Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАРДИ ҚУРОҚДӮЗ
Худойназар Ҷабборов шояд ягона мард дар вилояти Хатлон бошад, ки ба қуроқдӯзӣ машғул аст. Ӯ 31 сол ин ҷониб, порчадӯзиро шуғли худ интихоб карда, аз ин ҳисоб рӯзгори оиларо таъмин менамояд.
Ба иқрори мусоҳиби мо, қуроқдӯзӣ ё ҳар ҳунари дигаре, ки ба дӯхтани матоъ рабт дорад, дар ҷомеаи суннатии мо хоси занон мешуморанд. Аз ин лиҳоз, шумораи ҳунармандони гулдӯзу бофанда ва чакану қуроқдӯз аз ҳисоби занону духтарон бешумор аст.
-Ин қабил ҳунарҳо бештар ба бонувон омӯзонида мешавад, аз ин рӯ, сафи занҳои ҳунарманд сол аз сол меафзояд, – мегӯяд Худойназар Ҷабборов. – Қуроқдӯзӣ ё умуман дӯхтани либос, куртаҳои занона ва ҷелаку ҷомаро ҳанўз аз овони наврасӣ аз ҳамсари бародарам омӯхта будам. Гузашти вақт бо заҳмати пайваста нозукиҳои ин ва дигар ҳунарҳои зеборо аз бар намудам.
Марди соҳибҳунар ба ҳамсару келин ва фарзандони худ низ қуроқу куртадӯзиро омӯзонид ва имрӯз дар ин хонадон ҳамагӣ ҳунарманданд. Сарҷамъона аз матоъпораҳо кӯрпаю болишт ва дигар лавозимоти серталабгор дӯхта, бо ин васила хостаҳои мизоҷонро бароварда, рӯзгори худро аз даромади дастранҷҳояшон таъмин месозанд.
Мероси падар барои фарзандон
Худойназар Ҷабборов, сокини 54 солаи деҳоти “Эшмурод Ниёзов”-и ноҳияи Қубодиён бо ҳунари қуроқдӯзӣ, дӯзандагиву тарроҳии сарулибос миёни мардум маъруф аст. Субҳи босафои ӯ бо иҷрои фармоишҳои аз мизоҷон гирифтааш оғоз гардида, то шомгоҳон ба ҷузъ дӯхтани либосу қуроқ ва кор бо мошинаи дарздӯзӣ дигар шуғли писандидае надорад. Чун ҳама ҳунармандон бо идеяи тарроҳиҳои ҷолиб аз матои гуногун дастранҷҳои дилписанд меофарад.

-Ҳунари порчадўзӣ мероси ман барои фарзандонам буда, аз ин рӯ аз овони хурдсолиашон ин ҳунарро ба онҳо меомӯзам. Ҳоло набераҳоям низ ба омӯзиши ҳунарҳои дастӣ шавқу мароқи беандоза пайдо карда истодаанд,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Худойназар Ҷабборов.
Духтари хурдии ӯ мегӯяд, ки агар бештари ҳунармандони қуроқу курпадӯзӣ ва дигар санъати зебои дӯзандагиро аз модар омӯхта бошанд, аммо устоди ман дар ин ҷода падарам мебошад.
– Вақте ки духтарҳои ҳамсоя ва хешу табор назди падарам омада шогирд шудаю ҳунари ӯро аз худ мекарданд, ман ба худ суол медодам, ки чаро дигарон ҳунари ӯро аз худ кунанду мо- фарзандонаш не? Ҳамин тавр, аз овони таҳсил дар синфи 7-ум бари падар рост шуда, ба дӯхтану пора кардани матоъ шуруъ кардам. Бо гузашти вақт қуроқдӯзию куртадӯзӣ ва дигар ҳунари падарро аз худ кардаам.
Ӯ бо ҳаёту фаъолияти омӯзандааш дар ин ҷода собит кард, ки мардон ҳам метавонанд, дар баробари бонувон куртаю либосҳои хуштарҳро омода созанд.
Осорхона дар хона
Худойназар Ҷабборов дар баробари машғул шудан ба қуроқдӯзию дӯзандагӣ, ҳамчунин дар 2 ҳуҷраи хонаи худ осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил кардааст.
– Таҷлили ҷашни Наврӯз ва муҳаббат ба ҳунарҳои мардумӣ сабаб шуд, то ин осорхонаро ташкил кунам,- нақл мекунад акои Худойназар. – Ҳар сол дар пешорӯи Наврӯзи оламафрӯз дар хонаи мо дар доираи урфу одатҳои қадима ин иди ниёгон ҷашн гирифта мешуд. Саргардонии мо барои ҷамъу гир кардани даврию чакан, кӯзаю дигар маҳсули дасти ҳунармандон зиёд буд. Ин буд, ки андешаи ташкили осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ дар зеҳнам пайдо шуд ва минбаъд ҳар куҷое, ки маҳсули дасти ҳунармандони қадимаро медидам харида ба хона меовардам.
Ба гуфтаи қаҳрамони матлаби мо бо ташкили осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ орзуи наҷиби худро амалӣ сохта, ҳамзамон кори масъулони соҳаи маънавиёти ноҳияро ҳам осон кард, ки аз ин ба баъд дар ҷашну маросимҳо аз дороиҳои осорхонаи ӯ истифода мебаранд.
– Меҳмонҳои зиёд, махсусан, сайёҳон ба хонаи мо ташриф меоранд ва бештари сайёҳони хориҷӣ зимни шиносоӣ аз маҳсули дастии ҳунармандон ҳайратзада мешаванд, ки чӣ гуна дар шароити хонаамон мо осорхона ташкил кардаем.
Ҳунармандони асил ба гунаи акои Худойназар бо заҳмати шабонарӯзӣ натанҳо дунёи хешро рангин месозанд, балки ҳунари қадимаи аљдодиро аз нав эҳё намуда, дар ороиши манзилу маъракаҳои мардум хоса, саҳми худро мегузоранд. Аз ин ҷост, ки мардумони касбу кори гуногун аз деҳу деҳкадаҳои дуру наздик ба суроғаш меоянд.
Низоми ИСО,
н. Қубодиён
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
Дастони пурэъҷоз



