Соли дастовардҳои бузурги соҳаи маорифи шаҳри Бохтар

Мусоҳибаи вижа бо Абдуназарзода Шоиста, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар

- Нахуст мегуфтед, ки  маорифчиёни шаҳри Бохтар дар соли сипаригардида ба чӣ гуна дастовард ноил гардиданд? 

– Дар соле, ки сипарӣ гардид, маорифчиёни шаҳри Бохтар бо шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагии кишвар ва дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рисолати муҳими бар зимма доштаашон содиқона фаъолият бинмуда, дар соли 2023 бо дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Дар ҳамбастагии коллективҳои омӯзгории муассисаҳои таълимӣ, шогирдони мо тавонистанд дар озмуну олимпиадаҳо ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори дастовардҳои бузург гарданд. 
Мехостам дар ҳамин радиф қайд намоям, ки толибилмону омӯзгорони шаҳри Бохтар дар озмунҳое, ки таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ гардидаанд, фаъолона  ширкат варзиданд. Аз ҷумла, дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 5 нафар хонанда ва як омӯзгори мо сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, дар озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” бошад 1 нафар хонандаи мо ҷойи сеюмро ишғол кард. Инчунин, дар озмуни “Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат”, ки бори нахуст бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ба ифтихори 115- солагии аллома Бобоҷон Ғафуров доир гардид,  хонандаи синфи 10-уми Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Мирдодоев Мирмуҳсин сазовори нахустин Шоҳҷоизаи ин озмун гардид. Дар баробари ин толибилмони шаҳри Бохтар дар ҷамъбасти сол сазовори 5 медали тиллоӣ дар равияи табиӣ риёзӣ гардиданд. 
Ҳамчунин, дар соли 2023 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар  аз иштирок дар Олимпиадаи байналмилалӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори 406 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз он ҷумла, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дастпарварони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар 136 ҷойи ифтихориро ба даст овардаанд, ки ин нишондиҳандаҳо дар қиёс ба солҳои гузашта хело зиёд мебошад. 

- Дар баробари афзоиши аҳолӣ, ҳамзамон, теъдоди хоҳишмандони навоҳии минтақа ҷиҳати таҳсил дар мактабҳои маркази вилоят меафзояд. Бо дарназардошти ин, оё дар қаламрави шаҳри Бохтар бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ пешбинӣ гардидааст? 

- Дар шаҳри Бохтар бевосита зиёдшавии теъдоди хонандагон ҳамасола мушоҳида мешавад. Биноан, ҳамин сол аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар заминаи ду муассисаи таълимӣ, ки мушкили норасоии ҷойи нишаст доштанд, сохтмони биноҳои иловагӣ пешбинӣ гардид. Аз ҷумла, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 барои 620 ҷойи нишаст ва дар заминаи МТМУ № 8 барои 320 ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои буҷет барои сохтмони биноҳои иловагӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки аллакай корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи арзанда аз ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла бунёди чандин иншооти ҷашнӣ дар назар дошта шудааст. Боварӣ дорам, ки дар радифи татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сохтмонӣ, дар ин давра муассисаҳои нави таълимии хусусиву давлатӣ низ сохта ба истифода дода мешавад. 

- Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? 

– Айни замон шумораи муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Бохтар ба  22 адад мерасад, ки дар онҳо 3191 нафар кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Бо мақсади фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии томактабӣ Марказҳои рушди кӯдак бо фарогирии 800 нафар кӯдакони синни томактабӣ фаъолият доранд. Дар умум, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ 26 дарсадро ташкил медиҳад. 

- Имсол аз қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»  24 сол сипарӣ гардид. Тӯли ин солҳо, ки дар доираи татбиқи Фармони мазкур чандин санадҳои меъёриву барномаҳои давлатӣ рӯи кор омадаанд, ҳузури бонувонро дар самти таълиму тарбия ва вазифаҳои роҳбарии соҳаи маорифи шаҳри Бохтар чӣ гуна арзёбӣ менамоед? 

– Тавре ки ҳамагон шоҳидем, Пешвои муаззами миллат дар баромадҳояшон қайд менамоянд, ки дар он муассисаҳои таълимие, ки зан роҳбар аст, албатта сатҳу сифати дониш боз ҳам хубтару беҳтар мегардад. Имрӯз дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар аз 1303 нафар омӯзгорон 996 нафарро бонувон ташкил медиҳад, ки ин аз нақши муассири омӯзгорзанон дар таълиму тарбияи насли наврас гувоҳӣ медиҳад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар он муассисаҳои таълимие, ки сарвариашонро бонувон бар зимма доранд, дар радифи боло рафтани сатҳу сифати таълим, ҳамзамон, сатҳи тарбия ва ахлоқи толибилмон хело хуб аст. Мусаллам аст, ки зан - модар дар баробари рисолати ҳаётиву масъулиятҳои ҷамъиятӣ боз ҳам бо салиқаи ташкилотчигиву маҳорати гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робитаи мактаб бо оила бо истифода аз усулҳои муосир ва навовариҳои эҷодиву роҳбарӣ насли наврасро аз амалҳои нолозим пешгирӣ намуда, завқу рағбати ҳамагонро ба илму донишандӯзӣ бедор карда метавонад. Яъне, бонувон табиатан масъулиятшиносу ташаббускор буда, инчунин дар кори таълиму тарбия ҳамчун рисолати ҳаётии худ, завқу рағбати беандоза доранд.
Агар ба таҳлилҳо назар афканем дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маорифи шаҳрро дар бештари солҳо бонувони маорифчӣ бар зимма доштанд, ки ин аз бовариву эътимоди роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба неруву тавонмандии бонувони омӯзгор шаҳодат медиҳад.  Қобили зикр аст, ки дар тӯли ин солҳо дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастгирии сиёсати давлатӣ дар самти тарбия ва омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд роҳбарияти шаҳри Бохтар ҳамеша нақши пешоҳангӣ доштанду доранд. 

- Шумо аз зумраи кадрҳои даврони Истиқлоли кишвар мебошед, ки дар партави сиёсати давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият бинмудаед. Ба фикри шумо барои дар арсаи сиёсат ва вазифаҳои роҳбарӣ муваффақ шудани бонувон чӣ чиз аз ҳама муҳим аст? 

 - Ман фикр мекунам, ки имрӯз хизматчиёни давлатӣ новобаста аз мард ё зан буданашон ва дар кадом вазифаву мансабе фаъолият дошта бошанд, суханони Сарвари давлатро, ки пайваста дар суханрониҳояшон зикр мекунанд; “Дар вазифаҳои худ ба мардум содиқона хизмат намоед”, сармашқи кори худ қарор диҳанд. Кадри шоистаи содиқ ба халқу меҳани худ дар корҳои ҷамъиятиву  мансабҳои роҳбарӣ вақте муваффақ мегардад, ки дар ҷодаи фаъолияти хеш ба дастоварду муваффақиятҳо ноил гардад. Дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ва фарҳанги волои муошират маҳбубияти мардумро ба даст оварда, дар иҷрои масъулияти ба уҳда доштааш фаъолнокӣ нишон диҳад.

- Идеали шумо дар зиндагӣ? 

- Новобаста ба зинаи касбӣ ва мансабу вазифаҳои ба уҳдадоштаашон имрӯз ҳар нафаре, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ дорад, идеали вай дар зиндагӣ Пешвои муаззами миллат аст. Аз ҷумла,  идеали мо омӯзгорон, ки ҳамасола бо таваҷҷуҳ ба Паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору зиндагии худро ба роҳ монда, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои ояндасози Сарвари давлат саъю талош дорем. 

- Таассуроти шумо аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

– Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёмҳои солҳои пешин дар ҳама самтҳо куллан фарқ мекунад. Аз ҷумла, масоили вобаста ба соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дар баробари он вазъи геополитикии ҷаҳон дар Паёми имсола аз ҷониби Сарвари давлат ниҳоят возеъ таҳлилу баррасӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат соли 2024-умро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки дарвоқеъ ин тасмими оқилонаву хирадмандона ва саривақтӣ буд. Зеро замоне расидааст, ки ҳар фарди худогоҳ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ бояд саъю кӯшиш намояд. Дар баробари ин ҷиҳати тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдакону наврасон омӯзгор нақши меҳварӣ мебозад. Вобаста ба ин, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои дар Паём ироагардида мо, роҳбарону кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар нақшаву барномаҳои худро таҳия ва рӯи кор хоҳем овард.

Мусоҳиб Юсуфи Собир


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий