Сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Хатлон

3 октябри соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти таъиноташон гуногун иштирок ва аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дидан намуданд. Дар ин сафар Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамроҳӣ карданд.

ХУРОСОН. БУНЁДИ БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИДОРАИ ЗАМИН

Дар ноҳияи Хуросон бо иштироки Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид бинои маъмурии Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиклоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои маъмурии Кумитаи идораи замини ноҳия соли 2019 бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷараёни сафарӣ корӣ ба ноҳияи Хуросон оғоз гардида аст. Бинои маъмурии кумита дар масоҳати умумии 300 метри мураббаъ сохта шудааст. Фармоишгар ва маблағгузори иншооти мазкур кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суҳайл бахт”, шаҳри Леваканд анҷом дода шудааст.
Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум 7 утоқи корӣ ва дар ошёнаи дуюм як мачлисгоҳ барои 50 ҷой, 6 утоқи корӣ ҷойгир мебошад. Инчунин, дар таҳхонаи бино бойгонӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин, дар гирду атрофи иншоот гулкорӣ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 48 дарахти ороишӣ (кипарис, туя, сосна), ва 2000 дона гулҳои ороишӣ шинонида шуда, ҳамаи қитъаҳо майсазор карда шудаанд.

Сохтмони бино соли 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2023 барои мавриди истифода қарор додан омода шудааст. Арзиши лоиҳавии сохтмони иншооти мазкур 1 миллиону 900 ҳазор сомониро дарбар мегирад.
Дар идомаи сафари корӣ бо иштироки Қоҳир Расулзода ва Давлаталӣ Саид маросими ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 23 ва № 50 баргузор гардид. Бунёди ин таълимгоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони 11 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №23 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон таҳти роҳбарии раиси махалла Саидов Абдуназар ва аҳолии деҳаи Навзамин ба анҷом расонида шудааст. Бинои таълимии мазкур аз 1 ошёнаи борат буда, дар майдони 720 м2 бунёд шудааст ва дар он тамоми шароити муосир барои кору фаъолияти омӯзгорон ва таълими хонандагон муҳайё мебошад. Маблағи умумии лоиҳаи бино 1449,925 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 50 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хидиров Бобошер, аҳолии деҳаи Ҷавонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба охир расонида шудааст. Маблағи умумии лоиҳаи бино 911,240 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 – и ноҳия тахминан соли 1982 сохта шудааст. Муассисаи мазкур дар деҳаи Ҷавонии деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Хуросон ҷойгир аст. Дар ин муассисаи таълимӣ айни замон машғулиятҳо гузаронида истодаанд, вале норасоии синфхонаҳои таълимӣ ба назар мерасад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 дар масофаи 16 км аз маркази ноҳия ҷойгир мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ғунҷоиши синфхонаҳо барои таълими дурусти хонандагон душвориро пеш меовард. Аз ин рӯ, сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди ин муассиса имконият медиҳад, ки мушкилоти норасоии синфхонаҳои иловагӣ аз байн рафта, хонандагон дар синфхонаҳои барҳавои тозаву озода ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Бо сохта ва истифода дода шудани синфхонаҳои иловагӣ, барои тараққӣ ёфтани ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи омӯзиш, маърифати хонандагон, кам кардани камбизоатӣ ва беҳтар гардонидани шароит барои омӯзгорон саҳми арзанда мегузорем.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид ифтитоҳи ин синфхонаҳои иловагиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, ба устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат дар кори омӯзишу парвариш комёбӣ таманно карданд.
КӮШОНИЁН. БОЗДИД АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

Дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз самаранок истифодабарии замин дар гармхонаҳои хоҷагиҳои деҳқонии “Абдусолеҳ” ва “Ҳоҷидавлат” воқеъ дар деҳаи Бофандаи ноҳияи Кӯшониён боздид намуданд.
Хоҷагии “Ҳоҷидавлат” масоҳати умумии 3,3 гектарро ташкил медиҳад, ки аз соли 2022 дар майдони 1,5 гектар гармхона фаъолият намуда истодааст. Хоҷагии мазкур дар кишти якум навъи помидори Замираро ба роҳ монда айни ҳол ҷамъоварии ҳосилро оғоз намуда то ба имрӯз зиёда аз 2,0 тонна помидорро ба ҳисоби миёна аз 4,5 то 4,0 сомонӣ ба фуруш бароварда истодааст. Дар хоҷагӣ 7 саҳмдор кору фаъолият намуда, музди меҳнати миёнаи онҳо дар як моҳ 1500 сомонӣ ташкил намуда, илова бар ин ҳангоми корҳои агротехникӣ кормандони кирояро ҷалб намуда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 50,0 сомонӣ музди меҳнат пардохт менамоянд. Ҳосилноки ва нашъунамои маҳсулот дар гармхонаҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Хоҷагии деҳқонии “Абдусолеҳ”-ро Раҳимҷонов Абдусолеҳ роҳбарӣ намуда, масоҳати умумии хоҷагии мазкур 0,94 гектар ташкил намуда, аз соли 2022 фаъолият намуда истодааст. Хоҷагии мазкур дар кишти якум бодиринги навъи Замира кишт намуда, ба ҳисоби миёна 300 сентнерӣ ҳосил гирифта 1 килограмм бодирингро аз 4,5 сомонӣ то 1,0 сомонӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Хоҷагӣ дорои 2 саҳмдор буда музди меҳнати миёнаи онҳо дар як моҳ 1500 сомонӣ ташкил намуда, илова бар ин ҳангоми корҳои агротехникӣ кормандони кирояро сафар бар намуда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 50,0 сомонӣ музди меҳнат пардохт менамоянд.
БОХТАР. ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНАИ "ВАТАН" ВА "BOSHIDAN"

Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар меҳмонхонаҳои "Ватан" ва "Boshidan" ба истифода супорида шуданд.
Ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят гуфта шуд, ки меҳмонхонаи "Ватан" дар масоҳати умумии бино 580 метри мураббаъ сохта шудааст. Бинои меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ дар масоҳати 300м2 анҷом дода шудааст.
Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи якум ва тагхона мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока ва таҷҳизотҳои маишӣ пешбиншудааст, ки ба мизоҷон хизмат расонида мешавад. Дар қисмати болои бино меҳмонхона бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст.

Бунёд шудани меҳмонхона бо ташкил намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва тагхона зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Қомат афрохтани бинои меҳмонхона имкон фароҳам сохт, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд, бо хизматрасониҳои босифат дастрасӣ пайдо намоянд инчунин ба ҳусни шаҳри Бохтар зебоӣ зам гардад.
Меҳмонхонаи "Boshidan" дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ дар масоҳати 300м2 анҷом дода шудааст.
Масоҳати умумии бино 1080 метри мураббаро ташкил медиҳад. Бинои меҳмонхона аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум ҷои қабули меҳмонон, ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасони меҳмонхона сохта шудааст. Дар қисмати болои бино, дар ошёнаи 2-юм ва 3-юм меҳмонхонаҳо бо тарҳи замонавӣ сохта шудаанд.
Бунёд шудани меҳмонхона зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Қомат афрохтани бинои меҳмонхона имкон фароҳам сохт, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд, бо хизматрасониҳои босифат дастрасӣ пайдо намоянд, инчунин бинои мазкур ба ҳусни шаҳри Бохтар зебоӣ зам намудааст.
Ҷ. БАЛХӢ. БА ИСТИФОДАДИДИҲИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА МАРКАЗИ САЛОМАТӢ

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷ. Балхӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи саломатӣ иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дар деҳаи Комсомоли Ҷамоати деҳоти Навобод ҷойгир шудаст. Дар муассиса 653 хонанда, аз ҷумла 353 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон 45 нафарро ташкил медиҳад.
Дар муассиса 13 синфхона мавҷуд буда, айни замон сохтмони 5 синфхонаи дигар ба анҷом расонида шудааст. Панҷ синфхонаи иловагии таълимӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша, ба тариқи ҳашар сохта шудааст. То инҷониб синфхонаҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатии хусусии “Рустам” дар деҳаи Узуни Ҷамоати деҳоти Золи Зар ҷойгир шудааст. Марказ сеошёна буда, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ ва муваффақи ноҳия Раҷабзода Эмомалӣ сохта шудааст. Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони Марказ айни замон ба пуррагӣ ба анҷом расида, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар идома меҳмонон аз ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии ба номи Н. Бегов дидан намуданд.
Дар деҳаи Комсомол дар ҳудуди хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегов аз тарафи шаҳрванд Наҷмиддинов Қобил 13 гектар замин иҷора гирифта, пахта корида шудааст. Мавриди қайд аст, ки хоҷагии Н. Бегов яке аз хоҷагиҳои калон дар ҳудуди ноҳия ва вилоят ба ҳисоб рафта, 1506 гектар заминро фаро мегирад. Дар хоҷагӣ тамоми намуди маҳсулотҳои кишоварзӣ кишт карда мешавад. Асоси кори хоҷагиро пахтакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад.
Сарвазири мамлакат ва роҳбари вилоят оид ба тезонидани суръати чиниши пахта бо дарназардошти барвақт фаро расидани фасли сармо ва ҷамъоварии саривақтии андозҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.


Добавить комментарий