Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бемории гелиотроп
Моҳи октябри соли 1992, ки Тоҷикистон дар шароити вазнин ва ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва собиқ вилояти Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ монда буд, як қисм сокинони ноҳияи Фархор ба бемории гелиотроп гирифтор гашта буданд. Танҳо аз як оилаи Санговҳо дар деҳаи Аловудин, ба ҷуз аз марди хонадон дигар 7 нафар аъзои оила, аз ҷумла тифлону наврасон ва бузургсолон аз ин беморӣ фавтиданд. Аз шумораи умумии беморон дар ин ноҳия 37 нафар фавтида буданд. Оид ба он ҳодисаи даҳшатовар суҳбате доштем бо Сафаралӣ Ёқубов, ҷонишини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор, табиби бемориҳои кӯдакона .
- Оид ба сабабҳои хуруҷи бемории гелиотроп дар соли 1992, ки боиси марги одамон шуда буд, чӣ маълумот доред?
- Баъди ҳодисаҳои солҳои 1991-ум, ки нооромӣ дар кишварамон ҳукумфармо буд, собиқ вилояти Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ монда буд. Соли 1992 як қисми сокинони ноҳияи Фархор ба бемории гелиотроп гирифтор гашта буданд. Бемории гелиотроп номи растаниест, ки дар мавзеҳои мо мерӯяд ва дар дохили заминҳои ғалла низ мавҷуд аст. Тухми ин намуди растанӣ дертар пухта мерасад. Агар гандум сари вақт дарав карда шавад, тухми ин алаф норасида бо гандуми дарав кардашуда омехта намешавад. Вале, мутаассифона бо сабаби ҳодисаҳои шуми ҳамон сол ғалла сари вақт дарав карда нашуд ва тухми алафи гелиотроп пухта расида, бо дарав кардани ғалла бо он омехта гашт.
Бо сабаби камчинии маҳсулот, махсусан орд мардум тухми ҳамон растании гелиотропро аз даруни гандум тоза нокарда, ба осёб бурда, орд карданд. Аз ин орд нон пухта хурданд ва дар натиҷа ба ҳамин намуди беморӣ гирифтор шуданд.
- Нахустин гирифторони ин беморӣ киҳо буданд?
-Бемори аввалине, ки ба Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор муроҷиат кардааст, як зани калонсол аз деҳаи Аловуддини ҷамоати деҳоти ҳозираи Хутан буд. Баъд ин шумора зиёд шуд ва табобат низ мушкил гашт ва дар ҳамон шабу рӯз дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16 –уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошт. Мо, табибони ноҳия ба унвонии вакилони Иҷлосияи таърихӣ оид ба вазъияти ба амаломада нома ирсол карда будем. Баъди ин мактуб масъаларо ҷиддӣ гирифтанд ва мутахассисон аз кишварҳои Олмон, Фаронса, Шведсария ва Туркияву Қазоқистон ба ноҳияи Фархор даъват шуданд ва дар инҷо як моҳ корҳои омӯзишу тадқиқоти илмӣ идома ёфт. Аз ҷумла, дар он солҳо дар ноҳия госпитали ҳарбӣ ташкил карда шуд ва беморону хонаводаҳои онҳо дар баробари кумакҳои тиббӣ аз лиҳози моддӣ низ дастгирӣ меёфтанд.
- Дар шабу рӯзи хуруҷӣ ин беморӣ вазъият дар Беморхонаи марказии ноҳия чӣ гуна буд?
- Дар рӯзҳои аввали қабули беморони гелиотроп, ки ниҳоят зиёд буданд, мушкили норасоии кат ва ҳуҷраҳои дармонбахшӣ мушоҳида мешуд. Бинобар ин, мо беморхонаи рақамии деҳаи Гулшани Ҷамоати деҳоти Гулшанро барои хобондани гирифторони ин беморӣ омода намудем. Дар рӯзҳои аввалини хуруҷи беморӣ катҳои хоби беморхонаи рақамии деҳаи Гулшан низ аз беморон пур шуд. Баъдан бо мақсади фарогирии ҳамаи гирифторони ин беморӣ мо Беморхонаи рақамии собиқ хоҷагии Ленинро ҳам омода карда, беморони мубталои гелиотропро бистарӣ намудем. Дар рӯзҳои баъдӣ, ки шумораи гирифторони ин беморӣ баробар афзуда буд, дар деҳаи Қизилсу, ҳозира Ҷамоати деҳоти Хутан мизу курсиҳои синфхонаҳои як мактабро бароварда, бо кати хоб таъмин намудем ва беморонро он бино ҷо карда ба табобат фаро гирифтем.
- Чӣ гуна муайян карда шуд, ки ин беморӣ гелиотроп аст ва вазъияти беморон чӣ гуна буд?
- Баъди муайян гардидани намуди бемории хатарнок марҳилаи табобати он каме тӯл кашид. Вазъият ба ҳадде ваҳим буд, ки танҳо аз як оилаи Санговҳо дар деҳаи Аловудин, ба ҷуз аз марди хонадон 7 нафар аъзои оила аз ин беморӣ фавтиданд. Тибқи маълумотҳои он давра ба асари ин беморӣ 37 сокинони ноҳияи Фархор фавтиданд.
- Мегуфтед, ки дар он шабу рӯзи мубориза бо бемории гелиотроп дар баробари табобати беморон ҷиҳати пешгирии аз ин беморӣ чӣ тадбир андешида мешуд ?
- Моҳи феврали соли 1993 барои дидан аз вазъи саломатии мардуми ноҳия Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ташриф оварда буданд. Дар ин миён мо алаккай аз анбори сокинони бар асари орди осиёб беморшуда, ки бештар дар ду деҳа буданд, ҷамъ карда гирифтем. Аҳёнан нафароне, ки дар дигар ноҳияҳои ҳамсоя ба ин беморӣ гирифтор шуда, аз ин навъи гандуми таркибаш тухми растании гелиотроп дошта харидорӣ карда будаанд. Аммо дар ноҳияҳои атрофи Фархор чунин шумораи зиёди беморон ба қайд гирифта нашуда буд.
Дар умум, мубориза бо ин беморӣ қариб як сол идома ёфта буд. Дарвоқеъ, он солу замон сокинон бинобар танқисӣ ва дигар мушкилоти ҷанг тухми ҷорубро ҳам орд карда, истеъмол менамуданд.
Дар он рӯзҳои хуруҷи бемории гелиотроп сардухтури Беморхонаи маркази ноҳияи Фархор Талбак Саидов буданд, ман ҷонишини сартабиб ва Баҳодур Нурхонов табиби кӯдакона ва ҳамчунин табиби равоншод Фатҳиддин Ватанов низ фаъолият доштанд.
Мардуми ноҳия дастгириҳои Роҳбари давлат ва дигар шахсиятҳоеро, ки дар он шабу рӯз кумаки худро ба мо дареғ надоштаанд, фаромӯш накардаанд.
- Ташаккур, барои суҳбат
- Ба шумо ва аҳли эҷоди маҷаллаи Сафо низ изҳори миннатдорӣ менамоям, ки бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо аз хизмати кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор ёдовар шудед.
Билоли Шамс, ноҳияи Фархор
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



