Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳарф-ҳарф дар нӯги ангуштон ҳунар дорад ӯ
Дар арафаи ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик дар баробари назаре ба таърихи ин ҷашни ифтихорманди қаламкашони миллати тоҷик, месазад аз корномаи мондагори рӯзоманигорону кормандони соҳаи табъу нашр, ки дар солҳои гуногун дар соҳаи матбуоти кишварамонкору фаъолият намудаанд, ёдовар гардид. Ба хусус, дар солҳои мушкили баъди ҳодисаҳои шаҳрвандӣ, ки нашрияҳои даврӣбо заҳмати сангину садоқати бузурги аҳли қалам тоба дасти хонанда мерасид, котиботи нашрияҳо аз вазифҳои ниҳоят муҳиму масъулиятталаб ба ҳисоб мерафт.
Меҳтарони соҳаи матбуоти Хатлон қисса мекунанд, ки дар он солу замон хабару гузориш, очерку лавҳа ва дигар маҳсули эҷодии рӯзоманигорон дар шакли дастнавис ба идораҳои рӯзномаҳо ворид гардида, илова бар ин,ҳама номаву мактубҳои воридотиро котиб ва коргузори идораи нашрия дар мошинҳои чопӣҳуруфчинӣ мекарданд.
Биноан, кори ҳуруфчинӣ аз корманди ин бахш донистани забонҳои тоҷикиву дигар лисони мардумони муқимии Тоҷикистон ва донистани имлои забонҳои тоҷикиву русӣ ва дигар донишҳоро тақозо мекард.
Даврони ба нашрияи “Набзи Қӯрғонтеппа”, имрӯза “Набзи Бохтар” ба кор даъват шудани Шаҳринисо Шералиева, мутахассисони кор бо мошинҳои чопи дастӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ангуштшумор буданд.
-Ҳаҷми кору масъулияти рӯзмарраи кормандони бахши котибот дар идораи рӯзномаи “Набзи Қӯрғонтеппа” ба ҳадде зиёд буд, ки аз субҳи барвақт то охири соати корӣ, танҳо ба ҳангоми ғизои нисфирӯзӣ ва ё бо баҳонаи чойнӯшӣ аз назди мошини ҳуруфчинӣ канор мерафтам.
Зеро ба унвонии рӯзнома ончунон маводу матлабҳои дастнавис зиёд ворид мешуд, ки болои мизи кориам ҳеҷ гоҳ холӣ набуд, - табассумомез риштаи суҳбатро кушод бонуи Шаҳриннисо.
- Чун то замони ба идораи нашрияи шаҳрӣ ба кор омадан дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таҷрибаи касбӣ андухта будам, сармуҳаррири нашрияи он вақт “Набзи Қӯрғонтеппа” шодравон Файзалӣ Чориев маро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Ҳамин тавр, чандин сол ҳам дар шуъбаи коргузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ҳам дар идораи рӯзномаи шаҳрӣ фаъолият доштам.
Шаҳринисо Шералиева соли 1964 дар деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшоиён дар хонадони зиёӣ ба дунё омадааст. Дар оғоз мисли дигар ҳамсолонаш ба фанҳои самти соҳаи тибб завқу рағбат пайдо карда, солиён орзуи табиб шудан дошт. Баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ аз соли 1982 то 1993 ба ҳайси тарроҳи он вақт Фабрикаи дӯзандагии “50-солагии Тоҷикистон” кор кардааст. Сипас, се соли дигар дар шуъбаи умумии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯза Бохтар ва баъдан як сол дар идораи рӯзномаи “Набзи Қӯрғонтеппа” имрӯза “Набзи Бохтар” фаъолият бинмудааст.
Тавре мусоҳиби мо иқрор меояд, даврони фаъолияти касбӣ дар идораи рӯзномаи расмии маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар, худро дар олами маънавиёт ва муҳити фарҳангпарваронаи қаламкашон тасаввур мекард, ки ин неруи бузурги идеологӣ дар муҳимтарин марҳилаи рушду пешрафти ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоламон, ҷиҳати мафкурасозии мардум ва ҳам пешбурди сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллату ватандорӣ саҳми пешоҳангона доштанд.
Шаҳринисо Шералиева аз соли 2000-ум фаъолияти касбиро дар прокуратураи шаҳри Бохтар идома бахшида, ҳамин тавр то ба нафақаи синнусолӣ баромадан дар мақомоти мазкур вазифаи сардори шуъбаи коргузориро бар зимма дошт. Барои солиёни зиёди хизмати содиқона ӯ бо медали ҷашнии 25- солагии мақомоти прокуратура ва Сипосномаву Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардида, ҳамчунин, дар соли 2021 ба унвони ифтихории Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шудааст. Зимни суҳбат изҳор дошт, ки шукронаи тинҷиву осудагии Ватани азизро дорад, ки дар баробари фаъолияти пурсамар, ҳаёти хушбахтонаву саршор аз рӯйдодҳои хубу фараҳбахш дошта, фарзандонро дар руҳияи арзишҳои муқаддаси миллату давлатдорӣ тарбияву ба воя расонидааст.
-Мояи хушбахтии ҳар як модар ин дастоварду пешравиҳои фарзандонаш аст ва ман ҳам аз шумори модарони саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлолам, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва шароиту имкониятҳои бемаҳдуди барои бонувон фароҳамгардида кору фаъолият дошта, фарзандони хешро тарбияву ба воя расонида, ба таҳсилоти оливу касбӣ роҳнамоӣ кардаам,- ифтихормандона изҳор медорад Шаҳринисо Шералиева.
- Фарзанди калониам Ҷамила Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси иқтисодчии байналмилалӣ хатм карда, духтари дувумам Фирӯза низ хатмкардаи ҳамин донишгоҳ ва мутахассиси соҳаи бонкдорӣ мебошад. Писарам Дилшодҷон бошад Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуд ва хушбахтона, имрӯз ҳамаи ҷигарбандони ман соҳиби оилаҳои хушбахту фарзандони нозанинанд.
Баъди ба нафақаи синнусолӣ баромадан собиқаи бисёрсолаву таҷрибаи баланди касбиашро дар ин ҷода ба эътибор гирифта, Шаҳринисоро тариқи шартнома ба шуъбаи омори Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бохтар ба ҳамкорӣ даъват карданд. Инак, солиён аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидани самти коргузорӣ, тартиби ҳуҷҷатгузории муассисаи мазкур саҳми худро гузошта истодааст.
-Фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ, ташаккули ҷаҳонбиниву такмили ҳунару касбият ва чӣ гуна хушбахту саодатманд умр ба сар бурдани инсон пеш аз ҳама аз худи ӯ вобастагӣ дорад. Зеро новобаста ба шароиту имкониятҳои мавҷуда ва дастгириву роҳнамоии волидону устодони раҳнамо, ҳар яки мо бояд масири зиндагии хешро худ интихоб намоем. Шукронаи тинҷиву осудагии Тоҷикистони азизамон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ мо, модарони хуштолеъ фарзандонро бо меҳнати ҳалол ба воя расонида, соҳиби касбу кор карда метавонем,- мегӯяд Шаҳринисо Шералиева.
Аз ин рӯ ба ҷавондухтарон, бахусус кадрҳои ҷавони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи кишвар гуфтаниам, ки дар баробари саъю талоши дучанд дар такмили донишу маҳорати касбӣ, боз ҳам бештар биомӯзанд ва барои табодули таҷрибаи касбӣ аз маслиҳату роҳнамоии собиқадорони соҳа канораҷӯӣ накунанд. Агарчанде муддате хонашиниро ихтиёр карда бошам ҳам, вале бо роҳандозӣ кардани шуғлҳои даромадовар дар таъмини рӯзгори хонаводаамон саҳми худро мегузоштам. Ҳоло он асбобу воситаҳои даромадбиёри барои хонадони моро фарзандонамон самаранок истифода карда истодаанд. Яъне, ба ин васила мо ҳам ба насли ояндаи хеш пешаҳои аҷдодиву миллиро мерос мегузорем, то онҳо дар баробари таъмини рӯзгорӣ хеш ҳамзамон дар рушду эҳёи расму оин ва ҳунармандиҳои миллӣ нақше гузошта бошанд,- иброз медорад Шаҳринисо Шералиева.
Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР