Бойгонӣ

Аз рӯзгори донишмандони замон

  Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар саросари мамлакат даҳҳо китобхонаву осорхона ва муасссисаҳои муҳими фарҳангӣ бунёд гардидаанд, ки дар ҷалби ҷомеа ба илму фарҳанг ва маърифатнокии ҷавонон нақши бузург хоҳад бозид. Бо изҳори ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои фарҳангдӯстонаи Роҳбари давлат адибону маорифчиён ва дигар шахсиятҳои донишманд низ иқдом гирифта, дар маҳал ва ё манзили истиқоматии худ китобхонаҳои шахсиро гардон намудаанд. Китобхонаи хусусии сокини  деҳаи Эшонободи шаҳри Левакант аз ҷумлаи хазинаҳои бойи фарҳангӣ дар ин гӯшаи Ватан аст, ки ҳамчун хазинаи пурганҷи илму маонӣ барои сокинони Ҷамоати деҳоти Гулистон хизмат мекунад.
  Зимни ворид шудан ба толори китобҳои ин донишманди ватандӯст касро эҳсосоти бузурге фаро мегирад ва нахустин мушоҳида аз тамошои рафҳои адабиётҳои илмиву бадеӣ ин аст, ки ин махзани фараҳбахш самараи ранҷу заҳматҳои беш аз нимасраи як омӯзгори асилест, ки ҳар нусхаи нашрияву маҷаллаҳои ин ҳама солҳоро бо моҳу рӯзу мазмунашон гулчин кардаву ҳар адад китоби бадеиро аз ҳисоби музди маоши омӯзгорӣ ва даромадҳои софи оилаи заҳматкаши худ харидорӣ намудааст.
  Бердӣ Валиев беш аз 50 сол боз дар баробари пешаи пуршарафи омӯзгорӣ дар рушди зеҳнӣ ва маърифатнокии аҳолӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Толиби каломи бадеъ буда, бо тахаллусси Ҷазмӣ шеъру ғазалҳои ноб мегӯяд ва ҳамакнун бо ташкили китобхонаи шахсӣ барои мардум шароити дастрасӣ ба китобу китобхонӣ фароҳам овардааст. 
  Ин марди наҷиб 26 июли соли 1947 дар деҳаи Боҳтурободи ноҳияи Бохтар ( ҳозира шаҳри Левакант) дар оилаи деҳкон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби №33 (ҳозира мактаби №6-и шаҳри Левакант) гирифта, пас он, барои расидан ба ҳадафҳои бузург роҳ сӯи муассисаҳои гуногуни касбиву олӣ мегирад.  Ӯ ҳар ҷое, ки  сафар  мекард аз шаҳру рустоҳои дуродур барои фарзандон  китобҳои нав ба навро мехарид ва имрӯз аз он хазинаи пурғановати ҷамъовардааш зиёда аз 2500 нусха китобро барои мутолиа пешкаши хонандагон намудааст. 
  -Баъзан хабари дар мағозаҳои китоб дар фурӯш пайдо шудани як асари тозанашрро шунида, аз деҳа ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе роҳ пеш мегирифтам,- лаҳзаҳои ширини айёми ҷавониро ба хотир меорад Бердӣ Валиев. – Самараи меҳру муҳаббати беандоза ба илмомӯзиву эҷоди шеър буд, ки ҳанӯз аз овони ҷавонӣ аз китобҳои адабиву илмӣ то нашрияву маҷаллаҳои давриро дар кунҷи хонаи падарӣ хазина мекардам ва мурури солҳо ин махзани илму маонӣ ба китобхонаи зебои хонаводагӣ табдил ёфт, ки имрӯз барои ҳамдеҳагону дигар толибони илму каломи бадеъ ҳамчун хазинаи бойи илмӣ - адабӣ хизмат менамояд. Замоне хазинаи умумии адабиётҳои китобхонаи шахсиам ба зиёда аз 4 ҳазор асар расида буд. Дар миён фарзандонам бузург шуданду дар тӯйи арӯсии духтаронам чандин ҷевонҳои китобгузориро ҳадя намудаму мутаассифона барои асарҳои пурғановат ба ҷуз таҳхона ҷойи дигар надоштем
  Ҳамин тавр, беш аз нисфи китобҳои давоми фаъолияти бисёрсола ҷамъовардаи Бердӣ Валиев аз таъсири намнокии таҳхонаи манзили истиқоматиаш сифати худро гум карданд. Мурури солҳо шароитҳои  оилавиашон беҳтар гардиду барои китобу маҷаллаҳои ҷамъовардааш ҳуҷраи алоҳида ҷудо намуд. Ҳоло ин омӯзгори асилу шоири шӯридадил соҳиби китобхонаи шахсӣ мебошад, ки аз он ҳамсоягону дигар дӯстдорони асарҳои бадеӣ ва унвонҷӯён самаранок истифода мебаранд. 
Овозаи китобхонаи шахсии Бердӣ Валиев фаротар аз шаҳри Левакант расида, имрӯзҳо сокинони касбу кори гуногун барои дидору баҳрабарӣ аз ин махзани маонӣ ба деҳаи Эшонободи ин шаҳр ба хонаи китобдори номвар меоянд. 
  Аз суҳбат бо ин раҳнаварди ҷодаи илму адаб маълум шуд, ки чанд рӯз  пеш бо роҳбарии раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода, масъулону кормандони дастгоҳи идеологии ин шаҳр низ ба китобхонаи шахсии ӯ ташриф овардаанд. 
  - Ростӣ баъди  суҳбату вохӯрии самимӣ бо раиси шаҳри Левакант бори дигар итминон ҳосил намудам, ки заҳматҳои солиён кашидаам дар ҷодаи китобхонадорӣ мавриди таваҷҷуҳ ва қадрдонии роҳбарияи имрӯзаи шаҳри Левакант қарор дорад. Тавре ки раиси шаҳр иброз доштанд, бо ташкили китобхонаи шахсӣ дар тарбияи насли наврас ва маърифатнокии кулли ҳамедагону ҳамдиёронам нақши босазо гузошта, ин махзани маънавӣ солиён барои ҳамдиёрони мо хизмат хоҳад намуд,- бо ифтихору сарфарози изҳор медорад ӯ. - Хусусияти дигари китобхонаи шахсии ман ин махзани бойи нашрияву маҷаллаҳои дар солҳои гуногун ҷамъовардаам мебошанд, ки барои донишҷӯёну пажуҳишгарон ҳамчун манбаи илму дониш аҳамияти зиёд дорад. Умуман,  андешаи бойгонӣ намудани ҳар як шумораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ҳанӯз  солҳои 1963-1967 дар зеҳнам ҷо шуда буд, ки дар он солҳо дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯргонтеппа таҳсил мекардам. 
  Баъди хатми Омӯзишгоҳ бо роҳхати идораи маорифи вилоят фаъолияти худро аз МТМУ №7-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз менамояд. Тақозои замон буд, ки омӯзгорони ҷавон дар баробари кори таълиму тарбия донишу маҳорати худро такмил диҳанд, то аз санҷишҳои ҷиддии мақомоти болоии соҳаи маориф бомуваффақият гузаранд. Баъдан даъват ба хизмати ҳарбӣ ва ду соли мактаби ҷавонмардӣ Бердӣ Валиев дар зиндагӣ бештар обутоб ёфта, баъди бозгашт ба назди пайвандони худ, аз соли 1970 дар деҳаи Қизил юлдузи Ҷамоати Авангарди ноҳияи Бохтар ба сифати мудири китобхона ва аз соли 1974 дар мактаби №5-и шаҳри Левакант омўзгори синфҳои  ибтидоӣ шуда кор мекунад.
   Солҳои 1974 -1979 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рудакӣ  таҳсил намуда, сипас бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолияти худро идома медиҳад. Ҳамин тавр баъди фаъолияти бисёрсола ба симати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз соли 1982  то 1996 муаллими забон ва адабиёти тоҷик, аз 22 январи  соли 1996 то 3 июли 1996 ҷонишини директори оиди корҳои  берун аз синфии ва сипас, директори мактаби №5-и  ноҳияи Бохтар (ҳозира  мактаби №8- шаҳри Левакант)  фаъолият бинмудааст.
 - Соли 2000 бо пешниҳоди роҳбарияти шаҳри Левакант ман фаъолияти худро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ идома дода, нахуст дар вазифаи муҳаррири рӯзномаи “Нури Сарбанд” ва баъдан аз соли 2007 то 2010 вазифаи мудири бахши танзими анъана ва ҳашну маросимҳои Мақомоти иҳроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд (Левакант)-ро бар зимма доштам. Собиқаи кориамро дида дар синну соли нафақа ҳам маро намегузоранд, ки бознишаста шавам,- хандида изҳор медорад устоди сухан. – Шояд саргарми кору масъулиятҳои дар идораи маориф буданам беҳтар бошад, ки барои халқу ҷомеаи худ хизмате анҷом дода бошам. 
  Умуман, бекориву сукут варзидан хоси ман нест, ки фориғ аз кори рӯзмарраам ва дар рӯзҳои истироҳат аз китобхонаи шахсиам баҳравар мегардам. Хушбахтона тӯли умри пурбаракат ба ман муяссар гардид, ки китобҳои нодиреро дастраст намоям, ки айни замон онҳоро аз форсӣ ба ҳуруфоти кирилликӣ баргардонида истодаам. Фориғ аз илму донишандӯзӣ дар ҳалқаи фарзандону наберагонам давлати пирӣ меронам ва хушбахт аз онам, ки фарзандону наберагонам кору машғулиятҳои дӯстдоштанӣ ва рисолати бар зимма доштаи маро идома дода, барои халқу меҳани азизи худ хизмати мондагоре анҷом хоҳанд дод.

Мусоҳиб Нилуфари Саид


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019