Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САМАРАИ ГРАНТИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Дар масири дастовардҳо
Рушди ҳунарҳои мардумӣ яке аз василаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани сокинон, бахусус занону духтарони хонашин ба шумор меравад. Ин аст, ки чанд соли охир ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии давлатии ҳунармандон ва пешбурди фаъолияти соҳибкории онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар баробари пешниҳоди яқ қатор имтиёзҳои андозию қарзӣ ва гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри оғоз ва рушди соҳибкории занон ва баланд бардоштани иқтидори иқтисодии онҳо талош намуда, гранти раиси вилоятро низ таъсис додааст.
Давлатпочо Гадоева яке аз ҳунармандони номвари шаҳри Бохтар аст, ки соли гузашта ба гирифтани гранти раиси вилоят сазовор гаштааст. Ӯ дар манзили истиқоматиаш ба кӯрпаю болиштдӯзӣ машғул буда, дигар занону духтаронро низ ба ин шуғли даромаднок ҷалб намудааст.

-Сол то сол таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бештар мешавад, - мегӯяд Давлатпочо Гадоева. -Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандон аз пардохти андоз озоданд. Бонкҳои давлатию тиҷоратӣ низ дар ин самт қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намуда истодаанд.Ҳамаи ин имконият фароҳам овард, ки мо ҳунармандон фаъолиятамонро вусъат бахшида, шароити кориамонро беҳтар намоем, - идома дод ҳунарманд.
Давлатпочо Гадоева беш аз даҳ сол мешавад, кикӯрпаю болишт медӯзад. Ӯ ин ҳунарро аз модари мушфиқаш омӯхта, баъдан дар назди хуштомани чирадасташ сайқал додааст.Ақлу идроки қавӣ ва муҳаббат ба касбу кораш аст, ки вай дар ин муддат ҳунарманди номӣ гашта, фаъолияташро дар хона устоворона пеш мебарад.

-Корро аз дӯхтани курпаю болиштҳои одӣ оғоз намудам. Баъзан бо дархости ҳамсоягон кӯрпаю кӯрпачаҳои онҳоро низ дӯхта медодам. Дар маросими пахтаандозон, ки пеш аз тӯю хурсандиҳо дар хонаи арӯс барпо мешуд,ҳамроҳи занон иштирок мекардам. Оҳиста-оҳиста кӯрпадӯзӣ шуғли доимиям гашт ва то рафт талабот ба ҳунарам бештар шуд. Дар аввал занон пахтаву матоъро худашон меоварданд ва тибқи хостаи онҳо кӯрпаю болиштҳои андозаашон гуногунро омода мекардам. Вақте дидам, ки фармоиш зиёд аст, тасимим гирифтам, ки ба дигар занону духтарон низ ин ҳунарро омӯзонида, гурўҳи кӯрпадӯзонро ташкил диҳам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳоло камубеш 20 нафар бонувон ҳамроҳам кор мекунанд,- иброз дошт Давлатпочо.
Ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат нисбат ба занону духтарон ва соҳибкасбу ҳунар намудани онҳо ба Давлатпочо Гадоева илҳом бахшид ва ҳавасмандиашро ба кораш боз ҳам бештар намуд. Ӯ бо дастгирии ҳамсар ва аҳли оилаашякчанд адад мошинаҳои дарздӯзӣ харида, барои пешбурди кор дар хонаи истиқоматии худ шароити муносиб муҳайё сохт.

Давлатпочо Гадоева соли 2023 бо кумаки мутахассисони бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар озмуни грантии раиси вилоят иштирок намуда, барои васеъ намудани фаъолияти худ 20 ҳазор сомонӣ ба даст овард.
-Ёрии молиявӣ барои ҳар як ҳунарманд муҳим аст. Зеро бо тақозои касб ва талаботи замон мо ба таҷҳизоту техникаҳое ниёз дорем, ки дар пешбурди корамон ниҳоят зарур ҳастанд. Кӯрпадӯзӣ кори дастаҷамъона аст. Бахусус вақте ки мо як гурўҳи калони занон ба ин кор машғулем, дар ин раванд мисли коргоҳҳои истеҳсолӣ ҳама вазифаи худро анҷом медиҳад. Яъне агар яке бо мошинаи дӯзандагӣ мағзии кӯрпаро (порчаи ба таври хос буридаи матоъ, ки бо он канори абраву астари кӯрпаро ба ҳам медӯзанд) омода намояд, дигаре лаганда (бо кӯкҳои калон-калон дӯхтани кӯрпа) мекунад. Ҳоло мувофиқ ба завқи дархосткунандагон бо истифода аз маҳорати порчадӯзию гулдӯзӣ кӯрпаю болиштҳоро бо нақшу нигори миллӣ оро низ медиҳемто талаботи мизоҷонро қонеъ созем, - зикр дошт ҳунарманд.
Имрӯз дастпарварони Давлатпочо Гадоева аз рӯи ҳунари худ ба сатҳи устодӣ расидаанд. Иддае аз онҳо мустақилона фаъолият мекунанду баъзашон ҳамроҳ бо ӯ. Миёни шогирдон ҷавондухтарон низ ҳастанд, ки дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, ҳамчунин бо майлу рағбат ҳунар меомӯзанд.
Ба гуфтаи Давлатпочо Гадоева дар шароити кунунӣ агар ҳар як зани хонашин каме кӯшиш карда, кореро пеша кунадва баҳри рӯзгори ободи худ талош намояд, ҳатман ба мақсад мерасад.
-Дар Тоҷикистони азизамон зери сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи зан-модари тоҷик боло аст. Ҳар ташаббуси мо - бонувон аз ҷониби давлату ҳукумат дастгирӣ меёбад, ки аз он хушҳол ва миннатдорем, - илова намуд Д.Гадоева.

Ин ҳунарманди муваффақ бо намунаҳои маҳсули дасти худ борҳо дар тадбирҳои касбию фарҳангӣ иштирок намуда, дар вилояту ҷумҳурӣ ҳунари занони шаҳри Бохтарро муаррифӣ намудааст. Ӯ соли гузашта ҳамчунин дар озмуни ҷумҳуриявии “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини соли 2023” фаъолона ширкат варзида, аз рӯи номинатсияи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ҷоиза ба даст овард.
Давлатпочо Гадоева ҳоло ҳамчун бонуи ҳунарманд дорои мағозаи махсуси кӯрпаю болиштфурӯшӣ буда, бо васеъ намудани фаъолияти худ ба сӯи комёбиҳои нав ба нав қадам мегузорад.
М. АМОНҶОН
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
САМАРАИ ТАДБИРҲО ДАР РУШДИ КИТОБДОРӢ