Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Танӯраш сурхрӯ аз оташи гул …
Шукри Истиқлоли кишвар, ки ҳамасола ҳунарҳои мардумӣ рушду нумуъ ёфта, армуғону маҳсули дасти пурэъҷози ҳунармандони мардумӣ бозору мағозаҳо ва дуконҳои тиҷоратиро пур намудааст. Бо туфайли таваҷҷуҳи ҳамагонӣ ба рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дастранҷҳои пешаварони Тоҷикистонро меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба кишварҳои гуногуни олам мебаранд.
Майдагул Раҷабова аз зумраи ҳунармандони асилест, ки бо ҳунари нотакрори худ на танҳо дар ноҳияи Фархор, балки саросари вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ шинохта шудааст. Ӯ дар деҳаи Гулшани Ҷамоати деҳоти Гулшан зиндагонӣ дошта, аз баракати ҳунари нонпазӣ рӯзгори худро пеш мебарад.
Ҳанӯз дар овони наврасӣ ба гоҳе, ки Гавҳарбӣ Олимоваро ба тӯю маъракаҳо барои нонпазӣ даъват мекарданд, Майдагул дар бари модар нозукиҳои ин ҳунарро омӯхта буд. Ҳамин тавр, бо гузашти солҳо духтари чирадасти модар мустақилона фармоишҳои ҳамсояву ҳамдеҳагонашро иҷро намуда, маҳсули ҳунараш хони тӯёнаву маъракаҳои мардумиро ҳусну таровати дигар мебахшид. Ҳоло Майдагул ҳунари нонпазиро ончунон аз худ намудааст, ки аз омода намудани хамиру оташандозӣ дар танӯр ва пухтупази нон ба ёрдамчӣ эҳтиёҷ надорад.
Ба гуфтаи ӯ қариб ҳар рӯз то 18 номгӯи маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла, чаппотӣ, гирдача, фатир, кулчақанду, нонҳои ширину бомазаи тӯёна, кулчаи қаймоқин, қаламаву дигар маҳсулоти лазизро пухта, пешкаши харидорону меҳмонон мегардонад.
- Дар омода намудани нону кулча инчунин аз кунҷит, шир, равған ва қаймоқ илова намоем масулоти нонӣ бисёр ҳам хуштамъу болаззат меояд, - мегӯяд ӯ. - Дар урфият мегӯянд , ки «нони гандум ҳама ҷо, вале кадбонуи ҳунарманд на ҳама ҷо». Оре, ҳунари нонпазӣ осон нест ва на ҳар кас аз уҳдаи он мебарояд, зеро нонпазӣ гӯё як шуғли маъмулии кадбонуҳо аст, аммо дар асл сиру асрор ва нозукиҳои худро дорад.
Маҳсули дасти апаи Майдагул – нону кулчаҳои гуногун, фатир ва чаппотиҳои бо сифату лазизи пухташудаи ӯ борҳо дар намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллӣ дар шаҳрҳои Бохтару Душанбе ба маъраз гузошта шудааст. Аз ҷумла, чанде пеш ӯ дар яке аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар пойтахти кишвар Майдагули ҳунарманд бузургтарин фатири равғанинро ба намоиш гузошта буд, ки 9 килограмм вазн дошт. То имрӯз дар чандин озмунҳои ноҳиявию вилоятии «Нонпази беҳтарин» иштирок намуда сазовори ҷойи аввал гардидааст.
Танӯраш сурхрӯ аз оташи гул,
Хасу хораш бувад миҷгони булбул.
Майдагул Раҷабова ин ҳунарро ба духтарону келинҳояш низ омӯзонидааст, ки онҳо бо нону қаннодиҳои болаззати худ миёни кадбонуҳо машҳуранд. Ба қавли «Ба як шахс чил ҳунар кам аст» бонуи ҳунарманд маҳорати чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ ва ҷомадӯзиро низ аз бар намуда, дар намоишу озмунҳо бо куртаҳою тоқиҳои зебои чакан ва ҷомаҳои гулранги дӯхтааш таваҷҷуҳи ҳаводорони ҳунарҳои зеборо ҷалб намудааст.
Соли гузашта зимни сафари меҳмонону сайёҳон, ки аз кишвари Қатар ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда буданд, ба хонадони апаи Майдагул низ меҳмон шуданд. Сайёҳони кишвари Қатар аз ҳунару фарҳанги дастархонороӣ ва тамъи лазизи маҳсулоти нониву дигар дастранҷҳои ин бонуи номдор баҳраманд гардида, ба ҳунари ӯ ва аҳли хонаводааш баҳои баланд доданд.
Ӯ аз лаҳзаҳои хотирмони иштирокаш дар намоишу форумҳои ҳунармандон ёдоварӣ шуда, изҳор медорад, ки баъди иштирок дар Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон, ки соли 2018 дар шаҳри Бохтар доир гардид, бори дигар мутмаин гардид, ки дар марҳилаи рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бонувони вилояти Хатлон дастовардҳои бузургу назаррас доранд. Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон, ки таҳти унвони «Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид, гувоҳӣ аз он медод, ки ҳунарҳои мардумии хонаводагӣ дар саросари кишвар ривоҷу равнақ пайдо намуда, ба ин васила то дурдасттарин рустоҳои вилоят ҳазорон нафар занону духтарон соҳиби шуғлҳои дармаднок шуда истодаанд.
-Дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯзи соли 2018 ман низ дар қатори беҳтарин ҳунармадони ноҳия ҳамроҳи меҳмонони олиқадр аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавзеъҳои таърихию хушманзараи ноҳияи Данғара тамошо намудем. Суҳбатҳои самимонаю хотирмон ва меҳмондории сатҳи олии Сарвари давлат ба мо як ҷаҳон таассурот бахшид,- мегӯяд ӯ.
Майдагул Раҷабова назди худ мақсад гузоштааст, ки дар оянда дар деҳаи Гулшан як нонвойхона бунёд намуда, дар баробари таъмини талаботи ҳамдеҳагон бо маҳсулоти нонӣ ҳамзамон ҷавононро ба омӯзиши ҳунари нонпазӣ ҷалб намояд. Зеро дар деҳае, ки ӯ ба сар мебарад ба қавле ҳунар мояи файзу баракати рӯзгор аст. Чуноне, ки бузургон фармудаанд:
Ҳунар омӯз, к- аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Азам Бобоев, ноҳияи Фархор
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ