Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Абармарди дунёи сухан
«Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст,вале боигарии асосии он фарзандони бонангу номусаш мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон
Моҳи ноябри соли равон ба зодрӯзи академики зиндаёд Соҳиб Табаров 100 сол пур мешавад. Бо иқдоми Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба истиқболи сазовор аз 100 – солагии устод Соҳиб Табаров конфронсу маҳфилҳо ва дигар чорабинию ҳамоишҳо баргузор гардида истодааст.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 – и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки доираи васеи омӯзгорони забону адабиёти тоҷик, толибилмон ва дигар масъулини соҳа ба ин муносибат конфронси илмӣ – адабӣ баргузор шуд.
Дар конфронси илмӣ – адабӣ ба истиқболи 100 – солагии узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, шодравон академик Соҳиб Табаров, ки ташкилкунандаи он шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд, масъулини шуъба таъкид доштанд, ки хизматҳои арзандаи ин фарзонафарзанди миллат дар рушди забону адабиёти тоҷик, инкишофи назму наср, нақди адабӣ бағоят бузург мебошад. Устодон зимни маърӯзаҳои илмӣ зиндагиномаи ӯро сафҳагардон намуда, аз хизматҳои бузургаш ёдовар шуданд.
Дар конфронси илмӣ – адабӣ зикр гардид, ки устоди забардасти илми тоҷик, академик Соҳиб Табаров 23 – юми ноябри соли 1924 дар деҳаи Чорроҳаи ноҳияи Муъминобод чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар мактаб – парваришгоҳ камол ёфтааст. Дастпарвари омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб, Институти педагогии ба номи Тарас Григоревич Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии пойтахт) буда, фаъолияти худро аз омӯзгорӣ дар водии Вахш оғоз бахшида, умри боқимондаашро бо омӯзиш, таҳқиқи илм, нақди адабӣ бахшидааст. Баромади ҷоизадори озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон Ватани азизи ман», муаллимаи забону адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 – и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Малоҳат Толибова дар ин конфронс вобаста ба ҷой ва мақоми устод Соҳиб Табаров дар адабиёти тоҷик, зинда гардонидани номи бузургони миллати тоҷик аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ҳамагонро ба дӯстдорӣ ва эҳтирому қадршиносии бузургони ин миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ҳидоятгар буд.
Арбоби шоистаи илми тоҷик, муҳаққиқи адабиёт, забон ва фарҳанги миллат 91 сол умри бобаракат дид. Китобу рисола ва садҳо мақолаҳои устоди зиндаёд Соҳиб Табаров дар пешрафти илми тоҷик нақш ва мақоми хоса доранд. Баъди аз ғалбери нақди адабӣ гузаронидани садҳо китобҳои назмию насрӣ, танқиду таҳлили мушикофонаву беғаразона он асарҳо дар таҳриру такмили нав рӯи чоп омаданд, ки ин бурди адабиёт ва миллати тоҷик мебошад.
Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан устод Соҳиб Табаров бо орденҳои «Нишони фархӣ», «Дӯстӣ», ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр гардида, худ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо ҷоизаву нишонҳои дигари ифтихорӣ буд.
Устод Соҳиб Табаров бо осори гаронарзишаш муаррификунандаи давлату миллати тоҷик дар хориҷи кишвар буда, номи худро дар саҳфаи илми тоҷик бо кору пайкори мондагор ва рисолаву китобҳои хеш зиндаю ҷовид гардонд.
Саидзода Шералӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


