Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Сад ранги чакан дар дукони як ҳунарманд
Ҳар рӯзи Муҳиддин Зухаев бо интихоби рангу матоъ ва дӯхтани куртаҳои занонаву чодариҳои попурӣ оғоз мешавад. Дӯзандагиро ягона василаи пешбурди рӯзгори худ медонад. Ба ин ҳунар дилбастагии беҳад пайдо кардаву ҳамчун устоди касби хеш маҳорати дӯзандагиро ба духтарони деҳа меомӯзад.
-Овони таҳсил дар мактаб боре шим харида, онро барои кӯтоҳ кардан ба назди дӯзанда бурдам. Азбаски ҳақмуздаш бароям гаронӣ кард, ба дӯзандаи дигаре муроҷиат кардам, ки он пешавари чирадаст тарзи кӯтоҳ кардани либосро бароям нишон дод. Ҳамин сон, ба таври шогирдона нахустин маротиба кӯтоҳ кардани шимро аз либоси харидаи худам оғоз кардам,- табассумомез риштаи суҳбатро кушод Муҳиддин. – Ба натиҷаи корам баҳои хуб доду минбаъд аз бозор матоъ харида, шими мардона медӯхтаму маҳсули ҳунарҳои шогирдонаамро ба бозор мебаровардам. Мурури саъю талошҳо дар ин ҷода дукони ҳунариям ривоҷ ёфт.
Бартар аз дигар ҳамсолонаш ӯ аз насли дар зиндагӣ хушбину орзупарвар буд, зеро дар хонаводаи онҳо назар ба дигар оилаҳо фарзандон дар интихоби касб озод буданд. Муҳити созандаву озодманишии оила дар рушду ташаккули зеҳнии Муҳиддин нақши муассир дошт, ки бешакку тардид пешаи дӯзандагиро интихоб намуд. Аз сӯи дигар дар пешрафту сайқал додани ин ҳунар модараш устоду раҳнамои ӯ буд.
Мурури солҳо ба дӯхтани куртаҳои занона пардохта, нахуст барои модару хоҳаронаш курта медӯхт. Тавре худ иқрор меояд бо шарофати пешбурди ин ҳунар дар зодгоҳи худ шуғли даромаднок дошта, ранҷу заҳмати муҳоҷирати меҳнатиро намекашад. Гарчанде ки дар ҷомеаи суннатии мо ҳунарҳои марбут ба дӯзандагиро хоси бонувон мешуморанд, вале Муҳиддин дар ин маврид андешаи дигар дорад.
-Хушбахтона, баъди оиладор шудан завҷаам пешаи маро хуб қабул кард ва дар лаҳзаҳои фориғ аз кору бори хона дар кори тарроҳӣ ва дӯхтудӯзи сарулибосҳои фармоишӣ ба ман кумак мерасонад. Ҳоло ба синни 57 расидаам ва дар Ҷамоати деҳоти Эшмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён зисту зиндагӣ дорам. Дар диёри мо пешаи дӯзандагӣ аз ҳама ҳунарҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Шахсан мо аз баракати пешбурди ин ҳунар 9 нафар фарзандонамонро ба воя расонидаем, ки акнун писарони бузурги хонавода ҳам ноновар шуда, дар таъмини рӯзгор такягоҳи ман мебошанд.
Барои миёни мардум муаррифӣ шудан Муҳиддин пайроҳаи пурпечутоби ҳунарро паси сар намудааст. Чун дар солҳои аввали оғози кор аз бозор матоъ харида, куртаҳои занона медӯхту онҳоро бо риштаву нигинҳои рангоранг оро дода, барои фурӯш деҳа ба деҳа мебурд. Ҳаминак, муштариёни ҳунараш зиёд шуда, акнун барои фармоиши сарулибос ба суроғаш меоянд.
Эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба кори амаки Муҳиддин ва ғанӣ гардидани иқтисодиёти хонаводааш мусоидат кард. Зеро дар ин солҳо бонувон бештар куртаҳои чакану попур, атласу адрас ва чодариҳои хушрангу зебо фармоиш медоданд. Дар ин баробар сол аз сол талаботи навхонадорон ба болишту курпачаҳои қуроқӣ меафзояд ва рӯзе нест, ки навхонадорон барои фармоиш дари хонаашро накубанд. Меҳру муҳаббати бепоён ба ҳунару саъю талоши ҳамешагӣ дар рушду ривоҷи пешаи дӯзандагӣ буд, ки Муҳиддин борҳо маҳсули дастранҷи хешро дар маросимҳои фарҳангии ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба маърази тамошо гузошта, бо сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
Мардуми деҳа ҳунару маҳорати ин марди ҳунармандро дида, духтарони худро барои соҳибкасб гардидан ба назди ӯ меоранд ва шумораи шогирдонаш рӯз аз рӯз меафзуд. Бинобар сабаби онки дар шароити хона имкони ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҳамаи хоҳишмандонро надошт, маъмурияти муассисаи таълимии деҳа бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳунарҳои муфид барои Муҳиддин як синфхонаи ҳунаромӯзӣ фароҳам овард.
Дар тӯли фаъолияти хеш ин марди ҳунарманд ба садҳо духтар касби дӯзандагиро омӯзондааст, ки дар миёни онҳо писарон ҳам будаанд. Гарчанде аз фарзандони худам танҳо духтаронам ба касбу ҳунарҳои ман шавқу рағбат доранд, аммо аз ҳисоби ҷавонписарони ноҳия шогирдоне дорам, ки ба ҳунари дӯзандагӣ майлу рағбати зиёд доранд.
Дӯхтани куртаҳои попур ва болишту кӯрпаҳои қуроқӣ аз ҳунарманди ҷавон пуртоқатӣ ва заҳмати зиёдро талаб мекунад, аз ин рӯ, дар ин ҷода онҳое муваффақу номвар мегарданд, ки дар омӯзишу пешбурди ҳунар босабру таҳаммулпазир ва қаноатпеша бошанд, - мегӯяд Муҳиддин Зухаев.
Амонҷон Муҳиддинов, ноҳияи Қубодиён
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



