УМЕД БА ОЯНДА

                                                   Ҳикоя
… Ман ба оҳистагиву коҳилӣ аз кампирак дур мешудам, медонистам, ки дигар ӯро нахоҳам дид…
Бо ин кампирак ва саги ӯ дар кӯчаи Навбаҳор рӯбарӯ омадам. Ҳарду дар рӯи лӯлаи куҳнаколои начандон калон байни ду дӯкони либосфурӯшӣ, ҳарчанд растаи куҳнафӯшон аз онҳо 100-200 метр дуртар буд, менишастанд. 
Кампираки хӯрдакак, харобу лоғар дар тан камзули обшуста дар ин ҷо доим новобаста аз гармиву сардӣ менишаст. Ҳангоми борон, дар гармии тоқатфарсо ва ҳатто шоми қаҳратуни зимистон ҳам. Ӯ хапу хомӯш, бо сари хам менишаст, садо ҳам намебаровард, алорағми дигар фурӯшандагони коло бо овози баланду гӯшхарош дод ҳам намезад. Дар наздаш болои замин як латтакуҳнаи начандон калони болояш пуропури колои рангпаридаву обшуста паҳн карда шуда буд.  
Дар зонуи пиразан саг, саги пири маҳаллӣ, ғарқи андешаҳои худ мехобиду ҳангоми пушти гӯшҳояшро бо дастони шахшулаш хорумол кардани кампирак коҳилона хамёза мекашид.
Кампирак касеро садо намекард. Танҳо табассуми малеҳ чеҳраи пурожангашро каме ҳам бошад ҳусн мебахшид. Ӯ бо чашмони обраву нимпӯш, умедворона ба роҳравоне, ки коҳилона, дилу бедил, ба колои на он қадар ҷолиби дар наздаш паҳнкарда нимнигоҳе меафканданд, назари дуру маънидор  меандохт.
     Ман борҳо ин кампираку саги пинакрафтаи ӯро дида будам, аммо боре ҳам ба онҳо аҳамияти ҷиддӣ намедодам. Чӣ шуд, ки имрӯз аз дидани ин манзара дилам «ҷиғғӣ» кард.
-  Салом модар! – табассуме ба кампирак ҳадя кардаму сари зону нишаста китоби фарсудаеро, ки ранги ягона навиштаи болояш «Қиссаҳои кӯдакона» кайҳо боз паридаву хира гашта буд, аз миёни куҳнаколояш бардоштам.  
- Салом писарам, - бо садои паст ҷавоб гардонид кампирак ва ба камзули куҳнааш сахттар печид. – Китоби хуб аст, бигир. Ба кӯдаконат мехонӣ, онҳо ба набераҳо, набераҳо бошанд ба набераҳои худашон. Шомҳои тираву сард ман худам ба набераҳоям ин китобро хондаам.
- Қиссаҳояш мисли номаш ҷолибанд?
- Мисли чизҳои дигари зиндагӣ. Умри ин китоб аз умри ман ҳам  калон аст. Ҳазорон ангушт саҳифаҳои онро варақ задаанд. Ҳазорон лабҳо ин навиштаҳоро хондаанд. Қиссаҳояш хеле шавқоваранд, писарам. Дар онҳо доиман некӣ дар набард бо бадӣ ғолиб меояд. Таҳамтанон бошанд ҳокимони бадтинатро шикаст медиҳанд. Мегирӣ- а?
- Чанд пул?
- Чанд пуле, ки медиҳӣ, писарам. Агар инсони хуб бошад, чанд пуле, ки диҳад, бок не.  Ба мани барҷомонда айб нест, ки боз ба ин нарх монам. Барои ману Сиёҳак чизе, ки диҳӣ, шукр, - гуфт кампирак пушти гӯши сагро хорида. Саги кампирак сарашро боло карда, як аккоси кӯтоҳ зада, гӯё  гуфтаҳои соҳибашро тасдиқ мекард.
- Инаш чӣ - гуфта, китобро як сӯ гузоштам ва қуттичаи кандакоришударо, ки акси гулҳову парандаҳо ҳаккокӣ шуда буд, аз замин бардоштам. 
- Инро писарам вақтҳое сохта буд, - оҳи сарду вазнине кашида кампирак ба қуттича бо ҳасрату меҳр нигоҳ андохт. Ӯ ин корҳоро дӯст медошт. Менишасту ба кандакорӣ бо завқ даст мезад. Танҳо парахаҳо мепариданду бӯи хуши оҳар атрофро атрогин мекард. Аввалҳо дар он ҷавоҳиротамро нигоҳдорӣ менамудам. Баъдан онҳоро ба фарзандонам тақсим намудам. Ҳамаашро, бовар бикун, ҳамаашро.
- Бовар мекунам, модар.
- Ангуштаринҳоро додам, гӯшвораҳоро, дастмонаҳоро. Ҳар чизе, ки буд, додам. Ба онҳо заруртар буданд. Барои ману Сиёҳак як бурда нону ним коса шӯрбо низ басанда аст. Ин қуттича бисёр чизҳоро дидааст. Ҷавоҳирот, пул, ҳуҷҷатҳои гуногун. Бисёр чизҳоро дидааст, аммо рангаш дигар нашудааст, ҳарчанд садҳо маротиб онро кушода пӯшидаам. Мегирӣ-а, писарам?  
- Чанд пул?
- Чанд пуле, ки додан хоҳӣ. Мани пиразан боз чизе ҳам пурсиш кунам?! Ман кайҳо боз ин ҷо мешинам. Ягон бор нархгузорӣ накардаам. Касе хоҳад мехарад, баъзеҳо ҳамту мегиранд. Хайр ин ангуштариро бигир.
- Ҳаминро? 
    Ман ангуштарини содаву куҳнаи мисинро, ки аз навиштаҷоти дарунаш изи ноаёне боқӣ монда буд, наздиктар оварда ба он синча кардам. Чанд рақам ва чанд ҳарфи нохоно. Ба фикрам рӯзи мавлуд ва номи занона - тахмин задам ман.
- Ин ангуштарини мисин аст, писарам, тиллоӣ нест, аммо аз тилло низ қиматтар.
-   Барои чӣ, модар? 
- Ин ангуштарини никоҳии хоҳарам аст. Онро пеш аз моро тарк карданаш ба ман дода буд. Ман онро то имрӯз ҳамчун хотира аз хоҳарам ҳифз карда омадам. Акнун мефурӯшам, то дигарон ин ҳифозатро идома бидиҳанд. Ман аллакай пир шудаам, гум карданам мумкин.
Танҳо ин замон ман ба куҳналаттаи паҳннамудаи кампирак бодиққат назар дӯхтам.  Ӯ на чизҳои одӣ, балки саргузашти худ, ҳаёти худро мефурӯхт. Ёдгоре аз рӯзгорашро. Ана барои чӣ ӯ мисли дигар фурӯшандаҳо бо овози баланд дигаронро барои хариди колояш ташвиқ намекард. Хапу хомӯш менишаст, чун узви беҷон. Танҳо хорумоли пушти гӯши саги пири хоболуд аз зинда будани ӯ дарак медод.
Қалбамро чизе фишурд. Гӯё яхпораеро ба он часпонида бошанд. Ман тавони сухан гуфтан надоштам. Танҳо ба куҳнаколои дар рӯи латтапора паҳннамудаи кампирак менигаристам. Соати куҳнаи занҷирадор, қуттичаи кандакоришуда, ангуштарини мисине, ки солҳои тӯлонӣ ба кампирак ягона ёдгор аз хоҳараш буд, китоби фарсудашудаи қиссаҳо, пойафзоли кӯдаконае, ки ҳатто як маротиба ҳам напӯшидаанд ва дар як кунҷак як расми рангпаридаи куҳна. Расмии одии сиёҳусафед, фарсуда ва як кунҷакаш дарида, ки аз он духтари зебои бо мӯйҳои ҷингилаи мисли шаб сиёҳ, лабони ғафси пурра бо чашмони меҳрбор табассум мекард.
- Ин манам, писарам. Як вақтҳо ман ҳам зебосанам будам. Солҳо зебоиямро рабуданд, - табассуми малеҳ кард кампирак, сари сагро сила карда. - Расми фарсуда. Ман онро намефурӯшам, хоҳӣ ба ту ҳамин тавр медиҳам, маълум ки одами хубӣ. Мебинам.
- Чӣ ҳодиса шуд, модар? - оби дар гулӯям дармондаро бавазнинӣ фурӯ бурдам. Кампирак як оҳи сард кашид. Бо рӯймолчаи куҳнае мисли он ки шишаи айнакро равшан менамуда бошад, чашмонашро молиш дод. Гулӯ афшонд. 
– Чаро ин ҳамаро мефурӯшед?
- Сари танҳо мондам.
- Фарзандон канӣ, хоҳаратон, писаратон?
- Маро интизоранд. Аз ин ҷо каме дуртар, писарам. Онҳо онҷо якҷояанд, ману Сиёҳак ин ҷо. Кайҳо боз интизоранд. Бале, писарам, сари қоқам монд. Ин куҳнаколо? Сангро рангубор кардан лозим, гулҳоро об додан лозим, алафҳои бегонаро кандан зарур…
-  Кадом санг?
- Санги хунук. Санги сиёҳ. Дар он номҳояшон ҳаккокӣ шудааст.  Сангҳои сиёҳ ва мазори онҳо боқӣ мондаанд… агар ин куҳнаколоро ба ҳисоб нагирем…- бо дастони пурожангаш ба куҳнаколои болои  латтапора паҳншуда ишора намуда табассуми ҳузнангезе кард кампирак.
-  Мехарӣ –а, писарам?
- Мехарам, модар! – бо аломати ризо сар ҷунбонидаму боэҳтиёт колоҳоро ба ҷузвдонам ҷой намуда, аз ҷайб пулҳоро баровардам. 
- Ҳамаашро мехарам.
- Боз инҳоро напартоӣ, писарам, – бо овози пурҳарос, гуфт кампирак. Ман ин лаҳза ларзиши баданашро мисли шараққоси тиреза ҳангоми тундбоди сахт, ки гӯё ҳамин ҳоло меҷағаду атрофро парахаҳои булуринаш фаро мегирад, бараъло эҳсос мекардам. 
- Ин саргузашти шумост, модар, ин ҳаёт аст, онро намепартоянд!
- Ташаккур писарам.
- Ба шумо ташаккур, модар, ба шумо ташаккур!  
 Ман ба оҳистагиву коҳилӣ аз назди кампирак дур мешудам. Медонистам, ки ӯро дигар нахоҳам дид. Баргаштаму дубора ба ӯ назар дӯхтам. Ӯ ба дурии осмонҳо, ки абрҳои тира, тира ба мисли чашмони саршор аз дарди кампирак, печонида буданд, менигарист. Дар нигоҳаш чизе ҳам мавҷуд буд. Ин боварӣ буд. Боварӣ ба он, ки он чизе ба ман қисса шуд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд…
Иродаи кампирак ба ман умед ба оянда медод.

Абубакр   Файзализода


Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019