Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КАДОМ УСУЛҲОИ НАВИ ДАНДОНПИЗИШКӢ ИСТИФОДА МЕШАВАНД?
Бо рушди илму техника ва ихтирои фанновариҳои нав дар баробари самтҳои мухталифи соҳаи тиб усулҳои муосири табобати дандонпизишкӣ низ ба вуҷуд омаданд. Агар қаблан воситаҳои замонавии табобати дандон асосан дар муассисаҳои тиббии пойтахти кишвар ба кор бурда мешуданд, имрӯз дар маркази вилоят – шаҳри Бохтар ҳам мутахассисони ҷавон дар таълимгоҳҳои бонуфузи ватанаию хориҷӣ такмили таҷриба ва бозомӯзӣ намуда, бо истифода аз чунин усулҳои пешрафта беморонро ба табобат фаро гирифта истодаанд.
Муҳаммад Туйчиев, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино панҷ сол боз ҳамчун духтури дандон дар шаҳри Бохтар фаъолият мекунад. Ӯ дар ин давра дар омӯзишҳои гуногуни касбии байналмилалӣ табодули таҷриба карда, имрӯз бо истифода аз донишу малакаи замонавии омӯхтааш ба беморон хизмати босифати тиббӣ мерасонад.
Ба гуфтаи ин мутахассис истифодаи усулҳои муосири дандонпизишкӣ имконият медиҳанд, ки хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда шуда, талаботи онҳо ба таври зарурӣ қонеъ карда шаванд. Масалан, имплантатсияи денталӣ, брекет ва протезмонии муосир имрӯз аз воситаҳои замонавии дандонпизишкӣ ба шумор рафта, дар муассисаҳои стоматологии давлатӣ ва хусусии шаҳри Бохтар истифода бурда мешаванд.
Бо вуҷуди дастовардҳои стоматологияи муосир мутаассифона, аксарияти одамон дар давоми ҳаёташон аз якчанд ё баъзан аз ҳамаи дандонҳояшон маҳрум мешаванд. Солҳо боз табибон барои гузоштани як дандони сунъӣ ҳадди ақал ду дандони табиии солимро арра карда, онҳоро барои гузоштани протезҳои кӯпрукмонанд ҳамчун поя истифода мекунанд. Яъне, барои барқарор кардани як ё якчанд дандон ду дандони сиҳат нуқсдор мегардад.
-Дар ҳолати набудани қисми зиёд ё ҳамаи дандонҳо одатан протези гирифташаванда тайёр карда мешавад. Агар дар ҷоғ ягон дандон монда бошад чунин протез хуб фиксатсия мешавад. Дар ҳолати набудани ҳамаи дандонҳо бошад, (хусусан дар ҷоғи поён) протез устувор намеистад. Дар чунин ҳолат мо метавонем аз 2 то 4 имплантат гузошта, протезро бо ёрии онҳо мустаҳкам созем, - зикр менамояд духтури дандон.
Имплантат ин решаи сунъии дандон аст, ки ба зери милк – дохили устухони ҷоғ ворид карда шуда, ба он абатмент (маҳсулоти металӣ, пластикӣ ва ё сафолӣ) ва қисми тоҷии дандон пайваст карда мешавад.
-Имрӯз бо пайдо шудани имплантҳои денталӣ бе зарар расонидан ба дигар дандонҳо ин корро анҷом додан мумкин аст. Афзалияти дигар дар он аст, ки дандони бо ёрии имплант барқароршуда, ба дандони табиӣ монанд буда, дар даҳон ҳисси ҷисми бегона пайдо намешавад ва мисли дандони табиӣ хӯрдану гап задан қулай мебошад, - мегӯяд Муҳаммад Туйчиев.
Ба гуфтаи ин духтур ҳамаи усулҳои табобат ҷиҳатҳои мусбию манфӣ доранд. Бартарии имплант ин аст, ки он ба дандонҳои дигар осеб намерасонад ва ниҳоят мустаҳкам буда, зоҳиран мисли дандони табиӣ менамояд. Имплантатсияҳо вобаста ба сохташон аз титан ва садаф сохта шудаанд ва мутобиқати биологии онҳо низ ба организм хеле хуб буда, безарар мебошанд. Имплантҳо ба муддати зиёд вазифаашонро иҷро карда метавонанд. Ин албатта аз нигоҳубини бемор ҳам вобастагии калон дорад.
- Насби имплант дониш ва малакаи баланди касбӣ мехоҳад, - қайд менамояд Муҳаммад Тӯйчиев. -Аввал ковокии даҳони бемор аз тамографияи компютерӣ гузаронида шуда, пас аз хулосаи даркории духтур он насб карда мешавад. Дар рости ҳар як дандон шабакаи рагҳои хунганд ва торҳои хурди асаб мавҷуданд. Агар духтур эҳтиёткор ва мутахассиси ин кор набошаду имплантан нодуруст гузошта шавад, он метавонад ба зери милк осеб расонида, кунҷи лаб ва ҳудуди ҳамон дандонро шах кунад. Имплатнтҳо андозаҳои гуногун доранд. Вобаста бо сохти анатомии ҷоғ ва устухони боқимондаи зери милк ба ҳар як бемор гузошта мешаванд.
Муҳаммад Туйчиев мегӯяд, ки брекет система дар ҷаҳон усули нави табобат нест. Он чанд даҳсола пеш дар Аврупо ихтироъ шудааст ва бо мурури замон такмил ёфта, имрӯз дар шакли муосир ба вуҷуд омадааст. Тахминан солҳои 2000-ум аввалин бор брекет ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Дар айни замон бошад, он ниҳоят васеъ паҳн гашта, талаботи одамон низ хеле зиёд гардидааст. Брекетҳо аслан барои барқароркунии ноҳамвориҳои қатори дандонҳо ва ислоҳнамоии газиш пешбинӣ шудаанд, - идома дод духтури дандон.
-Брекетҳои ҳозира ҳаҷман хурду ҷилодор буда, аз ду тарафи дандон гузошта шуда, бо ҳалқачаҳои ноаён мустаҳкам карда мешаванд. Брекетҳо метавонанд тарзи хоиданро дуруст гардонанд, қатори дандонҳоро комилан рост намоянд, нутқро бурро созанд, холигии байни дандонҳоро бартараф ва дар ҳолати набудани як дандон раддаи ботартибро ташкил диҳанд.
Брекетҳо намудҳои гуногун доранд. Навъе мавҷуд аст, ки аз тарафи забон гузошта мешавад ва он ноаён мебошад. Вале дар мо чунин намуд хеле кам истифода мешавад,-зикр менамояд М. Туйчиев. - Брекетҳо аз никел, титан, керамика ва дигар масолеҳи махсус сохта шудаанд ва ба нафарони аз 12 сола боло гузошта мешаванд. Чун дар ин синну сол ҳамаи дандонҳои ширӣ ба дандонҳои доимӣ иваз мегарданд. Пеш аз табобат бо брекет аввал солимгардонии ковокии даҳон гузаронида мешавад. Нуқсонҳои дандонҳои мавҷуда бартараф карда шуда, пас он брекет часпонида мешавад. Агар бемор ягон дандонаш афтида бошад, пас аз насби брекет он барқарор карда мешавад. Табобат бо брекет вобаста ба ҳолати дандонҳо ба ҳисоби миёна аз як то якуним сол давом мекунад. Зарур меояд, ки моҳе як маротиба духтур онро аз назар гузаронида, ҳолаташро назорат кунад.
Ҳар чизи, ки дар даҳон ворид карда мешавад андозааш хеле хурд ҳам бошад , ба нороҳатии бемор оварда мерасонад. Вале бемор бо гузашти ду ҳафта одат мекунад. Баъзе беморон дар оғоз шикоят мекунанд, ки таомхӯрӣ мушкилӣ аст ва брекет ноқулай аст. Ин ҳолати маъмулӣ мебошад. Албатта, то мутобиқ шудан давоми 2-3 рӯз дандонҳо дард мекунанд, -илова намуд духтур.
Бетаваҷҷуҳӣ ба беҳдошти ковокии даҳон, истеъмоли нодурусти ғизо, яъне гарму хунук кардани дандонҳо низ боиси талаф ёфтани сири дандон мегардад. Истифодаи носу сигор низ ба бофтаҳое, ки дандонҳоро иҳота кардаанд, зарар расонида устувории онҳоро халадор менамоянд. Ҳамдиёрони мо бо ин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд ва аксарият дандонҳои худро хуб нигоҳ намекунанд. Яке аз сабаби асосии аз даст додани дандонҳо маҳз ҳамин беэҳтиётӣ аст, ки боиси гузоштани дандонҳои сунъӣ ва ё протез мегардад.
Сабаби дуюмаш ирсӣ мебошанд. Бештар духтарон баъд аз шавҳар баромадану фарзанддор шудан, якчанд дандонашон меафтад. Зеро дар вақти ҳомиладорӣ захираи калсийи организм тавассути хун аз модар ба тифли батни ӯ меравад. Дар ин ҳол бояд занон тибқи тавсияи духтур амал намуда, калтсий истеъмол кунанд. Чун калтсий барои мустаҳкам нигоҳ доштани дандонҳо ниҳоят зарур буда, он бештар дар таркиби маҳсулоти ширӣ мавҷуд аст, - афзуд стоматолог.
Протезмонӣ равандест, ки бо ёрии он нуқсони қатори дандонҳо барқарор карда мешавад. Протезҳо асосан ду намуд мешаванд. Гирифташаванда ва гирифтанашаванда. Ҳоло протезҳои гирифташавандаро бештар омода месозанд. Зеро протезҳои гирифтанашаванда гаронтар буда, вале беҳтар мебошанд. Протезҳои гирифташаванда метавонанд дар вақти гап задан аз даҳон афтанд. Ва баъд аз якчанд сол зарурати иваз намудани он пеш меояд. Вобаста ба лоғар ва ё вазн гирифтани одам андозааш низ тағйир ёфта, тавозунро гум мекунад.
Протезҳои гирифтанашавандаи сунъӣ бошанд гуногун мешаванд. Онҳо аз оҳан, тилоӣ, садаф ва сиркон омода карда мешаванд. Сиркон муосиртарини он мебошад, ки ниҳоят зебо намудор гардида, ба бофтаҳои дандон мувофиқати биологӣ дорад.
Аз ин лиҳоз Муҳаммад Туйчиев ҳамчун мутахассис маслиҳат дод, ки пеш аз ҳама бояд мо дандонҳои табииӣ худро эҳтиёт кунем ва агар зарурат пеш омад барои табобат ва барқарор намудани онҳо аз усулҳои муосир баҳравар гардем. Зеро имрӯз стоматалогия ҳамчун як равияи ниҳоят муҳими соҳаи тиб дар мамлакат рушд намуда, хизматрасониҳои нав ва аз лиҳози илмӣ асосёфтаи манфиатбахшро ба беморон пешниҳод менамояд.
Амонулло Бахтиёрзода
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”
Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад