Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗАНИ АКАДЕМИК
Ин ҳодиса 30 сол пеш рух дода буд...
Меъдаи ману рӯдаҳои ҳамсарам ҳеҷ аз дард намемонд. Азоб доштем. Шояд асари гушнагардии замони донишҷӯӣ буд. Воқеан, ману ҳамсарам ҳамсабақ ҳам ҳастем. Овони донишҷӯӣ якдигарро дӯст доштем. Оила барпо кардем. Аз ҳамон замон доим якҷоем. Шукр, ду фарзанд дорем. Ҷойи корамон низ як ҷо – донишгоҳ.
Вақти хуруҷи беморӣ азобҳоямон меафзуд. Шояд Худованд ҳама чизро барои ҳардуи мо ҳамроҳ додааст. Ҳам шодиву ҳам дардро. Бо тавсияи табибон ману ҳамсарам рухсатии навбатиамонро хостем дар истироҳатгоҳ гузаронем. Барои ин ҳай даводав кардем-е. Аз донишгоҳ, вазорат, иттифоқи касаба ва садҳо ҷои дигар тавсиянома ҷамъ оварда, бо сад азоб роҳхат пайдо кардем. Он вақтҳо осон набуд ба даст овардани роҳхат ба осоишгоҳ, бахусус истироҳатгоҳи аҳамияти умумииттифоқӣ. Бори аввал тавассути тайёра ба истироҳатгоҳи Элбрус, ки бениҳоят овозадор буд, рафтем. Баъди муоина ва дидани таърихи бемории мо духтур барои ҳардуи мо дар алоҳидагӣ табобат фармуду мо ҳам ба оҳистагӣ ба истироҳаткунандагон шинос мешудем. Одамони касбу кори гуногун. Аз корманди одӣ то роҳбарони корхона ва ҳатто котибони ҳизбӣ. Мо- занҳо вақтҳои фориғ аз табобат дар харакҳои саҳни осоишгоҳ, ки дар воқеъ бениҳоят як ҷои зебою озода буд, суҳбат меоростем, тахмин мезадем ва ҳатто, гап байни худамон, ғайбат низ мекардем.
Ба ҳуҷраи рӯбарӯи мо ҷуфти калонсолтарро ҷой карданд. Пеш аз ворид шудани ин ду нафар кормандони истироҳатгоҳ ҳай даводав карданд. Ҳуҷраро се-чор маротиба тоза намуданд. Кўрпаву болини нав оварда, ҳатто ҷевонашро низ иваз карданд. Ҳама ҳайрон буд, ки ин ду нафар кӣ бошад.
Ҳамааш баъди омаданашон маълум шуд. Марди қоматбаланди мӯисараш мошу биринҷ аз мошини хизматии он вақтҳо камёфти «Волга”-и сиёҳ фаромад. Аз пасаш зани миёнақади фарбеҳи ҳуснаш коҳида. “Академик бо ҳамсараш”, - хабар дод ба мардум духтараки бақайдгиранда.
Марду зан ягон 65- 70 сола буданд. Базӯр роҳ мегаштанд. Доим дастибадаст буданд. Ҳама эҳтиромашон мекарданд, тамоми шароит дар як они воҳид барояшон омода мешуд. Ду корманди осоишгоҳ доим ба ин ду нафар дар хизмат буданд. Дигарон ҳавас мекарданд. Аммо гап сари ин не. Аҷоибот баъдтар сар шуд.
Иттифоқан ин академику ҳамсарашро дар ошхона бо зани ҷавоне сари як миз шинониданд. Зани ҷавон ду-се рӯз назорат карду сипас ҷилавро ба даст гирифт. Истироҳаткунандагон акнун мардро бо зани ҷавони тахминан 30-35 сола медиданд, ки ин ҳолат ба деги ҳайрату ғайбаташон равған мерехт. Зани академик пажмурдаву хаста менамуд. Ба фикр фурӯ рафта буду ҳатто баъзан вақт саломи дигаронро, ки пештар бо табассуми малеҳ ҷавоб медод, намешунид. Мард талош кард, ки ба зани ҷавони ба ӯ часпида ҳуҷраи алоҳида бидиҳанд. Доданд. Мард бо зани ҷавон мешукуфту ин зан пажмурдатару бенуртар шудан мегирифт. Ҳама марду ин зани сабукфикрро маломат мекарданд. Зани академик як бегоҳ назди мо нишаст. Дарди дил кафонд. Ин ҷавонзан сари шавҳарашро гаранг карда, ба гуфти ӯ “мӯйсафеди бекалла” ба ин духтар ошиқ шудааст.
- Ошиқ? Эҳее ошиқ - а, ин духтар ба кисаи шавҳаратон ошиқ аст, - ба гап оғоз кард, зани тахминан 50 солаи молдаван, - мардҳо ҳамааш ҳамин, дар сарашон танҳо бод аст. Ташвиш накашед, ҳеҷ куҷо намешавад. Ин зан пулашро, ки ба пуррагӣ хӯрд, дав-давон меояд. Аммо зани академик тан додан намехост. Ниҳоят қасд кард, ки бо ин зан як ба як суҳбат кунад.
- Ҳамин шавҳари солрафтаи ман ба ту чӣ лозим? Базӯр мегардад, умраш ҳам ба ҷое расидааст. Боз ҳама ҷояш дардманд. Ту ҷавонӣ, ба худ марди мувофиқ ёфта метавонӣ.
Зани ҷавон медонист, ки академик шанси калон ва омади деринтизор барои ӯст ва бо сад талош бояд ӯро аз даст надиҳад.
- Охир шумо муҳаббатро аз куҷо медонед. Ишқ сарҳад надорад, синну солро намеписандад, - паст намеомад зани ҷавон.
- Охир ӯ бемор аст, нигоҳубини доимӣ мехоҳад, ба ғайри ин дар вақти хуруҷи беморӣ аз ҷой хеста наметавонад. Ин кори мушкил аст, охир! - ҷавоб медод рақибаш.
- Шумо парво накунед, бо маоши академикӣ ҳамаашро ташкил кардан ҳеҷ мушкил надорад, - гуфт бепарвоёна зани ҷавон.
Ин замон дар лабони зани калонсол табассум пайдо шуданд. Вай ҳатто баланд хандид. Баланду таҳдор.
- Гап сари он аст, ки духтари нағз, - гапро ғоз дода, ҷавоб гардонид зан, - академик ман ҳастам, ӯ устои барқ аст!
Рангу рӯи зани ҷавон мисли одами барқзада сап-сафед канда буд.
Академикзан шаҳди зафар ба ком алорағми синну сол бардам-бардам қадам зада, аз майдони мубориза берун шуд. Гӯё ягон дард надошт.
Зани ҷавон дар ҷояш то дергоҳ мехкӯб монд...
Абубакр Файзализода
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД