КОФИРҚАЛЪА- ҲАЛЕВАРД

Мусоҳиба бо Нуриддин Сайфуллоев, ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон

Дар таърихномаҳо Кофирқалъа, ки Ҳалевард низ ном бурда мешавад, яке аз марказҳои қадимаи тамаддуни Вахшонзамин мебошад. Шумо, ки дар мавзеи мазкур пажӯҳиши илмӣ бурдаед доир ба ин ёдгории таърихӣ чӣ маълумот дода метавонед?

-Кофирқалъа харобаи шаҳри қадимаи сарзамини тоҷикон аст, ки пеш аз зуҳури ислом мавҷуд будааст. Он ҳоло ба маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайваст буда, ҳамчун ёдгории таърихию фарҳангӣ ҳифз мегардад. Кофирқалъа ном гирифтани ин мавзеъро таърихнигорон ба истилои арабҳо дар асри 7 раб тмедиҳанд. 
Вақте ки лашкари араб ба ин қалъа ҳуҷум мекунад, онҳо маъбади будоиро дида, инҷоро қалъаи кофирон меноманд. Зеро арабҳо халқҳои ғайриисломиро кофир эълон мекарданд.
Нахустин маротиба бо сарварии бостоншинос Александр Беленитский як гурӯҳ олимон ба экспедитсияи Кофирқалъа оғоз намуданд. Ковишҳо дар ин мавзеъ асосан солҳои 1956-1957 гузаронида шуд. 
Бостоншиносо нмуайян намуданд, ки димнаи Кофирқалъа дар шакли чаҳоркунҷ абуда, 360 ба 360 метрро ташкил медодааст. Атрофи ин мавзеъ бо деворҳои муҳофизатӣ ва хандак иҳота шуда, дар чаҳор тарафи деворҳои муҳофизатӣ манораҳои баланд низ сохта буданд, ки онҳо ҷои назораткуниро иҷро мекарданд. Солҳои 1968-1969 кофтукови археологиро бо сардории Б.А. Литвинский идома доданд. Соли 1970 ба ин гурӯҳ Е.П.Денисов роҳбарӣ намуд. 
Дар яке аз бозёфтҳо, ки онро аз дохили куҳандизи шаҳр дастрас намудаанд, номи аслии шаҳр бо ҳуруфоти бохтарӣ сабт шуда будааст.  Ин ҳуҷҷати таърихии шаҳрро лингвист, катибашинос, палеограф Владимир Аронович, ки мутахассиси барҷасти соҳаи худ буд, хонда, номи шаҳр Ҳалевард буданашро муайян кард. 
Шаҳрҳои асримиёнагӣ одатан аз ҷиҳати ҳудуд на онқадар калон мешуданд. Зеро атрофи шаҳри бузургро бо девор маҳкам кардан имконнопазир буд. Дар он давраҳо дар баробари мавҷуд будани давлатҳои мутамарказ бодянишинҳои сершумор дар атрофи ҳар давлат мавҷуд буда, онҳо ба мавзеъҳои обод зуд-зуд ҳуҷум мекарданд. Аз ин рӯ маркази давлатҳоро бо деворҳои ғафси мудофиавӣ маҳкам намуда, ба он дарвозаҳои мустаҳкам месохтанд. Дар болои дарвозаҳо манораҳо сохта, онҳоро ҳамчун дидбонгоҳ истифода мебурданд. 
-Олимон ин мавзеъро чӣ гуна кашф намуда, қадимӣ будани онро муайян карданд? 

-Ба навиштаи Виктор Степанович Солавёв, ки бист сол дар мавзеи мазкур корҳои бостоншиносӣ бурдааст, як воқеаи ногаҳонӣ сабаб гардидааст, ки ҳафриётро дар Кофирқалъа аз нав оғоз намоянду кофтуковро тезонанд. 
Бо супориши роҳбарони ҳамонвақтаи ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) соли 1964 куҳандизи шаҳрро ҳамвор карда, дар ин ҷойи баланд чойхона сохтанӣ шуданд. Вақте булдозери гаронвазн девори мудофиавиро вайрон карда, ба болои теппае, ки дар онҷо куҳандизи қалъа мавҷуд будааст мебарояд, он теппа фурӯ меравад. Ин ҳолатро ҳамон замон ба ҳукумати марказӣ мерсонанд ва фавран бостоншиносон дар ёдгории Аҷинатеппа бударо, ки дар онҷо ҳафриёт мебурданд, ба ин мавзеъ мефиристанд.
Ҳамин тавр, ҳафриёт дар Кофирқалъа аз нав оғоз мегардад. Ҳамон рӯзҳо баргузории Симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе боис мегардад, ки пужӯҳишҳои илмӣ инҷо вусъат дода шаванд. Пеш аз оғози конференсия аллома Бобоҷон Ғафуров ба котиби якуми ноҳияи ҳамонвақта Колхозобод Сироҷиддин Исоев ва котиби дуюми ноҳия Тавобелов мактуб ирсол намуда, аз роҳбарони ноҳия хоҳиш мекунанд, ки ҳам кофтуков ва ҳам тайёриро барои қабули меҳмонони хориҷӣ тезонанд. 
Дар конференсияи байналмилалӣ, ки моҳи сентябри соли 1968 баргузор мегардид, олимони мамолики Шарқу Ғарб даъват шуда буданд. Онҳо дар рафти ҳамоиш ба ин мавзеъ омада,  ёдгории таърихии Кофирқалъаро аз назар гузарониданд. 
Ҳамин тавр, дар куҳандизи шаҳри қадимаи Ҳалевард ҳафриёт идома ёфт. Дар он Юсуфшоҳ Ёқубов, Мира Алексеевна Бубнова, Галина Анатолевна Брикна ва В.С. Соловёв ширкат варзида, Ҳалевард, яъне маркази Вахшонзаминро омӯхтанд. Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ муайян кардаанд, ки ин шаҳр дар асри 6-уми мелодӣ ба ҷои бошишгоҳи одамони қадим, ки ба ибтидои мелод тааллуқ дорад, сохта шуда будааст. 
Ба назари мо- олимон ҳоло ҳам паҳлуҳои норӯшан ва омӯхтанашудаи ин ёдгории таърихӣ зиё даст. Агар ин ҷо ковишҳо идома дода шавад, итминонаст, ки нигораҳои нодири қадимӣ бозёфт мегарданд.  
-Бозёфтҳои археологӣ бозгӯи кадом далелҳои таърихианд?
-Олимон маълум кардаанд, ки сараввал масоҳати ин шаҳр 13 гектар будаст. Шаҳрро девори мудофиавӣ иҳота мекард, ки паҳноии он 4 метр ва баландиаш 10 метрро ташкил медод. Он замон тамаддун рушд карда буд. Мардум кишоварзию ҳунармандӣ мекарданд. Дар он давра ҳатто дар маҳалҳои аҳолинишин ҷӯйҳои корезӣ мавҷуд буданд. 
Майдоне, ки дар маркази шаҳр ҷой гирифтааст, он замон бозор будааст. Дар қитъаи шаҳр дуконҳои косибони мухталиф мавҷуд буда, дар бозор ҳар кадоми онҳо ҷойи харидуфурӯши худро доштанд. Муайян шуд, ки дар як қитъаи наздикии бозор ва дар дохили хонаҳо хумҳои калон мавҷуд будааст. Дар ин зарфҳои кулолӣ ғалла, меваҳои хушк нигоҳ дошта мешудаанд. Савдогароне, ки ба бозори шаҳр дохил мегардиданд ба ҷойи пул маҳсулоти кишоварзӣ месупориданд. 
Бостоншиносон дар чорроҳаи назди бозор хонаи дуқабатаро муайян сохтаанд, ки он хонаи ашхоси доро будааст. Дар қабати аввали ин бино толори қабули одамон, ибодатхонаи будоӣ ва устохонаи заргарӣ мавҷуд будааст. Аз ин ҷо боқимондаҳои кори заргариро низ бозёфт намудаанд. Қабати дуюми хона ба ақидаи олимон ҳамчун ҳуҷраҳои истиқоматӣ истифода бурда мешуд. Дар қисмати шимолии шаҳр боз як хонаи сокини қаториро муайян кардаанд, ки нишонаҳои ҳунармандиро дошт. 
Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз димнаи Кофирқалъа маводи зиёд дарёфт карда шудааст. Аз ҷумла, зарфҳои кулолии сафолӣ, шишагӣ, оҳанӣ, зарфҳои аз устухону санг сохташуда ва ёдгориҳои сершумори мутааллиқ ба дини будоӣ, ки қисмате аз онҳо дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба намоиш гузошта шудаанд. 

Амонулло Бахтиёрзода,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий