Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАРДИКОРЗАНИ МУҲОҶИР
Назокат модари се фарзанд ва оилаи обод дошта ҳамроҳи ҳамсараш Раҷабалӣ хушу гуворо зисту зиндагонӣ мекарданд. Раҷабалӣ мафтуни назокату латофати занаш гаштаву бесаброна интизори мекашид, ки кай соати корӣ анҷом ёбаду аз дидори маҳбуби дилаш сер шавад. Назокати нозанин низ дар баробари латифӣ бо ҳунару маҳорати кадбонугӣ шавҳарашро тасхир намуда буд. Ӯ дар ягон муассисаи олии касбӣ таҳсил накарда буд, ки волидонаш ӯро ба шавҳар доданд. Дар кадбонугӣ маҳорати хуб дошт. Тавлиди фарзандон ҳаёти ширини онҳоро ширинтар карда, назарашон ба ҳаёт боз ҳам рангинтар гардид. Ҳарчанд муносибати Раҷабалӣ ва Назокат ба аҳли оилаи онҳо хуш намеомад, вале муҳаббат ва садоқати Раҷабалӣ намегузошт, ки нисбати ҳамтақдираш номеҳрубон бошад.
Назокат солҳои дароз дар хона нишаста, ба нигоҳубини фарзандон ва аҳли оила банд буд. Чун фарзандон ба камол мерасанд, Назокат хоҳиши ба сехи дӯзандагӣ рафта, омӯхтану фаъолият карданро пайдо мекунад. Ин пешниҳоди ӯ шавҳарашро нороҳат кард. Зеро онҳо дар зиндагӣ танқисӣ надоштанд ва ҳама хостаҳояшонро Раҷабалӣ сари вақт фароҳам меовард. Ӯ ҳамсарашро беҳад дӯст медошту ҳатто намехост касе ба нигоҳ кунад. Аз ин рӯ, дар хона нишастани Назокатро беҳтар мешуморид.
Дар боғи қисмати ин ду ҷуфти муносиб ду духтару як писар буд, ки бо сад умеду орзуҳо ба камол расида буданд. Рӯзе Раҷабалӣ бо писараш Мурод озими шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мешаванду Назокат бо духтаронаш Афсонаву Мастона дар хона мемонанд. Чун ҳарвақта Назокат бо духтаронаш омодаи хӯроки шом ва интизори шавҳару писараш буд. Таоми болаззат ва ширинию хӯришҳоро омода карда, бо табъи болида чашм ба роҳ буд. Аз байн вақт гузашту садои телефони дастиаш баланд шуд. Лаббай гӯён ҷавоб дод.
-Апаҷон шумо ба Исмоилов Раҷабалӣ ва Исмоилов Мурод кӣ мешавед? – аз он сӯи телефон садои марде ӯро ба ташвиш овард.
-Ман ҳамсари Раҷабалӣ ва модари Муродҷонам, кӣ мепурсад?- гӯён изтиробе вуҷудашро фаро гирифт.
Марди ношинос бо садои ларзон иброз дошт, ки апаҷон худатонро ба даст гиред, онҳо ба садамаи мудҳиши нақлиётӣ дучор шуда, ҳарду дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Назокат аз ҳуш рафт ва баъдан ба худ омада бовараш намеомад, ки ҳамсари меҳрубону ҷигарбанди навҷавонашро аз даст додаст. Ҳамин тавр ҷасади беҷони падару писарро ба хона оварданду Назокат бо духтаронаш сиришки талх рехтанд. Пайвандону ҳамсояҳо амри қисмат гуфта, бо таскину ҳамдардӣ падару писарро ба хонаи охират гусел мекунанд.
Қисмат рӯзи талхро бар сари Назокати нозанин оварду ӯро аз шириниҳои ҳаёт маҳрум кард. Албатта, имтиҳони ниҳоят мушкили зиндагӣ интизораш буд, ки бидуни касбу маълумот рӯзгори фарзандонашро пеш бурдан. Мурури солҳо бо дастгирии пайвандонаш духтаронашро ба ҳаёти мустақилона гусел карда, худ дар хона тани танҳо монд. Нахуст тасмим гирифт, ки ба муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Россия равад.
Рӯзи аввал барои пайдо намудани коре мебарояду навмед бармегардад. Сипас, аҳён – аҳён ба сохтмони иншоот назар медӯзаду роҳ пеш мегирад. Ба иншооте, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбӣ буд, ворид шуда аз доштани ҷои кор пурсон мешавад. Ҷавонписаре рӯ ба рӯяш баромада ассалому алайкум апаҷон гӯён пурсон мешавад. Аз шодӣ аз чашмонаш ашк ҷорӣ мешавад, ки дар давлати бегона ҳамватанамонро вохӯрдааст.
- Бачаҷон, барои дарёфти ҷои кор омадаам, кумакам кунед, - гӯён аз он ҷавон хоҳиш мекунад. Ҷавонписар ҳам бо нимтабассум- охир апаҷон ин ҷо барои шумо ҷои кор ёфтан мушкил аст, - гуфта хомӯширо ихтиёр мекунад.
Аммо Назокат бо боварӣ ба ҳамватани хеш изҳор медорад, ки аз уҳдаи кор хоҳад баромад. Вақте ҷавонписар аз қисмати талхи модар огоҳӣ пайдо мекунад, тасмим мегирад. ки ӯро бо кор таъмин кунад.
Назокати олуфтаю нозанин бо дастони нозуку маҳинаш ба ҳайси рангмол – гилкор ба кор шуруъ мекунад. Барояш душвору сангин буд дар шароити вазнин фаъолият намудану сукунат кардан. Аммо илоҷи дигар набуд. Оҳиста – оҳиста ӯ ба чунин шароит одат карда, аз уҳдаи корҳои бар зима доштааш мебарояд. Ҷавон дар симои ин зан модари худро дида, қалбаш ба дард медарояду ба Назокат чунин пешниҳод мекунад:
-Апаҷон, аз пеш фасли сармост ва мо аллакай одат кардаем, аммо барои шумо модарон дар хунукӣ дар сохтмон кор кардан басо мушкил аст. Аз ин рӯ, агар розӣ бошед, бароятон пешниҳоде дорам. Дар як иншооти бунёдгардида коргаре лозим аст, ки дар дохили ҳуҷраҳо зардеворӣ часпонида, дару деворҳоро сафеду рангбор карда тавонад. Ин пешниҳодро Назокат бо хушнудӣ қабул намуд.
-Воқеан ҳам дохили бино гармтар буд ва ман ҳамроҳи ду нафар бонувон ба рангу бор ва часпонидани зардеворӣ машғул шудем, - ба ёд меорад Назокат. Дар рӯзҳои нахуст иҷрои инчунин корҳои бинокорӣ каме мушкил менамуд. Аммо бо заҳмати ҳалол ёфтани қути лоямутро имконияти хуб дониста, даст ба кор шудем. Албатта, дар баробари заҳмати миёншикан гирифтани ҳаққи музди меҳнатамон аз дасти соҳибкорони он кишвар кори осон набуд. Ҳолатҳое мешуданд, ки вақте музди маошамонро талаб мекардем ҳақорат мешунидем. Барои ҳаққи заҳмати хешро гирифтан рӯзҳо интизорӣ кашида, баъдан баъзе ноҷавонмардон ҳаққи корамонро пурра намедоданд.
Ҳамин тавр, Назокати нозукадою хушсимо бо мушкилот рӯзгори худро пеш бурда, феълан ба ҳайси саркори сохтмончиён кору фаъолият намуда истодааст. Азбаски худ дар солҳои аввали мардикорӣ дучори мушкилот гардида буд, имрӯз ба бонувоне, ки барои дарёфти кор ба вай муроҷиат мекунанд, кумаки худро дареғ намедорад.
Гулнора Ибодова – сокини ноҳияи Қубодиён низ дар зиндагӣ дучори хушунати хонаводагӣ шуда, бо чор фарзандаш дар чорсӯи зиндагӣ дар монда буд. Маҷбур гашт, ки фарзандони хешро ба мактаб – интернат супорида, барои таъмини рӯзгори фарзандонаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад. Номбурда то дарёфти ҷойи кор шаш моҳи аввал ба мушкилоти зиёд дучор гардида буд. Баъди ноумедиҳо охиран бо маслиҳати як нафар аз муҳоҷирони тоҷик назди Назокат омад ва бо маслиҳату кумаки ӯ соҳиби ҷои кори доимӣ гардид. Акнун Гулнора ҳам маоши худро барои камбудии фарзандон масраф намуда, як қисмати даромадашро барои харидани манзили иқоматӣ захира карда истодааст.
Ҳамин сон, дар баробари Гулнора чандин тан бонувон баъди азобу мушкилот бо бонуи Назокат шиносоӣ пайдо карда, бо кумаку дастгириҳои ӯ соҳиби шуғлҳои даромаднок мегарданд. Назокат, ки то соҳиби касбу кор шудан имтиҳони сангини зиндагиро паси сар намудааст, ҳоло ба дигар бонувони корҷӯй, ки бо тифлони ноболиғ дар нимароҳи зиндагӣ яккаву танҳо мондаанд, роҳи кору раҳоӣ аз мушкилоти зиндагиро меомӯзад. Дар пайравӣ бо ӯ зиёд ҳамватанони корҷӯй бо азму иродаи устувор заҳмат кашида, рӯзгори худу хонаводаҳояшонро пеш мебаранд.
Махфират Шоимова
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД