Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Фидоӣ
Садоқат ба касб инсонро ба қуллаи мақсуд мерасонаду дар байни мардум соҳибэҳтиром мегардонад. Дар зиндагӣ маҳз онҳое муваффақ ва соҳибэҳтиром мегарданд, ки ҷодаи интихобкардаи хешро бо меҳнати ҳалол тай менамоянд.
Қаҳрамони навбатии мо Маҳмадалӣ Хидиров, сардори шуъбаи муросилот ва хоҷагидории КФ КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон мебошад, ки солҳост дар ин соҳа кору фаъолият намуда, ба мардум хизмати арзанда карда истодааст.
Рӯзи кории ӯ замоне оғоз мешавад, ки мардум дар хоби нозанду ӯ бошад аз субҳи содиқ ба тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба хонандагон барои гирифтани ғизои маънавӣ рӯзномаю маҷалла ва дигар муросилотҳоро равона месозад.
Маҳмадалӣ Хидиров соли 1967 дар шаҳри Калининобод, ҳозира Левакант дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1984 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 шаҳри Левакантро бо баҳои хубу аъло хатм карда, дар шаҳри Москва адои хизмати ҳарбӣ намудааст. Аз соли 1988 то инҷониб дар соҳаи алоқа кору фаъолият карда истодааст.
– 21 сола будам, ки маро аз ҷониби корхона, Автобазаи алоқаи шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳозира Бохтар, барои такмили ихтисос ба шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристоданд, - қисса мекунад Маҳмадалӣ Хидиров. – Ҳар сол ба шаҳри Тошкант рафта, муддати 40 рӯз дар факултаи алоқаи Институти роҳсозии ин шаҳр таҳсил мекардам. Аз соли 1988 то соли 1993 дар ин макони илму маърифат таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардидам, - мегӯяд ӯ.
Ҳамин тавр аз оғози кор дар “Почтаи вилоят” дар вазифаҳои гуногун, аз қабили муҳандиси нақлиёт ва сардори шуъбаи муросилот ва хоҷагидорӣ то инҷониб пурмаҳсул фаъолият карда истодааст.
– Ҳар ҳафта ба идораи “Почтаи вилоят” то 20 номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳо оварда мешаванд, ки дар маҷмуъ қариб 20 ҳазор нусха мешавад ва онро мо ҳамарӯза сари вақт ба обуначиён мерасонем, ки то онҳо аз набзи ҷомеи Ватани азизамон, аз сиёсати имрӯзаи давлат, дигаргуниҳову тағйиротҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва ҷаҳон бохабар бошанд. Бар замми ин боз мактубҳою дигар муросилотҳо оварда мешаванд, ки мо зуд онҳоро низ ба соҳибонашон дастрас мекунем - афзуд Маҳмадалӣ Хидиров.
Раъногул Раҳмонова, ки 30 сол боз бо Маҳмадалӣ Хидиров кору фаъолият менамояд, ӯро инсони некандешу хушмуомила, чеҳрахандону чашмикордон, меҳнатқарину корозмуда ва пуштибони тамоми кормандон медонад.
–Ман аз ҳаёт розиам, - гуфт дар фарҷоми суҳбат акои Маҳмадалӣ, ки 35 соли зиндагиамаро дар ин ҷода пушти сар намудааму ба мардум аз сидқи дил хизмат кардаам. Аз ҷодаи интихобкардаи хеш асло пушаймон нестам ва ният дорам, то умр боқист дар пайроҳаи интихобкардаи хеш фаъолият намоям.
Натиҷаи ин ҳама заҳматҳояш буд, ки борҳо аз ҷониби Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сипосномаҳою ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст. Ҳамчунин фаъолияти пурсамари Маҳмадалӣ Хидировро ба инобат гирифта, соли 2015 унвони баланди соҳаи алоқа- “Устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба ӯ тақдим кардаанд.
“Садоқат ба касб, ки ному нонат ҳамбаста бо ӯст, арҷ бар неъмати худододист”,- мегӯянд дар урфият. Маҳз садоқат ба касби дӯстдоштааш буд, ки Маҳмадалӣ Хидиров аз овони ҷавонӣ 35 соли ҳаёти хешро дар ин масир сарф кардаасту бо меҳнати ҳалол зиндагии хешро пеш мебарад.
Дар ин маврид Лоиқи бузургвор барҳақ фармудааст:
Дар осмони ҳафтум ҷовид ҷо бигирад,
Ҳар кас ҷабин бисуда, дар остони меҳнат.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



