Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Манфиат ва зарари шарбати сабзӣ
Шарбати сабзӣ сарчашмаи витаминҳо буда, ба инсон болидахотирӣ ва хушҳолӣ мебахшад. Агар инсон дар як рӯз панҷ ё шаш дона сабзӣ истеъмол кунад, шояд сахтии он ба кори меъдаю рӯда таъсири худро расонад. Дар намуди шарбат нӯшидани оби сабзӣ беҳтар аст. Набояд фаромӯш сохт, ки меъёри якрӯзаи нӯшидани шарбат исабзӣ 200-250 мл мебошад.
Шарбати сабзиро пеш аз истеъмоли ғизо ҳатман бо шир, оби ҷӯшомадаи хунуккардашуда, равғани зайтун, қаймоқ, ё оби минералӣ омехта намуда нӯшидан зарур аст. Барои таъсири манфӣ нарасонидан ба органзим пеш аз нӯшидани шарбати сабзӣ аз табибони худ тавсияи дуруст гиред.
1. Сабзӣ дорои бета – каротин буда, сарчашмаи Витамини А маҳсуб меёбад. Витамин А барои пӯст ва нури чашм манфиатбахш аст. Он нафароне, ки давоми рӯз бо компютер кор мекунанд, нӯшидани шарбати сабзӣ фоидабахш аст. Норасоии Витамини А ба хирашавии нури чашм оварда мерасонад.
2. Шарбати сабзӣ инчунин дорои Витаминҳои гурӯҳи В, С ва Е мебошад. Витамини Е барои пӯсти инсон, нохун ва муй, Витамини С барои мустаҳкамии рагҳои хунгарди дил зарур аст.
3. Барои инкишофи кӯдак шарбати сабзӣ фоидабахш аст. Аз ҷумла, ба мустаҳкамии биноиши чашм, системаи асаб ва кори рӯда манфиатбахш аст.
4. Барои бартараф кардани варами бадан ва қабзияти шикам нӯшидани шарбати сабзӣ беҳтарин давост.
5. Дар такриби сабзӣ моддаҳои фоидабахш зиёд буда, он дар пешгирии бемории остеопароз ва шикастани устухонҳо нақши муҳим мебозад.
6. Шарбати сабзӣ хотираро қавӣ намуда, кори мағзи сарро фаъол месозад.
7. Моддаҳои фоидабахше, ки дар таркиби сабзӣ мавҷуд аст, меъёри қандро дар хун паст намуда, ҷиҳати рафъи холестерин мусоид аст.
8. Каротин дар таркиби сабзӣ зиёд буда, он дар пешгирии шамолхӯрӣ, бемории саратони занона ва мардона муфид аст.
Зарари шарбати сабзӣ
1. Ба атфол то 10 моҳагӣ додани шарбатӣ сабзӣ қатъиян манъ аст. Зеро шарбати сабзӣ кори ҷигарро халалдор намуда, ба бемории зардпарвин оварда расонидан аз эҳтимол дурр нест.
2. Он нафароне, ки аз бемории панкреатит, аллергикӣ, захми меъда азият мекашанд, нӯшидани шарбати сабзӣ тавсия дода намешавад.
3. Истеъмоли аз меъёр зиёди сабзӣ ё ин ки шарбати он ба хоболудӣ, беҳолӣ, сардардӣ, табъи баланд, зардшавии ранги пӯст оварда мерасонад.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



