Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ ТУРКИЯ ОИД БА ҲАМКОРӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗӢ (ТИКА)
1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Ибраҳим Этҳем Унал - намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот ба муштаракоти фарҳангию равобити дерини дӯстонаи Тоҷикистону Туркия таъкид шуда, қайд гардид, ки ин ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ сол аз сол вусъат меёбанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки боварии комил дорам, мулоқоти имрӯза барои таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи вилояти Хатлон ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон такони тозае хоҳад бахшид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия муносибатҳои гарму дӯстона дорад, ки дар асоси принсипҳои эҳтироми якдигар, эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн бунёд шудаанд.
- Вилояти Хатлон бо назардошти дастуру ҳидоят ва тавсияҳои Пешвои миллат саъю кӯшиш дорад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ бо минтақаҳои Туркия таҳким бахшад, - афзуд раиси вилоят.

Гуфта шуд, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, дар он наздики 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият доранд. Ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полизиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст.
Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 270 ҳазор тонна пахта 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин беш аз 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад. Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи дуру наздик беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.
Раиси вилояти Хатлон зикр намуданд, ки бо дарназардошти муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ мо бар ин боварем, ки ду кишвари дӯсту бародар барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илм, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ заминаҳои муносиб доранд.
- Мо бо таҷрибаи бойи Ҷумҳурии Туркия дар самти сайёҳӣ аз наздик шинос ҳастем. Туркия дорои инфрасохтори пешрафтаи соҳаи сайёҳи мебошад ва мо итминон аз он дорем, ки Шумо барои пешбурди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хатлон таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ дар ин самт кӯмак мерасонед, - афзуд раиси вилояти Хатлон
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди муосири иқтисодӣ дарёфти шарикони ҳамкор ва бозорҳои нав, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ хеле муҳим мебошад.
Инчунин, ҷонибҳо масоили рушди соҳаи қолинбофӣ, таъсиси корхонаи барориши атласу адрас, маркази омӯзишӣ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳаи пиллапарварӣ, соҳаи нассоҷӣ, коркарди пӯсту пашм, таъсиси корхонаи хушкмева, обёрӣ, мубориза бар зидди малах, маориф, тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59
Серхонандаҳо
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



