Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ГУЛПАРВАР
Чӣ тавр Мавҷуда гулпарвари номӣ шуд
Танҳо шахси хушбину зебоипараст метавонад гулпарвар бошад ва ӯ бо муҳаббат заҳмат кашида, сарсабзию хуррамӣ офарад. Зеро гул бо он латофаташ ниёз ба ғамхорӣ дошта, нигоҳубинро мехоҳад. Мавҷуда Ҳусейнова аз шумори чунин афродест, ки гулҳои парвардааш ба табиат тароват ва ба қалбҳо сафо бахшидааст.
Сайру гашт дар кӯчаву хиёбонҳои гулпӯши шаҳри Душанбе ба ин бонуи хушбин илҳом бахшидааст, то ӯ низ зебоиофар бошад. Мавҷуда Ҳусейнова нақл мекунад, ки ҳафт сол пеш ҳангоми гашту гузор дар пойтахти кишвар чашмаш ба гулшинонии занону духтарон меафтад ва ба онҳо бо ҳавас нигариста, даҳ қуттӣ гулкарами ороиширо мехарад. Ӯ ҳамон лаҳза ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргашта, гулҳоро дар замини наздиҳавлигии худ мешинонад. Мавҷуда, ки он замон булғорипарвари маъруф буд, барои ду қуттӣ гул ҷойи дигар намеёбад ва онро ба бозор мебарорад. Дар бозор мебинад, ки мисли вай талабгорони гул зиёд аст. Ҳамин тавр ӯ тасмим мегирад, ки гулпарвар шавад.
Вақте кораш барор мегирад, Мавҷуда дигар даҳ қуттию бист қуттӣ не, бо мошин аз пойтахт гул оварда, ҳам худ парвариш мекунаду ва ҳам қисмати зиёди онро мефурӯшад. Вале зуд-зуд ба шаҳри Душанбе рафтану омадан ва ҳаҷми зиёди гулҳоро овардан ба Мавҷуда Ҳусейнова мушкилӣ мекунад. Вай ин бор тасмим мегирад, ки гармхонаи замонавӣ бунёд намуда, парвариши гулҳои гуногунро худ ба роҳ монад.
-Инҷо шӯрзамин буд. Хокашро аз дигарҷо овардем. Соли аввал дар як гармхона гул парвариш кардем. Соли дуюм якчанд нафар духтарони деҳаро ҷалб намуда, дар гармхонаи дуюм ҳам корро ба роҳ мондем. Соли сеюм якбора дар чор гармхонаи калон, ки ҳар кадом ҳашт сотихӣ масоҳат доранд, тухмиҳоро аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия, Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳри Хуҷанд оварда коридем, - аз таърихи муваффақияти худ қисса мекунад Мавҷуда Ҳусейнова.
Гармхонаҳои доимамалкунандаи бонуи гулпарвар дар назди хоҷагии тухмипарварии ба номи Сафар Ҷумаеви Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар он қариб 20 номгӯи гул парвариш карда мешавад. Намудҳои гуногуни гулҳои ороишии гатсения, олиандр, лола, тагес, маргаритка, хризантема, виёла, питуния ва гулҳои хонагӣ- анҷибар, доллар, тутанҷир (фикус) ва чандин номгӯи дигар мавҷуд аст.

Ин кишоварзи ботаҷриба мегӯяд, ки барои гулпарварӣ таркиби хок ниҳоят муҳим аст ва бояд он аз иловаҳои органикӣ бой бошад. Барои ҳамин ҳам ӯ аз Ӯзбекистон якчанд қуттӣ кирмакҳои калифорниягии истеҳсолкунандаи нуриҳои манфиатбахшро оварда, бо истифода аз он ва поруи чорвои калон худаш биогумус омода менамояд. Зеро ба гуфтаи Мавҷуда вақте хок ва биогумус омехта карда шуда, дар он тухмӣ корида мешавад, гул хуб реша давонда, зуд ва устувор нашъунамо меёбад.
-Мо пайваста кӯшиш мекунем, ки таҷрибаи санҷидашуда ва пешқадами соҳаро ба кор барем. Навъҳои ҳоландии гулҳоро аксарият меписанданд. Барои ҳамин қиматашон баланд бошанд ҳам, онҳоро аз хориҷ харида, соле се маротиба - фаслҳои баҳор, тобистон ва зимистон мешинонем. Тухмии баъзе навъҳои маҳаллиро аз гулњоямон мегирем. Баъзеи дигарро вобаста ба хусусияташон ба хотири онки рангашон тағйир наёбаду ҳаҷман хурд нашавад ва сифаташ ҷавобгӯи талаботи бозор бошад, ҳар мавсим мехарем, - иброз дошт ӯ.
Давоми солҳо Мавҷуда нозукиҳои ин самти фаъолияти хоҷагидориро аз худ карда, тавассути парвариши гулу буттаҳои рангоранги ороишӣ, дар зебову назаррабо гардидани гулгашту хиёбонҳо ва назди ташкилоту муассисаҳо саҳми босазо мегузорад. Ӯ ҳамчунин, бо дархости мизоҷон гулдастаҳо низ омода менамояд. Илова бар ин якчанд намуди гулҳои хонагиро ҳам парвариш карда, дар гулдонҳо тайёр мекунад.
Ба гуфтаи ӯ дар доираи вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли Ватан ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист гулҳои парваришнамудаашро ташкилоту муассисаҳои на танҳо ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, балки дигар шаҳру навоҳии вилоят низ харидорӣ менамояд. Бахусус, дар баҳорон, иду айём ва сафарҳои файзбахши Пешвои миллат ба вилоят Мавҷуда Ҳесейнова ва ҳамроҳонашро барои бо тарҳу намои зебо шинонидани гулҳои гуногуни мавсимӣ ба шаҳру ноҳияҳо мебаранд.
Аз ин бармеояд, ки ин бонуи мењнатдўст дар баробари гулпарварӣ ҳамчунин, диди хуб дорад ва мехоҳад маҳсули дасташро зебо бинад. Ӯ мегӯяд, ки баъзе масъулони идораву корхонаҳо навниҳолони гулҳоро аз онҳо дастрас намуда, аммо дуруст нигоҳубин намекунанд, ки ин ҳолат вайро ғамгин мекунад.
Мавҷуда Ҳусейнова дар идома афзуд, ки бо дастгирии шахсони алоҳида ва соҳибкорони номдор дар шоҳроҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки аз назди хоҷагӣ мегузарад як дукон ва дар шаҳри Бохтар ду нуқтаи гулфурӯшӣ таъсис додааст.

-Дар бозор талабот ба гул зиёд аст. Мехоҳам фаъолиятамро боз ҳам васеътар намоям. Агар дар бозорҳои вилоят ба ман ҷой диҳанд, сафи кормандонро бештар намуда, гулҳои рангоранро ба фурӯш мегузоштам. Итминон дорам, ки мо як гуруҳ бонувони гулпарварро роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин бобат дастгирӣ мекунанд, - зикр намуд, ин бонуи заҳматкаш.
Мавҷуда мегӯяд, ки агар гранти президентӣ ва ё раиси вилоятро ба даст орад, ҳамаи он маблағро барои дар самти кишоварзӣ ҳидоят намудани 20 нафар занону духтароне, ки ҳамроҳаш кор мекунанд, сарф менамояд. Ӯ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки барои ба шуғл фаро гирифтани аъзои оилаи кормандонаш дар замини наздиҳавлигии ҳар яки онҳо гармхонаҳои замонавӣ бунёд намуда, ҳадя намояд.
Ҳоло Мавҷуда Ҳусейнова саргарми кори хоҷагидорӣ буда, ба мавсими нави гулшинонӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинад. Айни замон дар гармхонаҳои ӯ гулҳои рангоранги баҳорӣ парвариш ёфта истодаанд.
Гулҳои парваришнамудаи ин бонувони зебоипараст борҳо дар озмунҳои гуногуни сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ муаррифию сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Мавҷуда Ҳусейнова соли 2019 дар озмуни “Сайри гули лола” фаъолона иштирок намуда, дар вилоят ҷойи дуюм ва дар ҷумҳурӣ ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардидааст.
Амонҷон Маҳкамов
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»