Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Осори беназире аз ҷавонсолии Қаҳрамони миллӣ
Омӯзиши достону саргузаштҳои қаҳрамононаи нухбагони миллат, ба вижа қаҳрамонҳои миллӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳамзамон ҳифзи таърихи даврони бунёдгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва намои воқеиятҳои таърихӣ барои меҳмонону сайёҳони хориҷӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Таъсиси Осорхона дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз љумлаи иқдомҳои наҷибест, ки дар доираи корҳои ободонӣ амалӣ гардидааст. Дар осорхона ёдгориҳои гуногуни таърихи таъсисëбии Литсей, синфхонаи даврони таҳсил ва фаъолияти минбаъдаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, китобхона ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1969-1971 дар ин муассисаи таълимии касбӣ таҳсил намуда, баъди хатми он фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси устои барқ аз собиқ корхонаи равғани Қӯрғонтеппа оғоз намудаанд.
Айни замон омӯзишгоҳе, ки дар он Пешвои миллат касби аввалини худро гирифта буданд, Литсейи касбӣ- саноати кимиёии Левакант Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон номида мешавад. Бинобар гуфтаи Латифӣ Қиммат Юнус, директори Литсейи мазкур осорхона санаи 27-уми октябри соли 2021 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, то имрӯз ҳазорон сокинони касбу кори гуногун ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ аз ин боргоҳи маънавӣ дидан намудаанд.
Воқеан, дар замони соҳибистиқлолӣ бунёдгузорони иншооти гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла, муассисаҳои фарҳангӣ дар сохтмони осорхонаҳои замонавӣ ва ороишу ҷобаҷогузории осору нигораҳои гуногуни таърихӣ таҷрибаи хуб андухтаанд. Тавре мушоҳида мешавад ҳар як толори Осорхонаи Литсейи касбии саноати кимиёии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант даврони гуногуни ҳаёту фаъолият, таҳсилоти касбӣ ва корномаи мондагори шахсияти маъруфи олам, меъмори сулҳу ваҳдати миллї Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар гирифта, бинанда оид ба шароиту замони касбомӯзӣ ва фаъолияти Пешвои муаззами миллат дар арсаи сиёсатҳои бузург ошноӣ пайдо мекунад.
Бинобар гуфтаи Лутфулло Миров, омӯзгори собиқадори Литсей, даврони соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба 14- уми майи соли 1998 ба ин муассисаи касбомӯзӣ ташриф оварда, бори дувум 20 июни соли 2004 зимни сафари кории худ ба шаҳри Левакант ба Литсейи касбии саноати кимиёии шаҳр низ омада буданд. Сипас, соли 2021 бо иштироки Президенти кишвар ин осорхона кушода шуда буд ва аз ваќти ба фаъолият оғоз намудани ин боргоҳи маърифат таваҷҷуҳи сокинони вилоят ба илму касбомӯзии ҷавонон дар Литсейи касбии саноати кимиёии шаҳри Левакант дучанд гардидааст. Мардум аз асари меҳру маҳбубияти беандоза ба Пешвои муаззами хеш ин осорхонаро ҳамчун макони муқаддас азиз медонанд. Дар осорхона санаду аксҳои нодири таърихӣ нигоҳ дошта шуда, осору нигораҳои ҷолибу арзишманди он таърихи пурифтихори як муассисаи касбомӯзии Тоҷикистонро ифода мекунад, ки дар тарбияи мутахассисони касбӣ, аз ҷумла кафшергари барқӣ, кафшергари газӣ, мутахассиси системаи компютерӣ ва интернет технология, лабаранти кимиёӣ, таҳлилгари кимиёӣ, монтёри барқии зеризаминӣ нақши ниҳоят муҳим доранд.

Дар толорҳои дигари Осорхона асарҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, санаду ёдгориҳои даврони касбомӯзӣ ва адабиёти илмиву касбие, ки Сарвари давлат овони таҳсил дар ин муассиса мутолиа намуда буданд, ба намоиш гузошта шудааст. Зимни ворид шудан ба синфхонаи гурўҳи 10- уми касбомӯзони соли 1969-1971, касро эҳсоси бузурге фаро мегирад. Мизу курсиҳои донишҷӯӣ, маҷаллаи давомоти гурӯҳе, ки дар он Роҳбари давлат таҳсил доштанд ва адабиёти дарсиву дигар асбобу ашёи касбомӯзиро дида, пеши назар манзараҳои нурангези солҳои 1970 ҷилвагар мешаванд. Зеро дар ин муҳити илму маънавиёт шахсияти бузурге таҳсил намудааст, ки баъди бештар аз ду даҳсола зимоми давлатдориро ба даст гирифта, кишвари ҷангзадаву мардумонаш дар гӯшаҳои гуногуни олам сарсону ғарибро аз гирдоби нестӣ наҷот бахшида, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба кишвари ободу дурахшон табдил додааст.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Левакант сол аз сол ободу зебо гардида, сокинонаш ҷиҳати ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҷашнҳои фархундаи кишварро бо дастовардҳои бузург истиқбол намоянд. Дар радифи сол аз сол афзудани шумораи иншооти навбунёди фарҳангию маишӣ ва бунёди даҳҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузург, ҳамакнун бо ташаббуси Сарвари давлат дар ин шаҳри саноатӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мавриди зикр аст, ки бунёдгузории донишгоҳи мазкур, такмили базаи моддиву техникии Литсейи касбии саноати кимиёии шаҳри Левакант ва таъсиси Осорхонаи ин муассисаи касбомӯзӣ мояи иқболу сарбаландии насли ҷавони Истиқлол ва наслҳои ояндаи Тоҷикистон аст, ки дар баробари илму касбомӯзӣ аз махзану илму маонии ин боргоҳи маърифат баҳравар мегарданд.
Юсуфи Собир, шаҳри Левакант
Добавить комментарий
Ахбор
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30Мазҳакаи “Зангирӣ ё дамгирӣ” 13:27Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид 15:49Хатлон. Дар майдони беш аз 9 ҳазору 900 гектар пиёз кишт шудааст 16:05Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд 13:04Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад 11:53Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ 13:59Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд 16:08
Серхонандаҳо
ПЕШАИ ПУРИФТИХОР
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Хатлон. 113- солагии матбуоти тоҷик таҷлил шуд
ХОВАЛИНГ. МАТБАА СОҲИБИ ДАСТГОҲИ ЗАМОНАВӢ ШУД
Дар шаҳри Бохтар 350 ҳазор гул шинонида шудааст
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Пешвои миллат эҳёгари Наврӯз
Хирад раҳнамою хирад раҳкушой
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
СУМАНАК