Аз гармӣ эҳтиёт бояд кард

  Моҳи июл рӯзҳои гармтарини фасли тобистон аст. Имрӯзҳо ҳарорати ҳаво бениҳоят баланд шудааст, ки ин ба саломатии одамон бе таъсир буда наметавонад ва боиси хуруҷи бемориҳо мегардад.
  Ҳарорати баланд боиси афзудани бемориҳои дарунравӣ миёни кӯдакон ва наврасон мегардад, зеро дар натиҷаи гармии баланд кӯдакон баъзан обу нӯшокиҳои на ҳама вақт ҷӯшонидашуда, инчунин  меваю  сабзавотро, ки на ҳама вақт тоза шуста мешаванд, истеъмол мекунанд.
  Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб ҳарорати баланди ҳаво ба беморони диабети қанд, фишорбаландии шарёнӣ, дилу рагҳо ва нафароне, ки мубталои бемориҳои музминанд, таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин дар чунин рузҳои гарм, махсусан калонсолон ва кӯдакон бояд бе зарурат ба кӯча набароянд ва зери нурҳои офтоб зиёд нагарданд.
 Гармо метавонад ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар расонад.  Зеро  ҷисми  инсон  бисёртар аз об  иборат аст ва дар рӯзҳои гарм  мубодила ва мувозинати оби  организм метавонад вайрон шавад. Аз  ин рӯ, аз ҳамаи падару модарон  хоҳиш карда мешавад, кӯдакони худро  эҳтиёт кунанд ва рӯзона  нагузоранд, то онҳо  зиёд дар зери шуои  сӯзони офтоб гаштугузор  намоянд. Бахусус ба кӯдакон тез-тез нӯшонидани об тавсия дода мешавад.
  Табибон ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони мамлакат тавсия медиҳанд, ки дуру дароз зери шуои сӯзони офтоб наистанд. Зеро онҳо метавонанд ба бемории гармозадагӣ гирифтор шаванд.  Бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ ҳарорати бадани  инсон  баланд  мешавад. Дар ҳавои гарм, зери офтоб зиёд  истодан, ба сӯхтани  пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо дар он, инчунин ба дарди  сару  дилбеҳузурӣ оварда мерасонад . Фасли  гармо  ин муҳити созгор барои микроорганизмҳоест, ки ба гармӣ тобоваранд ва онҳо зуд афзоиш меёбанд. Ин фаслро табибон фасли бемориҳои дарунравии шадиди  меъдаю рӯда меноманд. Чунки дар тобистон ин бемориҳо зиёдтар авҷ мегиранд ва ҳам меафзояд. Ин беморӣ бештар дар байни кӯдакони синни аз 1 - 5 сола ба қайд гирифта мешавад. Сабабҳои ин ҳолат риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ мебошад.                              Табибон ба ин назаранд, ки дар рӯзҳои гарми офтобӣ одамон бояд аз оби тозае истифода кунанд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои беҳдоштӣ бошад. Нӯшидани оби зиёд барои пешгирии беобшавии ҷисм мусоидат мекунад. Ҳамзамон тавсия дода мешавад, ки дар рӯзҳои гарми тобистон аз истеъмоли хӯрокҳои зудвайроншаванда худдорӣ бояд кард. Бештар меваҳои тару тоза ва шарбатҳои мевагиро истифода кардан бамаврид хоҳад буд. 
  Аломатҳои беморӣ пеш аз ҳама ин дамиши шикам, дарди он, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез мебошад. Инчунин фишори хун паст шуда, назб тез- тез мезанад, даҳон лабон ва пӯсти бемор хушк мешавад.
  Агар ин аломатҳо дар ҳар инсон мушоҳида шаванд, дарҳол бояд доруи регидрон истифода намуд, то оби баданро барқарор намояд, таъкид менамоянд, табибон.
  Бояд ҳар оила доруи регидрон дошта бошад, зеро ин дору аз ҷониби табиби оилавӣ ройгон тақсим мегардад. Тарзи истеъмоли он чунин аст: дар як литр оби ҷӯшонида, як қутии ин доруро илова карда, даҳ дақиқа нигоҳ дошта, сипас нӯшед. Ба кӯдакони ду- сесола дар ҳар даҳ – поздаҳ дақиқа аз он як қошуқи ошхӯрӣ додан зарур аст. Калонсолон бояд дар як шабонарӯз ду литр оби ин доруро нӯшанд.
Агар   аломатҳои ин беморӣ аз ду рӯз зиёд идома ёбад, ҳатман ба табибон бояд муроҷиат намуд.
  Як омили пешгирии ин беморӣ - тозагии худ ва муҳити ҷои истиқомат мебошад.  Дастонро пайваста бо собун шустан зарур аст. Аз оби ҷӯшонида истифода баред,  ҳоҷатхонаҳо  ва партовҳоро  аз назди ҷуйбор  дур кунед, бо пашшаҳо мубориза  баред, меваю сабзавотро шуста, баъд истифода баред, обҳои дар зарф  бударо  бо сарпӯш  маҳкам нигоҳ кунед.
 Набояд фаромӯш кунем, ки аз беэҳтиётӣ дар рӯзҳои гармтарини фасли тобистон метавон ба ҳар гуна бемориҳо дучор шуд. Дар баробари риояи қоидаҳои беҳдоштӣ либосҳои пахтагин ба бар кунед. Зеро матоъҳои синтетикӣ ҳаворо намегузаронанд ва ба саломатӣ зарар доранд. 
     
 Таманно Файзуллоева,
 мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим,
 Шеров  Ғулом,  
мудири шуъбаи тарғиботии Маркази ташаккули тарзи  ҳаёти солими вилояти Хатлон.


Добавить комментарий