Бойгонӣ

ДУХТАРИ ҶАСУР

  Ҳузури ҷинси латиф дар сафи Артиши миллӣ ё худ неруҳои мусаллаҳи як кишвар аз намои шукуҳу шаҳомати як миллати ҷасуру соҳибнасли ғаюр далолат намояд, аз сӯи дигар, башорати таърихист, ки дар ҳар давру замон халқу миллатҳои тамаддунофар дар бари ҷавонмардони шуҷоъ бонувони шердилу ҷасоратманд ҳам доранд, ки омодаанд барои ҳимояи марзу буми хеш сина сипар намоянд.
 Дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳам исми чанде аз бонувони ҷасур ҳаккокӣ шудааст, ки корномаву қаҳрамониҳои бемислу мондагори онҳо ба унвони намоди ифтихори миллӣ аз насл ба насл қиссаву ривоят мешавад. Ҳаёту фаъолияти хизматии афсари Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи кишвар Мадина Давлатова, намунае аз рӯзгорони ибратомӯзи ҳамин гуна бонувони ҷасури Тоҷикистон аст, ки бо амри дилу азми ҷасур дар сафи ҷавонмардони ба ору номуси миллат, хизмати ҳарбӣ ба меҳани азизро рисолати ҳамешагии худ дар зиндагӣ интихоб кардааст.
Пайроҳаи зиндагиро баҳри ҳаёту фаъолияти пайваста дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бахшидан як орзуи ҷавонӣ ё интихоби касбу пешбурди рӯзгор набуда, балки азму иродаи матинест, ки аз муҳити хонаводаву дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфтани ӯву бародари ягонааш сарчашма мегирад. 
Панди зодмандонам буд, ки фарзанд меваи ҳаёт ва амонати Офаридгор аст, то сарварони хонавода дар руҳияи инсондӯстиву ҳомии Ватан ба воя расонидани наслҳои ояндаи худро рисолати муҳими ҳаёти шуморанд,- аз насиҳатҳои дар овони ҷавонӣ аз падару модараш шунида,- қисса оғоз дошт Мадина. – Падарам Нурулло Мирзоев ронандаи одӣ ва модарам Марям Давлатова хонашин буданд, аммо ба хотири ташаккули ҷаҳонбинии фарзандон моро аз овони хурдсолӣ ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ бурданд. Ҳамин тавр, вақти ба синфи аввали МТМУ №49-и  он вақт ноҳияи Кӯшониён имрӯза ҳудуди шаҳри Бохтар  рафтан, аллакай ҳарфҳои “Алифбо” ва каму беш забони русиро аз худ карда будам. 
- Соли 2007 баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ нахуст курси омӯзиши компутерро хатм карда, дар як вақт таҳсилро дар мактаби ғоибонаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома додам. Баъдан, ба шуъбаи ғоибонаи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, ҳамзамон, фаъолияти хизматиро ба симати мудири шуъбаи коргузории Комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯшониён оғоз бахшидам.
Мадина аз замони ба бар кардани сарулибоси низомӣ ин масъулияти ниҳоят ҷиддиро ба хубӣ эҳсос мекард, ки чеҳраи низомӣ муаррифгари нуфузу обурӯмандии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, ҷомеа дар симои афсарону аскарон ҳомиёни Ватан ва муҳофизонро мебинанд. Дар чунин як руҳияи ифтихору сарбаландӣ мурури солҳо фаъолияти худро ба ҳайси мутахассиси пешбари афсарони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии шаҳри Бохтар идома бахшид. Соли 2014 замоне, ки сазовори нахустин рутбаи ҳарбӣ- прапоршик гардид, аллакай ҳамчун якканавози оркестри низомӣ дар қисми ҳарбии 07256  хизмат мекард. 
- Дар замоне, ки баъзе ҷавонони аз таҳсилоту тарбияи маънавӣ дар канор монда, аз хизмати ҳарбӣ ҳазар доранд, ҳузури ҷавондухтарон дар сафи Артиши миллӣ ва дар кӯчаву хиёбонҳо зоҳир шудани онҳо бо сарулибоси низомӣ ба мардум руҳияи дигар мебахшад,- табассуомез изҳор медорад Мадина Давлатова. – Ба гоҳи ҳамроҳи модарам аз миёни анбуҳи мардум гузаштан ва дидору суҳбатҳои сарироҳӣ бо ҳамшаҳриёнамон, ки одатан маро ба рутбаи ҳарбиам ном мегиранд, фариштаи ҳаётиамро руҳияи аҷибе фаро гирифта, аз ту ифтихор дорам мегӯяд. Барои фарзанд, бахусус, духтарону бонувон, ки монои ҷавонмардон такягоҳи падару модари хешанд, ризоияти волидон бахту ҳам саодати бузург аст. Биноан, ҳар саҳари омодагӣ ба кор назди худ азм мегузорам, ки имрӯзи хизмати ҳарбиро бояд бо сари баланду садоқат ба Ватан сипарӣ намоям, то гуфтору рафтор ва натиҷаи фаъолияти касбиам мояи сарбаландии аҳли оила ва волидонам бошад, ки дар тарбияи мо умри ҷавони хешро сарф намудаанд.
Самараи саъю кӯшишҳо ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар адои хизмати ҳарбӣ буд, ки соли 2019 Мадина ба рутбаи лейтинант сарфароз гардида, ба вазифаи пурмасъулият - афсари калон, равоншинос оид ба корҳои ҷавонони зершуъбаи оид ба корҳои сиёсӣ тарбиявии Раёсати қисми ҳарбии 09264 таъйин мешавад. Баъдан, аз моҳи ноябри ҳамон сол то инҷониб, муовини сардори Ситод оид ба кадр ва қисми сафии кадрҳои Қисми ҳарбии Коммендатураи ҳарбии гарнизони Бохтар мебошад. Дар ин миён баъдан сазовори рутбаи навбатии лейтинанти калон шуда, ҳаминак, моҳи январи соли 2024 бо фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Давлатова бо рутбаи капитан сарфароз гардидааст.
Ба бовари ӯ дар пайравӣ аз афсарбонувони Вазорати мудофиа ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сол аз сол теъдоди ҷавондухтарони хоҳони кору хизмат дар ниҳоди қудратии кишвар афзуда истодааст. Сафи бонувоне, ки дар гузаштҳои низомӣ ба ҷашну маросимҳо шукуҳу шаҳомати дигар мебахшанд, мояи ибратомӯзии натанҳо духтарон, балки кулли ҷавонписарон бояд бошад, ки хизмати Модар-Ватан барояшон вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад.
-Дар радифи тарғибу ташвиқи наврасону ҷавонон баҳри омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан моро мебояд, ки  ҷавондухтарони хоҳишмандро барои кору фаъолият дар ниҳоди низомӣ, дар самти идомаи таҳсили олӣ дар факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисоду молия, таърих ва ҳуқуқ ва инчунин соҳаи тибб роҳнамоӣ намоем,- мегӯяд Мадина Давлатова. - Айни замон дар сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарбонувони дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ дорем, ки то ба рутбаи полковник мушарраф гардидаанд. Итминони комил дорам, ки бо такмили дарсҳои тайёрии ибтидои ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои олии таълимӣ, дар оянда насли шуҷову тавонманди мо обутоб меёбанд, ки дар таҳкими сохторҳои гуногуни мақомоти қудратӣ нақши муҳим хоҳанд бозид. Албатта, дар тарбияи насли ватандӯсту ҳомии содиқи марзу буми кишвар оила нақши бағоят муҳим мебозад ва падару модарон бо дарки ин нукта бояд, ки фарзандонро дар руҳияи миллату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз арзишҳои муқаддас ба воя бирасонанд. 
Ба андешаи мусоҳиби мо, ҷавонписарон маҳз баъди адои хизмати Модар- Ватан аз лиҳози ҷаҳонбиниву фаҳми моҳияти бунёдгузори оилаи солим, ба ҳаёти мустақилона омода мегарданд.  -Илова бар ин, ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи шаҳрвандии худро иҷро намудаанд, дар ҳаёти минбаъдаи оилавӣ шахсиятҳои тавонманду ба зиндагӣ хушбин ва дар мушкилоти ҳаётӣ сабуру тобовар хоҳанд буд, ки тарбияву ба воя расонидани фарзандони дорои ҳамин гуна хислатҳои шоиста орзуву ормони ҳар як аз падару модарон аст, -иброз дошт дар фарҷоми суҳбат капитани Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Мадина Давлатова.

Юсуфи Собир


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019