Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Қаламкаше аз диёри нур
Мардест шарифу наҷиб, пуркору хоксор ва аз зумраи қаламкашони сермаҳсулест, ки ҳама ҳастии худро ба коғазу қалам бахшидаву ба қавле мӯйи сарро дар ин ҷода испед намудааст. Фидоии касби хеш, масъулияти ба дӯш доштаашро содиқона иҷро намуда, беш аз чаҳор даҳсола аст, ки хомафарсоӣ мекунад. Ба матбуот ворид гаштани ў ҳавову ҳавас, шавқу шури ҷавонӣ набуда, балки завқ, донишу ҷаҳонбинии васеъ ва саъю талошаш дар ин ҷода буд.
Ҳусейн Мирзоев дар водии зархези Вахш, дар шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯза Бохтар ба дунё омадааст. Падараш барвақт аз дунё гузашта, оилаи онҳо бесарпаноҳ монд. Баъди чанде онҳо ба ноҳияи Данғара назди пайвандони модараш кӯч бастанд ва Ҳусейн таҳсилро дар Мактаб-интернати №1-и ноҳия идома дод. Нахустин матлаби шогирдонаи ӯ соли 1965 овони дар синфи панҷум таҳсил доштанаш, дар рӯзномаи ноҳиявӣ нашр гардида буд. Баъди чопи аввалин матлаб шуълае дар замираш фурӯзон гашту бо ба вуқуъ пайвастани ҳодисаҳои фараҳбахшу аҷиб матлабҳои ҷолиб навишта, ба идораи нашрия меомад.
Ҳусейн Мирзоев хатмкардаи факултаи табиатшиносиву географияи Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳозира ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буда, сарнавишт ӯро ба рӯзномаву рӯзноманигорӣ пайваст. Дар ин масири пурмасъулият пайвастанаш таваҷҷуҳи беандозаи ӯ ба матбуот ва ҷидду ҷаҳдаш аст, ки то кунун дар талоши эҷодиёт аст.
Ҳусейн Мирзоев баъди хатми Донишкада муддати як сол дар МТМУ № 28-и ноҳияи Данғара фаъолият бинмуда, пас он ба шаҳри Норак кӯчиданд. Дар диёри нурофарон низ ба ҳайси омӯзгори фанни химияву биология фаъолияти пурсамар дошт. Дар баробари пешаи пуршарафи омӯзгорӣ, ҳамзамон, бо нашрияҳои гуногуни кишвар ҳамкорӣ менамуд. Ҳамчун мухбири ҷамоавии “КомсомолиТоҷикистон” имрӯза “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Тоҷикистони советӣ” имрӯза “Ҷумҳурият” матлабҳои хонданибобро аз шаҳри Норак таҳия мекард. Дар ин айём мақолаҳои ҷолиби Ҳусейн Мирзоев яке паи ҳам дар нашрияҳои даврии ҷумҳуриявӣ нашр мешуданд.
Диди эҷодии омӯзгори соҳибзавқ аз назарҳо дур намонд. Соли 1981 Наталя Морозова, сармуҳаррири рӯзномаи бисёртиражаи “Норак”-и нашрияи сохтмони “Норакибосоз” Ҳусейн Мирзоевро ба кори рӯзнома даъват намуд. Эҷодкори ҷавон дар ин рӯзнома дар мактаби бузурги рӯзноманигороне чун Наталя Морозова обутоб ёфта, таҷриба андухт. Бо ҳидояти ин рӯзноманигори таҷрибадор ҳамкориро бо дигар нашрияҳо густариш дод.Тавре худи Ҳусейн қисса мекунад, дар ин даврон беҳтарин мақолаву очерк ва хабару қиссаҳои ҷолибаш, ки дар матбуоти даврии кишвар ва Иттиҳоди шуравӣ нашр мегардид, ӯро чун қаламкаши моҳир муаррифӣ мекарданд. Бо ҳидояти ин рӯзноманигорони варзида мақолаҳои вай дар нашрияҳои маъруфи собиқ Иттиҳоди шуравӣ- “Правда” ва “Известия” чоп мешуданд.
Ҳамин тавр, то соли 2000-ум дар рӯзномаи “Норак” фаъолияти пурсамар дошт, вале баъдан, бинобар норасоии маблағ фаъолияти рӯзнома қатъ гардид. Баъди ин Ҳусейн Мирзоев ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба кор омад. Дар яке аз ҷаласаҳои корӣ раиси вақти шаҳри Норак Самӣ Шариф дар хусуси набудани рӯзномаи шаҳрӣ ва таъсиси он ҳарф зад. Охиран, бо иқдоми ин марди шариф соли 2003 рӯзномаи шаҳрӣ- “Нури Норак” таъсис ёфт ва Ҳусейн Мирзоев сармуҳаррири он таъйин гардид. Инак, тӯли 21 сол боз сармуҳарририи “Нури Норак”-ро ба уҳда дорад.
Ҳусейн Мирзоев аз пуркортарин ва сермаҳсултарин рӯзноманигорони соҳибқалам маҳсуб ёфта, барои муаррифии шоистаи дастовардҳои шаҳри Норак ва паҳлуҳои гуногуни зиндагию рӯзгори одамони наҷиби ин шаҳри барқофарон ҷаҳду талош дорад. Аз ин ҷост, ки аз чеҳраҳои маҳбубу шинохтаи шаҳри Норак буда, сазовор ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Норак гардидааст.
Ҳусейн Мирзоев муаллифи китобҳои “Фарзандони шуҷои Норак”, “Норак- шаҳри орзуҳо” ва “Хотира” буда, бо медалҳои “100- солагии матбуоти тоҷик”, “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” сарфароз шудааст. Барои фаъолияти пурсамар бо унвонҳои Аълочии матбуот ва фарҳанг ва чандин сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Ғолиби озмуни шаҳрии “Журналисти беҳтарини соли 2012” ва барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2021 мебошад.
Мояи ифтихору сарфарозии Ҳусейн Мирзоев аст, ки умри хешро сарфи ин ҷодаи заҳматталабу пуршараф намуда, миёни мардум соҳибэҳтиром гаштааст. Бо номи неку кори нек муаррифӣ шуда, ҳаёту фаъолияти пурсамараш намунаи ибратомӯзӣ барои ҷавонони эҷодкор буда метавонад. Ҳусейн Мирзоев имрӯз ҳам бо “Нури Норак” асту барои беҳтару хубтар намудани мазмуну муҳтавои рӯзномаи “Нури Норак” саъю талош дорад.
Латофат ЧОРИЕВА, шаҳри Норак
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД