Саргузашти марди роҳ

Тоҳир Розиқов аз мухбирони собиқадори Радиои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бо фаъолияти пурсамару накукоронааш ҳамчун хабаррасони рӯйдоду воқеаҳои солҳои 1990-ум дар саросари вилояти Хатлон, ба вижа, миёни сокинони деҳоти дурдаст машҳуру соҳибэҳтиром аст. Зеро оғози фаъолияти эҷодии ӯ дар ин ҷода ба солу замоне рост меомад, ки барои мардум аз дарёфти нону дигар мавзуъҳои рӯзмара дида, хабару паёме оид ба вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои вилоят ва ҳам огоҳӣ аз ҳолу рӯзгори азизону пайвандонашон муҳимтар буд. Тавре худ иқрор меояд, дар он солу замон кормандони ВАО, ки дар минтақаҳо ангуштшумор буданд, дар баробари омода намудани хабару рӯйдодҳои муҳими вилоят, ҳамчунин, аз шаҳру навоҳии гуногун ба мардум аз азизону пайвандонашон паём мерасониданд.
-Шояд боварии насли ҷавон намеояд, ки дар солҳои баъди ҳодисаҳои шаҳрвандӣ мо, журналистон, бахусус мухбирони радио, ҳафтаҳову моҳҳо дар роҳи сафар будему агар шаб ба хона бармегаштем, субҳи барвақти рӯзи дигар аз нав пайи дарёфти хабару рӯйдодҳои муҳим ба роҳ мебаромадем. Дар он шабу рӯз барои аз як ноҳия ба ноҳияи дигар рафтан ба ҷуз мошинҳои боркашу тракторҳои пахтакашонӣ дигар навъ нақлиёти мусофирбариро дар роҳҳо намедидем, - бо ёдоварӣ аз пайроҳаи тай намудааш риштаи суҳбатро кушод мухбири собиқадори Радиои Тоҷикистон.
Ҳаёту рӯзгори ибратомӯзи Аълочии Кумитаи радио ва телевизион Тоҳир Розиқов барои ҷавонони ҷодаи рӯзноманигорӣ ва ҳам фарзанду наслҳои оянда мактаби муҳими тарбияи инсон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳисси ифтихор аз фарҳангу санъати волои миллист. Чаро ки ин марди собиру таҳаммулпазир дар баробари фаъолияти касбӣ ҳанӯз аз овони ҷавонї санъату ҳунармандиҳои зебои миллиро аз сарояндагону устодони забардаст омӯхтааст. Аслан, аз ҳунари сарояндагӣ ва санъати волои суханвариву шеърхониҳои дилнишини Тоҳир Розиқ нафароне огоҳӣ доранд, ки боре ҳамроҳи ин мухбири дар зиндагӣ хушбину маҳфилоро ҳамсафар гардида бошанд. Шавқу рағбати бепоёнаш ба санъати сарояндагӣ аз мактаби идеали њаётиаш зиндаёд њунарманди машҳури Тоҷикистон Тағоймурод Хушвахтов сарчашма мегирад, ки қариб ҳама суруду таронаҳои сароидаи ин хунёгари мумтозро аз бар кардааст. 
Тоҳир Розиқов дар хонадони руҳонии муътабар Абдулҳақ Розиқов чашм ба олами ҳастӣ кушода, шавқу рағбат ба илму ҳунаромӯзиро падари деҳқонаш дар дили вай ҷой намудааст, ки бо заҳмати заминкориву пешбурди касабаҳои гуногуни мардумӣ рӯзгори хонаводаро таъмин менамуд.
Ҳанӯз дар овони тифлии Тоҳир аҳли оилаи онҳо аз зодгоҳашон рустои Ғарави Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон ба ноҳияи Вахш кӯчидаанд. Ӯ таҳсилоти ибтидоиро аз он вақта МТМУ №19-и ноҳияи Вахш оғоз менамояд, ки баъдан деҳу сукунати зисти онҳо ба ҳудуди имрӯза деҳаи Истиқлоли деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён дохил мешавад. Ҳамин сон Тоҳир Розиқов МТМУ №16-и ин ноҳияро хатм бинмуда, бо азми идомаи таҳсил дар Мадрасаи Мири Араб ба шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон сафар менамояд. Аммо аз сабаби он ки довталабони таҳсилро дар ин мадрасаи машҳур баъди адои хизмати ҳарбӣ қабул мекарданд, Тоҳир ба деҳи зисташон баргашта, як соли дигар дар хоҷагӣ фаъолият менамояд.
-Азбаски ҳанӯз аз овони мактабхонӣ барои нашрияи “Вахш” ва баъдан рӯзномаи “Байрақи Дӯстӣ”-и имрӯза ноҳияи Кӯшониён  матлабу қиссаҳо менавиштам, аз шаҳри Бухоро ҳам бо як ҷаҳон таассуроту андешаҳои таконбахш баргаштам. Нахуст дар мавриди таваҷҷуҳи мардуми Бухорои Шариф ба қадамҷои бузургон ва тозагиву корҳои ободонӣ дар оромгоҳу дигар мавзеъҳои таърихӣ мақолаҳо навиштам, ки дар нашрияҳои “Байрақи Дӯстӣ” ва “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” ба табъ расида буд, - ба ёд меорад Тоҳир Розиқов. – Аслан фаъолияти касбиро аз матбуоти даврӣ оғоз бинмуда, чӣ дар солҳои мактабхонӣ, пас он овони хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Муғулистон ва солҳои таҳсил дар Филиали техникуми бинокорӣ дар ноҳияи Ёвон дар дил орзу доштам, ки фаъолияти эҷодиро дар матбуоти даврӣ идома диҳам. 
Гузори солҳои таҳсил дар бахши шабонаи техникуми мазкур Тоҳир рӯзона дар Идораи сохтмонии ноҳияи Ёвон фаъолият дошта, шомили як гурўҳи бинокорон дар силсила биноҳои навбунёди панҷошёнаи маркази ноҳия дару тиреза насб мекард. Баъди хатм фаъолияти худро ба ҳайси нозири пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтори қисми ҳарбикунонии сухторнишонӣ дар Корхонаи азими кимиёвии ноҳияи Ёвон идома медиҳад. Ҳамзамон, дар ин давра бо нашрияи “Коммунисти Ёвон” ҳамкорӣ дошта, баъдан, бо тавсияи шодравон Сайдалӣ Бобохонов, ки дар он давра вазифаи ҷонишини сармуҳаррири нашрияи “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”-ро ба уҳда дошт, дар курси семоҳаи омӯзиши маҳорати рӯзноманигорӣ таҳсил менамояд. Сипас, бо роҳнамоии устодон ба шуъбаи шабонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Дар ин миён баргузории як озмуни касбӣ дар он вақта Кумитаи садо ва симои Тоҷикистон сабаб гардиду роҳбарияти Кумита Тоҳир Розиқовро дар идораи ахбори Радиои Тоҷикистон ба кор гирифтанд.
-Баъди сар задани ноороимҳои солҳои 1991-1992, ки он шабу рӯз дар Идораи радиои Тоҷикистон фаъолият доштам, мухбири радиои мазкур дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа Рустамбек Назриев аз водии Вахш кӯчид ва ҳамин тавр роҳбарият маро ба ҷойи ӯ ба имрӯза шаҳри Бохтар ба кор фиристоданд,- мегӯяд Тоҳир Розиқов.  - Оғози фаъолиятам ба ҳайси мухбири минтақавии радиои Тоҷикистон ба даврони барқароркунии харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад, ки дар қаламрави имрӯза шаҳри Бохтар вазъият мураккабу печида буд. 
Дар  солҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки теъдоди радиову телевизион ва матбуоти давлатӣ ангуштшумор буданд, радио муҳимтарин василаи огоҳии мардум аз хабару рӯйдодҳо ба ҳисоб мерафт. Бахусус дар маъракаи интихоботии соли 1994, ки ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дода ва ҳам президенти мамлакатро интихоб карданд, радиои Тоҷикистон аз воситаҳои пешоҳанги ахбори умум дониста мешуд. 
Аз як сӯ, синну соли ҷавону неруи хастанопазир аз ҷониби дигар дарки рисолати касбӣ буд, ки бештари вақт аз хонаи зодмандон то маркази вилоят масофаи 15 километр роҳҳои ноҳамвору касногузарро пиёда тай мекард. Бинобар гуфтаи мусоҳибам дар он давра раисони шаҳру ноҳияҳои водии Вахш моҳияти нақши журналистон дар баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, ҷалби аҳолӣ ба корҳои саҳро ва ба кор даровардани коргоҳҳоро дарк намуда, бо мухбирону рӯзноманигорон ҳамкории зич доштанд. 
-Дасти сарнавишт ва интихоби пешаи пуршарафи рӯзноманигорӣ буд, ки мо, аҳли қалам баробари ҳар узви хонадони фарзандонашонро аз даст дода, эҳсоси ғаму андуҳ доштем. Инчунин, агар сокинон шоҳиди харобаҳои деҳу рустоҳои маҳали худ бошанд, мо, рўзноманигорон қариб ҳама деҳу минтақаҳои аз асари ҷанги шаҳрвандӣ сӯхтаву валангоршударо бо чашми сар дидаем, - андешамандона қиссапардозӣ мекард Тоҳир Розиқов. – Бо мақсади ҳарчӣ зудтар баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан мо бо шахсиятҳои обрўманд ва ҳунармандони миёни мардум машҳуру маҳбуб ҳамсуҳбат мешудем. Дар ин ҷода бароям муяссар гардид, ки бо устодони санъати тоҷик шодравон Зафар Нозим, Ҷурабек Назриев, Имрон Шарипов- падари Суҳроб Шарипов, Мусо Диноршоев, Тағоймурод Хушвахтов, Саидмурод Ҳотамов Лоиқ Шералӣ ва Абдулло Назриев мусоҳибаҳои хотирмон анҷом диҳам. 
Фаъолияти пурсамари мухбири минтақавии Радиои Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон саршор аз ҳаводису рӯйдодҳои ҷолибеанд, ки намунае аз сабтҳои нодири он дар бойгонии радио ва бештари он дар хотироти ҳамқаламон ва солмандони деҳкадаҳои дуродури вилояти Хатлон нақш бастааст. Тавре худи Тоҳир Розиқов изҳор медорад бо ҳама ҳусну эъҷози қалами эҷодкорон боз ҳам бештарину беҳтарин лаҳзаҳои зиндагии инсонҳо фаротар аз асару дафтархотираҳои катбӣ, яъне, дар зеҳну замири башарият ҷовидонӣ маҳфуз мемонанд. Яъне, маънии зиндагии инсонҳои шариф ҳам монои достону маснавиҳои нонавишта тавассути нақлу ривоятҳои шоҳидони замон, аз насл ба насл ба ёдгор мемонад. Хушо бар ҳоли онҳое, ки пайроҳаи дар зиндагӣ тай намудаашон намунаи ибрат барои наслҳои оянда будаву аз кору пайкори ибратомӯзаш ба некӣ ёд мекунанд.

Юсуфи Собир


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий