Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Чаро нархи картошка боло рафт?
Тайи як моҳи охир боло рафтани нархи картошка дар бозорҳои вилояти Хатлон боиси нигаронии сокинон гардидааст. Ҳол он ки аз оғози сол деҳқонон, бахусус, масъулони идораи кишоварзӣ итминон доштанд, ки аз ҳисоби ҳосили имсола бозорҳои вилоятро тамоми сол бо картошкаи нархи дастраст таъмин карда метавонанд.
Чуноне ки огоҳӣ дорем, аз таъсири сардиҳои зимистони гузашта масоҳати бештари заминҳои кишти картошка талаф ёфта, деҳқонону хоҷагидорон аз ин ҳисоб ҳосили дилхоҳ ба даст наоварданд. Қутбиддин Хоҷаев, ҷонишини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иброз медорад, ки дар мавсими кишти тирамоҳии соли гузашта дар ҳама бахшҳои ҷамъиятӣ, хоҷагиҳои кишоварзии вилоят дар масоҳати 8 ҳазор гектар кишти тирамоҳии картошка пешбинӣ гардида буд. Гарчанде дурнамои кишт дар вақти муайянгардида иҷро гардида буд, вале ҳудуди 2222 гектари он аз асари сардиҳои зимистон талаф ёфта, хоҷагидорон аз 5778 гектар заминҳои боқимондаи кишти картошка 95 ҳазору 452 тонна ҳосил бардоштаанд.
Аз суҳбат бо сокинони ноҳияҳои гуногуни вилоят бармеояд, ки бар асари сардиҳои зимистони гузашта онҳо аз ҳисоби кишти картошка дар заминҳои наздиҳавлигӣ ҳам њосили дилхоҳ набардоштаанд. Ин ва дигар омилҳо сабаб гардид, ки шуруъ аз ҳафтаи аввали моҳи июл нархи картошка дар бозорҳои вилоят якбора боло рафт. Зимни боздид аз растаҳои сабзавотфурӯшии бозори ҶДММ “Фаровон”-и шаҳри Бохтар, мушоҳида мешуд, ки савдогарон як килограмм картошкаро бо нархи 6,5 то 8 сомонӣ ба фурӯш бароварда буданд. Носир Ҳурматшоев, савдогари бозори мазкур иброз медорад, ки картошкаи ба фурӯш баровардаи онҳо аз вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷиргатол ворид карда шудааст. Тоҷирон ин маҳсулотро бо иловаи як сомонӣ фоидаи худ пешкаши харидорон менамоянд.
Имсол натанҳо дар вилояти Хатлон, балки тамоми минтақаҳои кишварамон ҳосили картошка нисбат ба солҳои пешин кам гардидааст, ки бинобар ин, нарху навои он боло рафта истодааст.
Ба андешаи харидорони бозорҳои маркази вилояти Хатлон илова ба мушкили камчинии ин навъ сабзавот дар бозорҳои минтақа, боз худи савдогарон низ арзиши онро беҳад баланд мебардоранд. Ҳол он ки дар водии паҳновари Вахш, ки заминҳои ҳосилхез дорад, набояд арзиши маҳсулоти кишоварзӣ ба ин ҳад баланд бошад.
Агар ба маълумотҳои оморӣ назар афканем ба 1-уми июли соли 2023 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон дар масоҳати 4997 гектар картошка кишт карда шудааст, ки ин 86,5 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Нишондоди кишти картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 623 гектар кам мебошад. Ҳамчунин, дар қиёс ба нимсолаи соли 2022 дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли картошка ҳам дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 11 ҳазору 273 тонна кам шудааст, ки ин ҳам як сабаби боло рафтани нархи картошка дар бозорҳои минтақа мебошад.
Дар ҳамин ҳол деҳқонон изҳор медоранд, ки болоравии нархи картошка на фақат ба ҳосилнокии имсола, балки ба баланд шудани нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ ҳам вобастагӣ дорад. Ҳоло ки то ҷамъоварии ҳосили кишти тирамоҳии картошка чанд моҳи дигар дар пеш аст, шояд дар сурати аз дигар минтақаҳо ё хориҷи кишвар воридот нашудани ин маҳсулот ба бозорҳои вилоят нарху навои он боз ҳам қимматтар гардад.
Масъулони Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон мегӯянд, ки тибқи нақшаи пешбинишуда дар мавсими кишти такрорӣ, ки аз 15 уми август оғоз мегардад, хоҷагидорони вилоят дар масоҳати 2300 гектар картошка кишт менамоянд. Аммо то куҷо аз ин ҳисоб метавон талаботи аҳолиро бо нони дувум таъмин кард, суоле аст, беҷавоб....
Картошка ба истилоҳ нони дувум маҳсуб ёфта, он барои сокинони кишварҳои Осиё, аз ҷумла, аҳолии Тоҷикистон низ аз маҳсулоти муҳими аввалия ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб, камшавии ҳосили картошка дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ё баланд шудани нарху навои он дар бозори истеъмолӣ ба мавзӯи мубрами рӯз табдил меёбад. Бинобар ин, бо мақсади пешгирӣ аз болоравии маҳсулоти аввалияи кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка ва пиёзу сабзӣ мебояд тадбирҳои зеринро рӯи даст гирифт;
Дар баробари тақвият бахшидани сатҳи касбии кормандону мутахассисони марказҳои ояндабинӣ бояд, ки дурнамои кишти ин навъ маҳсулотро баробар зиёд кард, то аз мавсими ҷамъоварии ҳосили асосии кишти картошка то давоми як соли оянда талаботи сокинони вилоятро ба ин маҳсулот таъмин карда, барзиёди онро ба дигар минтақаҳо ва кишварҳои ҳамсоя содирот намуд.
Ҳамзамон, бо ҷалби олимон ба дарёфти омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии картошкаи маҳаллӣ таҷрибаи пешқадамро ба деҳқонону хоҷагидорон омӯхт.
Дар ин росто донишҳои кишоварзӣ ва сатҳи огоҳии сокинони деҳотро баланд бардошт, то бо истифода аз технологияи муосир ва саводнокӣ оид ба истифодаи дурусту мақсадноки тухмиҳои хушсифату нуриҳои минералӣ ва дигар заҳрхимикатҳо аз замин ҳосили фаровон гирифта тавонанд.
Нилуфар Саидова
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР