Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОФАНДАИ МОҲИР
Вақте зан ҳунарманд асту бо муҳаббат кор мекунад, маҳсули дасташ ҳусну назокати дигар дорад. Намунаҳои кори Гулбаҳор Гулова, роҳбари маҳфили бофандагии Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлонро дида, ба ҳунару маҳорати ӯ қоил гардидем. Анвои мухталифи маҳсулоти аз риштаҳои рангоранг офаридааш чунон зебову назаррабоанд, ки ҳаваси кас меояд.
Гулбаҳор дӯзандагиро аз модар ва бофандагиро аз хоҳари калониаш омӯхтааст. Ӯ аз замони мактаббачагӣ дарздӯзӣ мекард. Модараш Шаҳрбону матоъро пора карда ба вай медод, то Гулбаҳор онро дӯхта, дасташро ба қавле рост кунад. Солҳои пеш, ки барои навзодон занон аз бозор куртаю кулоҳча намехариданд, Гулбаҳор аз матоъпораҳои боқимонда онҳоро омода мекард. Бо гузашти вақт ӯ чевари номӣ гардида, бо дархости занону духтарон ба онҳо либос медӯхт. Апаи зиндаёдаш Моҳбону, ки дар муассисаи тиббӣ кор мекард, ҳунари бофандагӣ ҳам дошт. Гулбаҳор ба кори дастии вай ҳавас карда, бофандагиро низ аз худ намуд.
Сипас ин бонуи ҳунар дар Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар, ки он солҳо филиалаш дар мактаби деҳаашон фаъолият мекард, аз рӯи ихтисоси ресандагӣ таҳсил намуд. Баъд аз оиладоршавӣ дар хонаводаи ҳамсар ҳам касбашро идома дод. Донишгоҳро хатм намуда, солҳои зиёд дар мактаби зодгоҳаш - деҳаи Куган Гулови ҳозира ноҳияи Кӯшониён ба ҳайси омўзгори ибтидоӣ кор кард.
Бист сол қабл Гулбаҳор Гулова ба Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон омад. Ӯ дар оѓоз роҳбари маҳфили “Дастони моҳир”, муддате “Дӯзандагӣ” ва дар ниҳоят мањфили “Бофандагӣ” шуд. Ин зани уҳдабаро, ки маълумоти олӣ дораду ҳам қобилияти эҷодкорию навоварӣ, маҳфили ҳунаромӯзиро чунон ҷолиб мегузаронад, ки аз раванди он кас ҳаловат мебарад. Барои ҳамин ҳам даҳҳо нафар духтарон бо завқ аз ӯ бофандагӣ меомӯзанд.
Агар гӯем Гулбаҳор њамаи чизро мебофад, муболиға нахоҳад шуд. Кулоҳ, гарданбанд, ҷӯроб, дастпўшак, дастпона, либосҳои гарми занонаю мардона, бозичаҳои нарми аз ришта бофташуда ба монанди сабзавоту меваҷот, ҳайвонот, дарахт, гулҳои гуногун, кӯза, қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ, даҳҳо намуди ороишот ва ғайра. Ӯ бо бофандагӣ иктифо намекунад, балки бо истифода аз дигар намуди маҳсулот, аз ҷумла марҷон, қоғаз, ноқил, зарфҳои шишагӣ, латтапора ва ғайра ашёҳое месозад, ки манзилу коргоҳро зинат мебахшанд.

-Бароям бо кӯдакону наврасон кор кардан ҳаловатбахш аст, - мегӯяд Гулбаҳор Гулова. - Дар маҳфили мо аз хонандагони синфи 3 то 11 шомил мебошанд. Аз рӯи барномаи таълимӣ ҳар гурӯҳ ҳафтае як маротиба ба маҳфил меояд. Таҳсил 3 сол идома мекунад. Хоҳишмандон метавонанд ҳар рӯз ва то замоне, ки мехоҳанд дар маҳфил иштирок кунанд. Соли аввал кӯдакону наврасон бо қоидаҳои бехатарӣ ва ашёи истифодашаванда шинос мешаванд, соли дуюм ба бофтан оғоз менамоянд ва дар соли сеюм амалҳои мураккабтарро иҷро карда, ниҳоят ҳунарманди моҳир мегарданд, -иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ин ҳунарманди асил дар соҳаи бофандагӣ донистани ҳисоб ва ҳисси баланди зебоипарастӣ ниҳоят муҳим аст. Зеро ҳар як кӯк шуморида шуда, бо ҳисоби он маҳсулоти бофташаванда ба шакл дароварда мешавад. Бар замми ин бофанда бояд босабру таҳаммул ва оромтабиату нозукбин бошад. Зеро барои чизи наверо офаридан, бо идрок фикр кардан лозим меояд.
Гулбаҳор намунаҳоро аз асл дида мебофад. Аввал худаш нақши ашёро кашида, баъдан ба кӯдакон меомӯзонад. Барои сайқал додани маҳорати эҷодии хонандагон ӯ усулҳои муосири таълимро истифода бурда, маҳфилҳоро ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ баргузор менамояд.
Ин ҳунарманд, ки ба сифати кор диққати махсус медиҳад, дар намоиш-фурӯшу чорабиниҳо меҳмонону иширокчиён ба маҳсули дасти ӯ баҳои баланд дода, барояш аҳсан мехонанд.
-Бофандагӣ касбӣ даромаднок аст. Ба кори мо мизоҷон таваҷҷуҳ доранд. Ҳамарӯза фармоиш дорам. Аз аҳолӣ, боғчаҳои бачагона, ташкилоту муассисаҳо ва ҳатто аз шаҳри Душанбе. Чанде пеш аз пойтахти кишвар бароям омода кардани гулҳои рангорангро дархост карданд. Шукр мекунам, ки касбам бароям ҳам ном ва ҳам нон медиҳад - мегўяд Гулбаҳор Гулова.
Давоми фаъолияти 30 солаи ҳунармандии худ қаҳрамони матлабамон даҳҳо нафар шогирдонро тарбия намуда, ба онҳо ҳунар омӯхтааст. Ӯ духтараш Субҳияро дар қатори беҳтарин шогирдонаш Шукрия, Хушнуда, Нигора, Сабрина ва дигарон ном бурд, ки дастранҷашон таваҷҷуҳи мизоҷонро ҷалб мекунад.
МУҲАББАТ
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ