Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР ВАХШ 19 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРИ АСОСӢ ШУД
Давоми ҳашт моҳи сипаригардидаи соли равон дар ноҳияи Вахш 19 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмири асосӣ шуданд.
Тавре сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш Наҳтулло Олимов ба “Сафо” иттилоъ дод, иқдоми мазкур бо ибтикори мақомоти маҳаллӣ, Вазорати нақлиёт ва соҳибкорон бо харҷи 4 миллиону 180 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, барои бемамоният рафтуомади нақлиёти сокинон мусоидат мекунад.

Зикр шуд, ки рӯзҳои наздик боз як километр роҳи дигар асфалтпӯш шуда, то охири сол 7 километри дигар аз таъмири асосӣ бароварда мешавад.
Дар баробари таъмири роҳҳо ҳамчунин 5 пули мошингузар аз таъмир бароварда шудааст, ки дарозии яке аз ин пулҳо 19 метр мебошад.
- Дар анбори идора дар ҳаҷми зиёда аз 1200 тонна омехтаи сиёҳ захира карда шудааст, ки марҳила ба марҳила барои таъмири роҳҳои ҳудуди ноҳия истифода бурда мешавад, - гуфт Н. Олимов.
Феълан дар тавозуни Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш 236 километр роҳ вобаста шудааст, ки аз ин 67 километраш роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



