Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Тараннуми ватандорӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода
Дар садаи ХХ як зумра симоҳои дурахшони илмию адабӣ, фарҳангию сиёсии миллати тоҷик дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстию якдилии халқиятҳо саҳми намоён гузоштанд. Чеҳраҳои намоёни ин замон устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Мирзо Турсунзода дар ҳифзи забону таърих, фарҳангу тамаддун ва дар таҳкими давлати миллӣ нақши муаассир бозиданд. Дар радифи ин фарзонафарзандҳо шоири шаҳири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон мунодии сулҳу дӯстии халқҳо Мирзо Турсунзода бо ашъори дилангезаш маҳбуби қалбу забонҳо гардидааст.
Мирзо Турсунзода дар замони хеш хидмати арзишманд нишон дода, пеш аз ҳама дар осораш арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъии халқиятҳо ва ободию созандагии Ватанро тараннум намудааст. Ин шоири ватансаро бо асарҳои хеш насли нави ҷомеаро дар роҳи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбият намуд. Ӯ фарҳанги пурғановати тоҷиконро бо ифтихори баланди ватандорӣ дар саҳфаи сафеди ашъораш васф кардааст.
Устод Турсунзода дар мавзуъҳои гуногун шеър эҷод намуда, муҳаббати Ватанро дар ҷойи аввал донистааст. Ӯ бо ашъори дилпазиру дилнишини хеш, васфи ватану диёр, дӯстию ҳамдилии халқҳоро ба ҳам пайванд намуд. Забони шеъри устод равону шево буда, аз ин ҷиҳат на танҳо мардуми мо балки халқҳои ҷаҳон аз ӯ баҳра бардоштаанд. Шеъри ӯ тарғибгари ғояҳои дӯстию ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ормонҳои миллии халқи тоҷик аст, ки мардуми заҳматкашу ободгарро таҷассум менамоянд. Нигоҳу тасвирҳои бадеии шоир аз нукоти дурдонаҳои фарҳангу тамаддуни бостонии миллати тоҷик маншаъ гирифтааст, ки онро шеъри умумибашарӣ мегӯянд.
Шоири инсондӯст бо тафаккури волояш пеш аз ҳама моро ба расми ниёгонамон, ки Ваҳдату якдилӣ ва оромию озодист, даъват менамояд:
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
Яке аз мавзуъҳои муҳимми адабиёти тоҷик, ҳуввияти ватандорӣ ва ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Мирзо Турсунзода бо вуҷуди дар давраи ҳассосу мушкил фаъолият доштанаш забону таърихи пурғановат, табиати зебои диёр, фарҳанги оламгири тоҷиконро дар осораш тараннум кардааст. Шеъри ӯ ҷавҳари ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои миллатро дорост. Ҳифзу асолати марзу буми аҷдодӣ ва сулҳу суботи поянда дар осори ӯ хеле самимӣ садо додааст. Шоир муҳаббати Ватанро чун домони модар барои ҳар шахс муқаддас медонад. Мо имрӯз ибораи машҳури «Ватан-модар»-ро мегӯему мешунавем, ки дар байтҳои зерини шоир таъкид шудааст:
Ватан, меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд,
Дилам аз хуррамӣ чун ғунча во шуд.
Хуш он касро, ки дар оғӯши гармат,
Намояд зиндагию кору роҳат.
Ба монандат касе модар надидаст,
На дидасту на дар олам шунидаст.
Манзумаи мазкур бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ тараннум ёфта, аз фарзандони ватандору ватанхоҳи асили миллати тоҷик будани шоир дарак медиҳад.
Мо аз саргузашти шоир огаҳем, ки ӯ ба як қатор кишварҳои ҷаҳон сафар дошт ва бо вуҷуди лаҳзаҳои пурнишоту ҳайратангези дидааш ёди Ватан мекард. Манзараҳои кӯҳу даман, обҳои мусаффои кӯҳсорони Ватан ва ёди ёру дӯстонро пеши назар меовард:
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Адиб дар сафарҳои дуру дарозаш таҷрибаи рӯзгорро дидаву санҷида, мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ - фарҳангии халқҳоро хуб омӯхта, асоси ҳастии миллатро дар ваҳдати миллӣ донистааст. Дар осори ин шоир бештар андешаи инсондӯстона, ваҳдатгароӣ ва садоқату муҳаббати самимӣ садо додааст, ки ганҷинаи бузурги забону адабиёти тоҷик ба шумор меравад.
Агар ба ҳаёту фаъолияти адабии Мирзо Турсунзода фарохтар назар кунем мебинем, ки ӯ на танҳо адибу рӯзноманигор, балки мунодии сулҳу дӯстӣ ва тарғибгари беҳтарин хислатҳои инсондӯстӣ шинохта шудааст.
Инсон дар оғӯши Ватан ба камол мерасад, шодию сурур меварзад. Аз ин рӯ, меҳру муҳаббат, сулҳу субот, Ваҳдату ягонагии Ватан барои ҳар як фард аз ҳама ганҷи дунё болотар меистад. Барои ҳастии неъмати бебаҳои Ватандорӣ ҳеҷ кас ҷони хешро дареғ намедорад. Ҳамон тавре ки Мирзо Турсунзода гуфтааст:
Ту зинда бош Ватан- хонаи умеди халқ,
Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон ҳаргиз.
Даме, ки мешумурам пурбаҳо суханҳоро.
Чӣ медиҳӣ ба Ватан?
Ҳар касе, ки пурсидам,
Ҷавоб дод:
«Надорам дареғ ҷон ҳаргиз!»
Миёни халқу Ватан сахт аҳду паймон аст,
Набуду нест ҷудоӣ дар ин миён ҳаргиз.
Мирзо Турсунзода кору фаъолияти эҷодии хешро бо гузашта пайванд намудааст. Махсусан мавзуи ватандорӣ дар шеъри ӯ тасвири манзараҳои зебои Ватан, ҳастӣ дар Ватан, ҳифзу ҳимояи марзу бум, сулҳу дӯстӣ, ҷавонмардию далерӣ ва дигар арзишҳои умумибашарӣ аз адабиёти классикии форсу тоҷик сарчашма мегиранд. Мавзуи ватанпарастӣ дар масири таърихи адабиёти пурғановати мо хеле фаровон мавриди таваҷҷуҳ қарор ёфтааст. Аз ҷумла устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар назми «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме», ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш ситоиш аз Ватан намудаанд:
«Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем»,
Ҳамчунин дар ғазалиёти шайх Камоли Хуҷандӣ мавзуи мазкур аз чунин байтҳо сарчашма мегирад:
«Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?!» ва амсоли инҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки адибони гузаштаи мо ба Ватани хеш муҳаббати беандоза доштанд ва ҳидоятгари ин роҳ буданд. Гуфтаҳои боло баёнгари он аст, ки ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ ва меҳри Ватани аҷдодӣ дар ҳама давру замон вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Мирзо Турсунзода низ ҳамчун адиби донишманду ватанхоҳ ҳамеша дар осораш ҳимоя аз ватандорӣ намудаву моро ба қадри ин ганҷи бебаҳо расидан тарғиб намудааст:
Он қадар дар дилписандӣ, дилписандӣ, Ватан,
Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан.
Ҳеҷ дар дунё надорад рангу бӯятро чаман,
Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан.
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ,
Аз бароят ҷон диҳад инсон агар, арзандаӣ!
Синаро созад ба ҳифзат гар сипар, арзандаӣ!
Дар адои хизматат тозад ба сар, азандаӣ!
Аз сарат пошанд мардум симу зар, арзандаӣ!
Дар ниҳоят метавон гуфт, ки ашъори дилпазири Мирзо Турсунзода саршори ормони ватандорию ватандӯстӣ буда, паёме аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи пояндаи миллати шарафманди мост.
Турахонов Салоҳиддин- омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»