Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАШНВОРАИ САОДАТИ МИЛЛАТ
Санаи 9-уми сентябр дар таърихи башарӣ ҳамчун санаи тақдирсози миллати тамаддунофари тоҷик бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ гардидааст. Зеро дар ин рӯзи нусрату саодатмандӣ мардуми куҳанбунёди тоҷик баъди муборизаву ҷонфдоиҳои ҳазорсола соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид. Аз ин лиҳоз, истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишони ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи эҳёи забону миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлатии халқи тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии мардумони шарафманди Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Ин санаи сарнавиштсоз аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон сарчашма гирифта, ҳамчун рӯзи оғози хушбахтиву саодати зиндагии мардуми Тоҷикистон барои якояки мо арзиши муқаддас дорад. Зеро соҳибистиқлолии давлатӣ барои мо озодиҳои милливу муҳофизат аз забону илму фарҳанг ва дигар арзишҳои миллиро бахшида, бо шарофати ин неъмати бузург таърих ба мо ҳувияту ватандорӣ ва дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати озоду соҳибдавлат буданро ато намуд.
Дар радифи ҳазорон дастовардҳои бузургу беназири сиёсиву фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ҳар порча замини муқаддаси Тоҷикистон, ки таърихи бою омӯзанда доранд ҳамчун сарзаминҳои бостонӣ дар арсаи олам муаррифӣ гардида истодааст. Истиқлолият ба тоҷикистониён шароиту имкониятҳои фаровон фароҳам овард, ки имрӯз ҳатто маҳсули дасти ҳунармандону пешаварони санъати бостонӣ дубора эҳё гардида, тавассути сайёҳону меҳмонони хориҷӣ дар саросари олам муаррифӣ мегардад.
Пайки накуи Истиқлол аст, ки ҳамасола дар арафаи ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун расму аънанаи неки ниёгони тамадунофарамон мардуми Тоҷикистон иду ҷашнҳои миллиро бо дастовардҳои арзанда ва шукўҳу ҷалоли хоса истиқбол намуда, натиҷаи ташаббусҳои бузурги ояндасозиву созандагиро ҳамчун армуғон ба истиқболи ин ҷашнҳои таърихӣ нисор медоранд.
Дар замони пурифтихору сарфарозии миллати тоҷик, ки онро ба унвони Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддас мешуморем, бо ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами мо Тоҷикистони азиз хонаи умеди тоҷикони олам шуда, дар арсаи байналмилалӣ машҳур гардид. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯз дар арсаи ҷаҳон миллате бо номи тоҷик ва кишваре бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо карда, Сарвари ин миллати тамаддунофару сарзамини муқаддасро ҳамчун чеҳраи башардӯсти сатҳи ҷаҳонӣ ва саҳмгузор дар рушди ҷаҳони муосир ва беҳбудии ҳаёти башарият мешиносанду эътироф доранд.
Чуноне ки ҳамагон огоҳӣ дорем, дар оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ, замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол эътироф гардид, бо дасти душманони миллати он ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ монда, маҳз, пас аз зимоми давлати фалаҷгаштаро ба даст гирифтани фарзанди фарзонаи миллат сарзамини тоҷикон ва халқи ранҷбурдаи он аз оташи низоъ ва даргириҳои сиёсӣ наҷот пайдо кард. Бо инояти Парвардигор ва зуҳури шахсияти таърихӣ ба арсаи сиёсати бузург миллати тоҷик баъди ҳазорсолаҳои бедавлативу дур аз фарҳангу арзишҳои миллии худ соҳиби кишвари соҳибихтиёр гардид. Истиқлолияте, ки орзуи ҳамешагии миллати озодагон аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳад буд.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, сароғози ташаббусҳои бузурги созандагӣ, азму талошҳои ватандӯстона ба хотири расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро биомӯхт. Истиқлолият омили хушбахтиву саодати миллат ва пойдориву устувории меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвари мардумони озодманиш арзёбӣ гардида, кафили зиндагии озодонаву шоистаи мардум ва бахту саодати ҳамешагии онҳост.
Бо шарофати мустақилият баъди ҳазорсолаҳои муборизаҳои фидокоронаи ниёгони озодманишамон мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидаем. Даврони Истиқлоли кишвар таҳти роҳбарии Пешвои сулҳпарвари мо дар масири рушду тараққиёти самтҳои гуногуни давлатдорӣ иқдомҳои бузург амалӣ гардиданд. Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони олам нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Биноан, имрӯз ҳар сокини худшиноси ин сарзамин ифтихор менамояд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва марҳилаи рӯ ба инкишофи ватани азизи худ ҳаёт ба сар бурда, бо ҳисси ифтихору сарбаландӣ аз миллату давлатдорӣ саҳми арзандаи худро дар пешрафти Тољикистони азиз гузошта истодааст.
Воқеан, эҳсоси шукргузориву қадршиносӣ аз фазилатҳои соҳибистиқлоливу саодатмандии миллат аз донистани таъриху гузаштаи пуршебу фарози халқ маншаъ мегирад ва ба қадри неъматҳои Истиқлол пеш аз ҳама онҳое мерасанд ва ба ин арзишҳо арҷ мегузоранд, ки аз гузаштаи пурфоҷиаи миллати худ огоҳӣ доранд.
Гузори замон халқи тоҷик аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, аммо дар ин масири тӯлонии таърихи пурфоҷиаи худ дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро ҳифз намудааст. Зеро ниёгони тамаддунофари моро андешаи бузурги «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» роҳнамо будаву ин афкори ояндасоз тўли ҳазорсолаҳо дар тарбияи маънавӣ ва мафкурасозӣ дар ҷомеаи башарӣ хизмат кардааст.
Маҳз фарҳанги волову илму адабу ҷаҳонсозии гузаштагони ин сарзамини муқаддас буд, ки андар дудмони хонадони миллати тоҷик аз Рўдакиву Фирдавсӣ ва Абуалӣ ибни Синову Носири Хусрав, Умари Хайём то Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидо ва Мирзо Абдулқодири Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳанг тарбияву ба воя расидаанд, ки бо маҳсули эҷодии хеш дар рушду ташаккули риштаҳои гуногуни илму адабиёти ҷаҳон нақши бағоят бузург бозидаанд.
Ҳамин сон, бо гузашти ҳар садсола аз ин сарзамини муқаддас даҳҳо нобиғаҳои илму ирфон ва шахсиятҳои андешасоз зуҳур намудаанд, ки кору пайкори мондагорашон то имрӯз мавриди омӯзишу баҳрабардории башарият қарор дорад. Аммо дар он асрҳои зуҳури нобиғаҳо миллати тоҷик соҳиби давлат ҳомии халқу сарзамини аҷдодии худ набуд. Танҳо баъди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паси сар шудани ҳодисаҳои сангини шаҳрвандӣ дар моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобољон Fафуров Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртибот доранд. Маҳз бо ҷасорату хиради азалӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ Сарвари ҷавони давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифта, дар муддати кутоҳ пеши роҳи ҷангу хунрезиҳоро гирифта, мардуми ба гӯшаҳои гуногуни олам ҳиҷратнамударо дубора ба Ватан овард. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханрониҳояшон иброз доштанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Дарвоқеъ, дастоварду пешрафтҳои бузурги мардуми Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзӯъҳои доманадорест, ки андар як ду китоб намеғунҷанд.
Бинобар ин, бо ёдоварӣ аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ месазад, ки ҳамчунин, аз ин неъмати бузурги Истиқлолият ёдовар гардид, ки соҳибистиқлолӣ заминагузори эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, маҳз дар ин давра забони ноби шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардид. Дар ин росто, бисёр расму ойинҳо ва анъанаҳои неки миллиамон зинда гардонида шуданд ва қисме аз онҳо мақоми давлатӣ гирифта, ба ҷашнҳои миллӣ табдил ёфтанд.
Дар радифи дастоварду рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат қишри ниёзманди ҷомеа, бахусус беморону барҷомондаҳо ва ятимону дигар оилаҳои эҳтиёҷманд мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва ғамхориву дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мардуми хайрандеши Тоҷикистони соҳибистиқлол дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат хайрхоҳиву дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандонро ҳамчун анъанаи неки ниёгони худ идома бахшида, дар арафаи ҷашну маросимҳои миллӣ ба аёдати беморону барҷомондаҳо рафта, лаҳзае ҳам бошад хотири онҳоро шод менамоянд, то ҳар як фарди ин сарзамини муқаддас аз файзу неъматҳои беназири Истиқлоли кишвари худ баҳраманд бошад.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои кишвари биҳиштосои мо садҳо иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ мегарданд, ки ин ҳама ободониву созандагиҳо ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст. Маҳз ҳамин рӯйдодҳои созандагиву ободгароӣ, ки аз беҳбудии сатҳи зиндагии халқ дарак медиҳад ба ҷашнвораи таърихсози мо, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шукўҳу шаҳомати дигар мебахшанд.
Бо умеди рушду пешрафти кишвари азизамон ва фароҳам гардидани зиндагии шоистаи мардум фарорасии ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро ба ҳамаи шаҳрвандон ва тоҷикони олам муборакбод гуфта, ба яко яки шумо тансиҳативу хонаободӣ, комёбиву дастовардҳои меҳнативу эҷодӣ ва хушбахтиву саодати зиндагиро таманно дорем. Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистони азиз муборак бошад ҳамватанони азиз!
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД