Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Зафари Валӣ: ОЯНДАИ “ХАТЛОНСИНАМО” ДУРАХШОН АСТ
Филм муассиртарин навъи санъат буда, ба рушди минбаъдаи он дар замони соҳибистиқлолии мамлакат заминаҳои воқеӣ гузошта шуд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кино” ва ба тасвиб расидани Барномаи рушди кинои тоҷик барои давраҳои гуногун имкон фароҳам овард, ки Муассисаи давлатии “Хатлонсинамо”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон соли 2017 таъсис ёбад.
Агар гӯем, ки таърихи ба вуҷуд омадани студияи филмофарӣ дар вилоят аз айёми донишҷӯии ҷавони бомаҳорат Зафари Валӣ дар риштаи киноматографияи яке аз донишгоҳҳои касбии Федератсияи Россия оғоз ёфтааст, муболиға нахоҳад шуд. Зеро соли 2010 ӯ, ки дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба ҳайси ҳунарпеша кор мекард, боғайратона барои идомаи таҳсил дар соҳаи синамо ба хориҷи кишвар рафта, бо ҷалби ҷавонони фаъолу эҷодкор филми “Марги сафед”-ро ба навор гирифт.
Аз ҳамин ҷо шуълаи ин санъати воло ба дили Зафар Валию ҳамроҳонаш афрўхт ва ӯ бо аҳли гурӯҳ филми ҳунарии навбатиро бо номи “Асрори тақдир” рӯи пардаи синамо оварда, кори дипломиашро сарбаландона ҳимоя намуд.
Сипас, бо ибтикори ҷавонони соҳибзавқу пурталош дар маркази вилоят зери ҳамин ном студие ташкил ёфт, ки дар он гурўҳи эҷодкорон Зафари Валӣ, Исломиддини Убайдулло, Парвиз Раҷабов, Алиҷон Пирхонов ва чанди дигар аз арсаи фарҳангу санъат ба ҳам омада, филми ҳаҷвии “Хаёлӣ” ва чандин лавҳаву намоишҳои телевизионӣ офарида шуд.
-Вақте филми “Асрори тақдир” омода шуд, онро ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят пешниҳод намуда, барои намоиш дар шаҳру ноҳияҳо иҷозат хостем. Хушбахтона, масъулин ташаббус ва дархости моро хуш пазируфтаанд ва ҳамин тавр ғояи таъсиси “Хатлонсинамо” ба вуҷуд омад, - иброз дошт дар оғози суҳбат Зафари Валӣ, дирекори Муассисаи давлатии “Хатлонсинамо”.
Бо таъсис ёфтани чунин як студияи махсуси филмофарӣ роҳбарият ва ходимони он кори худро аз фароҳам овардани шароити созгори эҷодӣ оғоз намуда, марҳила ба марҳила бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят заминаи моддию техникии “Хатлонсинамо”-ро беҳтар намуданд. Худи ҳамин сол муассиса баҳри баланд бардоштани сифати сабти филмҳо дастгоҳи наворбардории гаронарзиши касбӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти муосири соҳавиро дастрас намуд, ки дар пешбурди фаъолияти синамогарон таъсири мусбӣ мерасонад.
Ба муассиса ҷавонони болаёқату корозмуда ва мутахассисони касбӣ ҷалб гардида, фазои мусоиди синамоӣ сохта шуд. Дар раванди фаъолият ва ташкили кастингҳо неруҳои эҷодии нав ба майдон омада, қадамҳои устувори худро дар ин соҳа гузошта истодаанд.
- Ҳангоме, ки мо ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ филмҳои худро ба намоиш гузоштем, аз миёни хонандагон як нафар шавқу рағбати худро ба ин касб изҳор дошта, хоҳиши таҷрибаомӯзӣ намуд. Он ҷавонро мо ба “Хатлонсинамо” ҷалб карда, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои идомаи таҳсил ба Филиали Донишкадаи давлатии умумирусиягии киноматографияи ба номи С. Герасимов дар шаҳри Тошканд фиристодем, - зикр дошт Зафари Валӣ
- Дар доираи “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” Ҳукумати мамлакат ба ҷавононе, ки хоҳиши таҳсил дар соҳаи синаморо доранд, имтиёзу квотаҳо пешниҳод намудааст. Аз ин лиҳоз мо тасмим дорем, ки се нафари дигарро ҳам барои идомаи таҳсил ба хориҷи кишвар бифиристем, то онҳо мутахассиси соҳа шуда, дар Ватан ба мо бипайванданд, - дар идома афзуд ӯ.
Дар натиҷаи ҳамкории зич бо филмноманависону коргардонњо ва ҳунарпешагони саршиноси кишвар Хайрулло Давлатов, Алишер Ашӯрзода, Одина Маҳмад, Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Убайдулло Раҷабов, Аловуддин Абдуллоев, Қурбони Собир, Назирмад Мусоев ва Зулхумори Иброҳим гурўҳҳои эҷодию техникии муассисаи номбурда таҷриба омӯхта, малакаашонро такмил доданд. Онҳо дар робита бо мутахассисони соҳа ва бо истифода аз имконоти мавҷуда якчанд филми бадеӣ офарида, тамошобинони худро пайдо кардаанд.
Кормандони муассиса Зафар Муҳаббатов, Сироҷиддин Абдуллоев, Ифтихор Бегов, Раҷабалӣ Шарипов, Манучеҳр Мираков, Меҳриддин Мирзоев, Дилшод Нуруллоев ва дигарон имрӯзҳо дар истеҳсоли филмҳо саҳми намоён доранд.
- Муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” беш аз панҷ сол мешавад, ки фаъолият дорад. Ман фикр мекунам, ки ин муддат барои анҷоми як кори нодир ва натиҷаи дилхоҳ дар соҳаи синамо вақти зиёд нест. Албатта, мо барои расидан ба муваффақиятҳои бештар талош дорем. То ин дам филмҳои ҳунарии “Саҳв”, “Фариштаи умед”, “Артист”, “Журналист”, “Гирдоб”, “Номус”-ро ба навор гирифта, ҳоло аз рӯи филмномаи “Сабр” кор карда истодаем. Ҳамаи ин филмҳо борҳо тариқи телевизионҳои кишвар пахш гардидаанд ва тамошобинон онҳоро мебинанду медонанд – қайд намуд, директори муассисаи номбурда.
Синамои тоҷик ҳамчун як қисми фарҳанги миллӣ дар тӯли мавҷудияташ рисолати худро иҷро намуда, дар баробари таъсир расонидан ба афкори умум, дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа нақши муассир дорад.
Қатъи назар аз он, ки кино аз лиҳози мазмуну муҳтаво воқеияти зиндагиро бозгӯ мекунад, ҳамчунин саҳнаҳои пурпечутоби он моро ба сӯйи арзишҳои инсонию қадршиносӣ ва тинҷию амонӣ раҳнамун намуда, ҳамчун дастгоҳи бузурги идеологӣ ғояҳои ватандӯстию ватанпарварӣ ва муҳаббат ба ҳамдигар ва муттаҳидию накукориро талбиғ мекунад. Ба гуфтаи масъулини Муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” барои ҳамин филмҳои истеҳсолнамудаи онҳо иҷтимоӣ буда, фарогири мавзуъҳои ҳаётӣ ва зебоию ноқисиҳои он мебошад.
- Мо ба истеҳсоли филмҳои тарбиявӣ бартарӣ медиҳем. Вале дар ин росто ҳамчунин мехоҳем, ки оид ба ин ё он масоили ҷаҳоние филм ба навор гирем, ки дархўри замон бошад ва мушкилоти умумибашариро инъикос намояд. Зеро дар ҳоли ҳозир дар кинофестивалҳои маъруфи олам ҳамон филмҳое ҷоиза ба даст оварда истодаанд, ки на танҳо ҳунарию мазҳакавӣ, публисистию бадеӣ ва ё мустанаду тахайюлианд, балки онҳо ифодакунандаи як масоили башарӣ мебошанд. Масалан, филме дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ба монанди обу иқлим ва ба ҳамин монанд, - қайд намуд мусоҳиби мо.
Дар поёни суҳбат Зафари Валӣ изҳори умеду боварӣ намуд, ки фаъолияти як муассисаи алоҳидаи синамоӣ дар вилоят худ нишони пешрафт буда, ояндаи “Хатлонсинамо” дурахшон хоҳад буд.
Амонулло Бахтиёрзода
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД