Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАСТИ ЗЕБОИОФАР
Агар аксари ҳунармандон аз авлод - падару бобокалонҳо пешаи худ ба мерос гирифта, барои ҳифз ва зинда нигоҳ доштани он, талош варзанд, Шеравган аз шавқ заргар шуд.
Шеравган Асоев зодаи деҳаи “Иттифоқ”-и Ҷамоати шаҳраки “Фархор”-и ноҳияи Фархор буда, 34 сол дорад. Ҳунари заргариро замоне аз худ кард, ки дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳсил мекард. Ҳарчанд пешаи интихобкардаи ӯ омӯзгорӣ буду Шеравган бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик таҳсил мегирифт, аммо ӯ ҳунармандиро ихтиёр намуд.
Шиносоӣ бо устоди ҳунар, заргари пуркор Баҳром Ҷумаев шавқу рағбати Шеравган барои омӯхтани заргарӣ бедор шуд.
Ӯ шуруъ аз соли 2007 ҳунари заргариро аз худ кард. Нозукиҳои касбро устодаш ба ӯ омӯзонид.
Ҳоло вай дар ин самт худ ҳунарманду устод аст. Зеро Шеравган 16 сол аст, ки ба сохтани зару зевар машғул гашта, шогирдони зиёдеро ҳам омода намудааст.
- Агар гӯем, ҳамаи ороишоти занона, ки аз тилло, нуқра ва мис омода мешавад, сохта метавонам, хато намекунам,- мегӯяд заргар. – Зеро асосан панҷ соли ахир аз пайи сохтани зару зевари фармоишгирифтаи худ кор мекунам. Мизоҷон ҳар гуна ороишоте, ки супориш диҳанд, ба хости дили онҳо сохта медиҳам.
Бояд гуфт, ки Шеравган дар бозори марказии ноҳияи Фархор дукони заргарии худро дорад. Ӯ ҳама намуди ҷавоҳирот, махсусан ангуштарӣ, дастпона, гарданбанд, гӯшвор ё худ ҳалқа сохта, пешниҳоди мизоҷон мегардонад.

Ба андешаи Шеравган заргар шудан осон аст, агар дар замират сабру таҳаммул, зиракӣ ва ҳисси кунҷковӣ нуҳуфта бошад. Чун пешаи бисёр майдакор аст. Аз ин рӯ аз кас таҳаммулпазириро талаб менамояд.
- Вақте бори аввал ба омӯхтани нозукиҳои заргарӣ пардохтам, дар назарам басо кори мушкил намуд,- мегӯяд Шеравган. – Наздик буд, ки аз омӯхтани он даст кашам. Чун устодам бисёр марди хушгуфтор ва ботамкин аст, маро водор кард, то ин ҳунарро аз худ намоям.
Ба гуфтаи Шеравган Асоев аслан заргариро ба он хотир ӯ замони донишҷӯӣ интихоб кард, ки бо ин васила ҳам таҳсил гирад ва ҳам пул ба даст орад. Зеро мехост, камбудиҳои худро бидуни кумаки оила бартараф созад.
Ҳамин хел шуд, ки ба заргарию зару зевар дил басту ин шуғлро барои худ касби доимӣ интихоб кард. Пас аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашта, ба омода намудани ороишоти занона аз тиллою нуқра ва мис идома бахшид.
Ҳоло бо ин ҳунари худ ҳам соҳибном аст ва ҳам зиндагиашро пеш мебарад.
Низоми ИСО
н. Фархор
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



