Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
Гузори 32 соли соҳибистиқлолӣ давраи начандон тӯлонии таърихӣ ҳам бошад, дар ин даврони муҳими созандагиҳо кишвари мо ба комёбиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ноил гардид. Барои бунёди ҷомеаи мустақилу демократӣ дар мамлакатамон қадамҳои устувор гузошта шуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯи баланд гардида, ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил ёфт. Кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ҳамчун давлати транзитӣ эътироф гардидааст.
Танҳо тайи 10 соли охир дар кишварамон наздики 2 000 километр роҳҳои мошингард, 200 пул, 100 километр роҳҳои оҳан ва чандон иншооти бузург сохта ба истифода дода шуд.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ тавассути меҳнати қаҳрамононаи мардуми тоҷик ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо ба гулистони воқеӣ мубаддал гардид.
Мусаллам аст, ки дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон ва таҳкими Истиқлолияти давлатии кишвар ҷавонон ҳамчун неруи бузургу пешбаранда нақши муҳим доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ муносибати ҷавонон нисбат ба масъалаҳои давлату давлатдорӣ тағйир ёфта, дар зеҳни онҳо ифтихори ватандорию ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллати куҳанбунёдамон ва комёбиҳои беназири иҷтимоию фарҳангии кишвар қавитар гардид.
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асари безаволи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳамаи хонадони мамлакат ҳадя гардид.
Ҷавҳари асосии ин шоҳасари таърихӣ, ки саропо сабақи хештаншиносию ватандӯстист, бешубҳа ҳувияту ифтихори миллии ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла ҷавононро тақвият мебахшад.
Воқеан ҳам Истиқлолияти давлатӣ ҷавонони мамлактро ба зиндагии шоиставу арзанда раҳнамун сохта, сатҳи маърифати онҳоро ба маротиб боло бурд.
Албатта, ҳамаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат мо ҷавоноро водор месзад, ки аз Ватани маҳбубу биҳиштосои худ ифтихор намуда, дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.
Маҳмадалӣ Маҳмадализода, мудири шуъбаи САҲШ дар ноҳияи Ҷайҳун
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



