бунёд карданд. Соҳиби 7 – нафар фарзанд гардиданд. Соли 1954 дар ҳамин оила чашм ба олами ҳастӣ кушод. Дабистони рақами 44 – и деҳаи Ваҳдат (ҳоло рақами 5) – ро соли 1971 хатм карданд.
- Заҳмату шабзиндадориҳои устодонам Амрисаид Бачаҷонов, Корвоншо Икромшоев, ки барои мо шогирдон мӯй сафед кардаанд, ҳаргиз аз хотир фаромӯш нахоҳам кард,- бо арзи меҳр ба устодони хеш арзи матлаб намуд Давлатшо Хосиятов.
  Солҳои 1972 – 1974 Давлатшо Хосиятов дар шаҳри Калинингради имрӯза Федератсияи Россия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ СССР хизмати Ватан – модарро содиқона адо намуд.
  Омӯзишгоҳи маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакиро) соли 1976 хатм карда, солҳои 1977 – 1980 ба сифати роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳияи Колхозобод (ҳоло ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ифои  вазифа намуд. ӯ ҳар куҷое кор кард ба касбаш содиқ ва ба ҳамкорону дӯстонаш ҳалиму меҳрубон буд.
     Устоди санъати тоҷик, ҳунарманди мардумӣ Давлатшо Хосиятов соли 1980 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси методист – ташкилотчӣ ғоибона хатм карда, роҳбарии ансамбли тарона ва рақси «Дилшод» - и хоҷагии «Пахтакор» (ҳоло хоҷагии ба номи Файзалӣ Саид) ва баъди 4 сол директори Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ шуда, фаъолияти эҷодиашро идома бахшид. Дар ноҳияи Носири Хусрав ба сифати мудири бахши фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав солҳои 2014 – 2015 ифои вазифа кард. Се сол омӯзгори Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Дӯстӣ ва имрӯз ба сифати мудири клуби сайёри назди шуъбаи фарҳанги ҳамин ноҳия фаъолияти кориашро идома бахшида истодааст.
   - Бо устоди арҷманд Давлатшо Хосиятов кор кардан мояи ифтихор мебошад, зеро ин санъаткори асил тамоми нозукиҳои мусиқӣ, матнро аз худ карда, бештар ба ғазалҳои оламшумули Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Сайидои Насафӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва бар ашъори чанд тан аз беҳтарин шоирони замони муосир оҳанг баста, ба лаҳни зебову гуворо ва хосаи худ суруди омодакардаашро манзури тамошобинон мегардонад. Дар баробари ҳунари волояш инсони заминӣ, ботамкин, дидадаро ва дорои дигар фазилатҳои неки инсонӣ мебошад,- таъкид дошт дар суҳбат мудири бахши фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ Зайниддин Давлатов.
- Воқеан, ҳам устоди гиромиқадри мо Давлатшо Хосиятов овози форами боқувват доранд. Дилхоҳ маҳфилу маъракаҳои ҷашнӣ ва тӯю хурсандиҳои мардумро бе баландгӯяк мегузаронад. Ёд дорам, дар маъракае базм мекардем, ногоҳ барқ хомӯш гардид, вале дар гӯшаи дигар устод Давлатшо Хосиятов бе баландгӯяк чунон базме орост, ки ҳама аз назди мо дар атрофи ин марди соҳибҳунар ва дорои овози қавӣ ҷамъ омаданд,- бо эътимоду боварӣ ёдовар шуд директори Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Дӯстӣ, ҳунарманди мумтоз Ориф Носиров. ӯ ба мо ҳаққи устодӣ дорад. Аз ин инсони дилогоҳ нозукиҳои санъати миллиро омӯхтем. ӯ дар асл ҳунарманди мардумӣ мебошад.
- На танҳо барои сокинони ноҳияи Дӯстӣ, балки барои санъатдӯстони вилоят Давлатшо Хосиятов барин ҳунармандони мардумӣ ҷой ва мақоми хоса доранд. Ҳар як ҷашну чорабиниҳои ноҳиявӣ бе устод намегузарад, зеро суруди ӯ фораму дилнишин аст. Мо бо Давлатшо Хосиятов ифтихор дорем ва заҳмати ӯро қадр менамоем,- бо эҳтиром ба ин санъаткори мумтоз андеша баён кард раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон Назаралӣ.
   Барои хизматҳои арзандааш дар рушди санъати тоҷик устод Давлатшо Хосиятов бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва чандин диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст. ӯ ба қадршиносии баландтар сазовор мебошад.
-Бароям эҳтиром ва қадршиносии халқи азизам мукофоти аз ҳама олӣ мебошад. Банда ҳофизи мардумиам ва барои халқам месарояму эҷод мекунам. Ин қадар қадршиносиҳое, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди санъату фарҳанги миллат намудаанд, сари мо санъаткорон ба осмон расид. Сипосгузорем аз Пешвои  миллат барои хизматҳои беназираш ба соҳаи фарҳанги Тоҷикистони маҳбуб,- бо нигоҳи ватандорӣ, эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллат ва Роҳбари давлат арзи дил намуд Давлатшо Хосиятов.
Сарояндаи маҳбуби халқ Давлатшо Хосиятов аз зиндагии 44 – сола бо зани солеҳаву накукор, кадбонуи хонадон Иқболбӣ Хосиятова соҳиби 7 – нафар фарзандони некном гардидаанд. Онҳо 20 – набераю 2 абера доранд ва аз бахти худ шукргузоранд қисматро, ки барояшон зиндагии хубу гуворо ва ҷигарбандону фарзандони ҳалиму меҳрубонро ҳадя намуд. Фарзандони ин оила аҳлу тифоқ кору пайкор дошта, Садбарг, Лола, Гулбаҳор, Дилшод, Шамшод, Рухшод ва Шодмон дар ободонӣ ва шукуфоии Ватани маҳбуб нақши арзанда доранд. Онҳо аз падари худ ифтихор доранд, ки миёни аҳли ҷомеа бо суруду таронаҳои  дилнишин шуҳратёр гардидааст.
Хонаву дари обод насиби ин оила гардидааст. Аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳар сол ҳосили хуби картошка, карам, гулкарам, пиёз ва дигар зироат ба даст оварда, дар рӯзгор сарф мекунанд. Ба қадри замини зарбахш мерасанд. Суруд бошад, ҳамрозу ҳамдам ва ҳамнафаси ин хонадони аҳлу тифоқ мебошад.
  Ба ин марди ҳунар, санъаткори мумтоз зиндагии босаодат, барори эҷод ва рӯзгори хушро таманно мекунем.

      Саидзода Шералӣ, н. Дӯстӣ                                          


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019