Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
23 сен 10:52АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод
Хатлон - мавзеи хубе барои сайёҳон
“Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд.”
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, кўҳҳои осмонбўсу сарбафалак ва боғҳои дилрабо дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Дар вилояти Хатлон низ кам нестанд мавзеъҳои сайёҳие, ки бо табиати дилфиреби хеш қалби ҳазорон нафар сайёҳонро тасхир карда, ҳамасола аз ин мавзеъҳои сайёҳию таърихӣ сайёҳони зиёде дидан мекунанд.
Бо мақсади ошно гардидан аз мавзеъҳои сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ дар вилояти Хатлон хабарнигори маҷалла мусоҳибаеро бо сармутахассиси Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сатторзода Саёҳат анҷом додааст, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

-Мегуфтед, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон чӣ қадар мавзеъҳои сайёҳӣ мавҷуд асту дар ин мавзеъҳо барои қабули сайёҳон чӣ гуна шароит фароҳам оварда шудааст?
-Дар вилояти Хатлон 139 адад мавзеъҳои сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо тамоми шароити мусоит барои қабули сайёҳон муҳайё карда шудааст. Фаъолият кардани 118 адад меҳмонхона, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 267 тарабхонаю чойхона, 50 адад хомстей ва гестхаусҳо, 115 адад зиёратгоҳҳо ва 45 боғҳои фарҳангию фароғатӣ гувоҳи онанд, ки ба ин соҳаи сердаромад дар вилояти Хатлон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Дар ин баробар дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят 67 мағозаи фурӯши армуғонҳо ташкил карда шудааст, ки сайёҳон метавонанд дилхоҳ армуѓони мақбули дили хешро аз ин мағозаҳо пайдо кунанд.
-Давоми моҳҳои сипаригардида чӣ қадар сайёҳон ба вилояти Хатлон ташриф оварданд?
-Тибқи маълумоти масъулони шаҳру ноҳияҳо ба вилояти Хатлон дар давоми моҳҳои сипаригардидаи соли ҷорӣ 538 ҳазору 456 нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 488 ҳазору 133 нафарашон сайёҳони дохилӣ ва 50 ҳазору 323 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ 47 ҳазору 166 нафар ва аз ҳисоби сайёҳони дохилӣ 301 ҳазору 866 нафар зиёд шудааст.
- Бештар онҳо аз кадом минтақаҳои сайёҳии ҳудуди вилоят дидан кардаанд?
-Тибқи таҳлилҳо сайёҳон бештар аз мавзеъҳои Чилучорчашма, Хоҷа Машҳад, Сари Хосор, Чилдухтарон, Ҳазрати Амирҷон ва Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, ки дар байни мардум бештар маъмуланд, дидан кардаанд.
- Сайёҳон аз мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон аз куҷо маълумот мегиранд?
-Бо мақсади ба сайёҳон дастрас будани маълумот ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои соҳаи сайёҳии вилоят сомонаи алоҳидаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон www.sayohikhatlon.tj омода гардидааст. Дар баробари ин саҳифаҳои сайёҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Телеграмм ва Инстаграм бо номи “Tourism Khatlon” таъсис дода шудааст, ки маълумотҳои ба соҳаи сайёҳӣ алоқамандбуда аз тарафи мутахассисон мунтазам бо се забон нашр карда мешаванд. Инчунин ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилоят, баҳри сайёҳон дар гузаргоҳҳои сарҳадии “Панҷи поён”- и ноҳияи Ҷайҳун, “Айвоҷ”-и ноҳияи Шаҳритус, фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, осорхона ва дар қисман шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар умум 26 адад марказ ва нуқтаҳои иттилоотии сайёҳӣ таъсис ёфта, фаъолият намуда истодаанд.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри ҷалби сайёҳон, муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон маводҳои зиёди иттилоотии сайёҳӣ, аз қабили харитаи сайёҳии вилояти Хатлон бо забони англисӣ, харитаи сайёҳии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Балҷувон бо забонҳои русӣ ва англисӣ, кластери соҳаи сайёҳӣ ва маҷаллаи сайёҳӣ бо забони русӣ, ёддошт, буклетҳо бо се забон, феҳристи ҳунарҳои мардумӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва монументалӣ, роҳнамо барои сайёҳон бо се забон, гайдбуки минтақаи Кӯлоб бо забони англисӣ, наворҳои видеоӣ, барномаҳои телевизионӣ ва дигар маводҳои тарғиботӣ таҳия гардида, дастраси ширкатҳои сайёҳии ватанӣ гардонида шудаю тариқи телевизион ва шабакаҳои интернетӣ ҳамарӯза паҳн гардида истодааст. Инчунин Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади муаррифии имкониятҳои соҳаи сайёҳии вилоят давоми соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо телевизионҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ видеороликҳои сайёҳии мавсимӣ ва барномаҳои телевизионӣ ба монанди сайёҳии аграрӣ, экологӣ ва куҳнавардӣ омода намуда, пахш намудааст, ки фикр мекунам писанди тамошобинон гардидааст.
-Хуб аст, ки ҳамкориро бо намояндагони васоити ахбори оммаи вилоятию ҷумҳуриявӣ дар сатҳи лозимӣ ба роҳ мондаед. Бо воситаҳои ахбори хориҷӣ ҳам ҳамкорӣ доред?
-Бале дорем. Бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ташвиқу таблиғи имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон тариқи шабакаҳои телевизионии байналмилалии “Мир 24”, “Моя планета”, “НТВ”, “BBC-world news” ва “National Geografik” якчанд барномаҳои ҷолибу дидании телевизионӣ пешкаши мухотабони ин шабакаҳо гардидааст. Дар оянда низ мо нақша дорем бо дигар шабакаҳои байналмилалӣ ҳамкориро ба роҳ монем.
Суҳбаторо Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»