Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШУҲРАТИ АВВАЛАИ ТЕАТРРО БАРҚАРОР МЕКУНЕМ
"Адабиёт, театр ва мусиқӣ асоси пешрафти шуури ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад".
Эмомалӣ Раҳмон.
Дар воқеъ ҳам театр дар тарбияи маънавӣ, зебоипарастӣ ва бомаърифат гардонидани одамон нақши муҳим дорад.
Бо ибораи дигар гӯем театр тарғибгари ғояҳои баланди инсондӯстию ватандорӣ, худшиносии миллӣ, инъикосгари ишқу зебоӣ ва инсондӯстӣ дар байни мардум мебошад. Дар робита ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо директори Театри мазҳакаю мусиқии ба номи устод Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб Фаридун Ҳамидов, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.
- Шумо чӣ гуна ба дунёи театр ворид шудед, яъне қадамҳои нахустинатон дар саҳнаи театр аз куҷо оғоз гардид?
- Ҳанӯз айёми таҳсил дар мактаби миёна дар дил орзуи ҳунарманд шуданро мепарваридам. Ба сурудхонию навозандагӣ шавқу рағбати зиёд доштам. Дар чорабиниҳои мактабӣ ва озмунҳои шаҳрӣ фаъолона иштирок мекардам. Баъди хатми донишгоҳ маро ҳамчун навозанда ба театр ба кор даъват намуданд. Ҳамин тавр ба дунёи санъат ворид гардида, аз ҳунармандони ботаҷрибаи театр сирру асрор ва нозукиҳои санъатро омӯхтам. Ман нахустин бор бо ҳунармандони театр ба якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари ҳунарӣ ( гастрол) рафтам, ки бароям хотирмон аст. Ҳамин тавр зина ба зина боло рафта, ба вазифаи директори театри номбурда расидам. Алҳол ман ин вазифаи пурмасъулро ба уҳда дорам.
- Ба назари шумо чаро имрӯз ба театр тамошобинон кам меоянд?
- Сабаби ин ба ҳама маълум аст. Мо бояд ҳанӯз аз даврони таҳсил дар мактаби миёна таваҷҷуҳи тамошобинро ба театр ҷалб намоем. Дар қалби онҳо меҳру муҳаббатро ба адабиёту санъат ва театр бедор карда тавонем. Чаро дар кишварҳои хориҷӣ кӯдаконро аз боғча ва мактаб барои тамошои намоишномаҳои ҷолибу шавқовар ба театр мебаранд?
Ба театр ҷалб намудани тамошобин танҳо вазифаи ҳунармандони театр нест. Дар оила, боғча, мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд фарзандонамонро бояд дар руҳияи муҳаббату садоқат ба Ватан, фарҳанг, ҳисси эҳтиром ба осори бою бостонии ниёгонамон тарбия намоем.
- Имрӯз мушоҳида мегардад, ки назди бозорҳо, кӯчаҳо ва марказҳои савдо, мардуми зиёде ҷамъ шуда, филмҳои туркӣ тамошо мекунанд ва ё барои харидани дискҳои филмҳои хориҷӣ пули зиёд сарф мекунанд. Куҷост ҳисси хештаншиносию ҳувияти миллии мо?
Хушбахтона, тайи солҳои охир шумораи зиёди тамошобинон ба театри мо меоянд. Мо кӯшиш мекунем, ки барои онҳо барномаҳои рангини консертӣ ва намоишномаҳои пурмазмуну шавқовар пешниҳод намоем. Ман худам барои чандин барномаҳои ҳунарӣ ва намоишномаҳо суруду мусиқӣ офаридам. Соли равон дар театри мо намоишномаи «Катан» (муаллифи асар Аҳмад Иброҳим) ба саҳна гузошта шуд, ки мусиқии онро ман эҷод намудам. Ин намоишнома дар фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» яке аз беҳтарин асари таърихӣ дониста шуда, соҳиби ҷоиза гардид.
- Оиди фаъолияти эҷодии ҳунармандони театр каме маълумот медодед
- Театри мо дар тӯли фаъолияти беш аз 85 солаи худ роҳи пуршарафро тай намуда, дар тарбияи маънавии мардум ва маърифатнокии онҳо нақши мондагор гузоштааст. Саҳми арзандаи театр дар тарбияи касбии ҳунармандон низ хеле назаррас аст. Дар театри мо гурӯҳҳои консертӣ, (овозхонону мутрибон ва раққосаҳо), балет ва драма фаъолият мекунанд. Ҳунармандони театри мо ҳамеша дар талоши онанд, ки дар оянда ҳам намоишномаҳо ва барномаҳои рангину дилнишинро пешкаши тамошобинон гардонанд.
Ҳунармандони бомаҳорати театри мо – Худойназар Тилавов, Мирзо Раҳмонов, Раҳмоналӣ Одиназода, Толибҷон Юнусов, Сафархон Мамадалиев, Давлатбегим Раҳимова, Ҳуринисо Сироҷова, Кабкинисо Гадоева, Ризо Мадалиев, Нурулло Тиллоев, Олимҷон Шокиров, Сулаймон Қаюмов ва боз даҳҳо нафар дигарон доим дар пайи такмилу рушди истеъдоди худ қарор доранд. Мавриди зикр аст, ки қисми зиёди ҳунармандони театри моро ҷавонон ташкил медиҳад.
- Мавсими нави театри имсола бо кадом намоишнома оғоз гардид?
- Дар арафаи мавсими нав мо ҷашни 85 – солагии театрамонро хеле бошукӯҳ ва ботантана таҷлил намудем.
Дар оғози мавсими имсолаи театрӣ мо намоишномаи «Муқими кӯи ҷонон»-ро дар таҳияи саркоргардони театр Раҳмоналӣ Одиназода пешкаши тамошобинон намудем. Хушбахтона, ин намоишнома аз тарафи тамошобинон хеле хуб пазируфта шуд.
Мо инчунин нақша дорем, ки дар оғози соли 2024 бо якчанд намоишномаҳои шавқовару рангини кӯдакона хотири тамошобинони хурдсоламонро шод намоем.
- Робитаҳои театри шумо бо дигар театрҳои кишвар ва муассисаҳои фарҳангӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
Робитаҳо ва ҳамкориҳои эҷодию ҳунарии мо ба ҳамаи театрҳои ҷумҳуриямон хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Мо аз таҷрибаи якдигар меомӯзем. Шояд яке аз комёбиҳои мо дар ҳамин бошад. Шайх Саъдии Шерозӣ низ дар ин маврид дуруст фармуданд:
Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.
Ҳунармандони театри мо бо Театри мусиқӣ- мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов, Театри вилоятии ба номи Камол Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ва Театри академии драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе ҳамкории зичу судманд доранд. Барои иҷрои нақшҳо дар намоишномаҳо роҳбарияти театрҳои намбурда, ҳунармандони моро ба ҳамкорӣ даъват менамоянд.
- Театр дар ҳаёти одамон, аз ҷумла ҳунармандон чӣ нақше дошта метавонад?
-Албатта, театр дар кору фаъолият ва ҳаёти одамон нақши бузург дорад. Ватани театр Юнони қадим аст. Бубинед, ки аз замонҳои қадим таваҷҷуҳ ба театр буд. Одамон аз тамошои намоишномаҳои театрӣ ғизои маънавӣ мебардоштанд. Аз нигоҳи дигар театр дар тарбияи маънавии шахс нақши муҳим дорад. Ман шахсан ҳаёти худро бе театр тасаввур карда наметавонам. Зеро маҳз тавассути театр тамошобинон моро мешиносанд. Яъне, театр ҳунармандро ба мухлисону ҳаводорони санъату фарҳанг муаррифӣ менамояд.
Воқеан ҳам театр бозгӯи ҳақиқии ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти эҷодии одамон аст.
- Барои суҳбати самимӣ ташаккур!
Аъзам БОБОЕВ, шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД