Бойгонӣ

“ОҚ-ГАЗА” ЧӢ ХЕЛ “ХУРРАМДЕҲ” ШУД?

Фазои сулҳу субот ва оромию осудагии сартосарӣ, сабаб шуд, то мардуми як маҳал дар ҳамдастӣ, даст ба кори хайр зада, гӯшае аз диёр ва деҳаҳои худро сарсабзу хуррам ва ободу зебо гардонанд. “Хуррамдеҳ” гаштани маҳаллаи “Оқ-газа” дар шаҳри Левакант далели он аст. 
Равшанӣ 
“Хуррамдеҳ” номи калонтарин маҳалла  дар Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант аст. Маҳаллае, ки солҳои охир бо рӯи кор овардани ташаббусҳои созанда, мардумаш кӯчаҳои онро ободу зебо, инфрасохтор ва шарту шароити зистро барои  худ фароҳаму беҳтар месозанд. Махсусан, давоми чанд соли охир роҳҳои ин маҳалла мумфарш, бунгоҳҳои тиббии замонавӣ, филиали мактаб қомат афрохта, майдончаи футбол фароҳам, қисме аз деҳкардаҳои он ба оби нӯшокии тоза таъмин гардида, рӯз то рӯз шароити зисту зиндагонӣ дар он рӯ ба беҳбудӣ дорад. 
– Қаблан, бартараф кардани мушкилеро вазифаи мақомотҳои дахлдор дониста, солҳои тӯлонӣ мунтазири кумак менишастем,-мегӯяд Қурбоналӣ Қурбонов, як тан сокини меҳанпарасти маҳаллаи “Хуррамдеҳ”. – Аммо гузашти вақт, таъкидҳои пайвастагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фикри мардумро тағйир дод. Имрӯз ҳама дарк кардаанд, ки ободии диёр вазифаи ҳар яки мост. Танҳо муттаҳидӣ, ҳамдилӣ ва аз як гиребон сар баровардан, дилхоҳ мушкилиро бартараф, маҳали зисти моро сабзу хуррам мегардонад. Аз ин ҷост, ки имрӯз мардуми сарбаланди маҳаллаи “Хуррамдеҳ”-и шаҳри Левакант пайи ободии диёри худ камари ҳиммат бастаанд. 
Ба гуфтаи имомхатиби маҳалла Вайсиддин Саидов кори наку ва амали хайру савоб ҳамеша сокинони меҳанпарасту саховатпешаро бо ҳам муттаҳид месозаду сарҷамъ мекунад. Дар натиҷа ҷойи ноободе азнавсозию раҳи фарсудаю валангор мумфарш, ҳаёти бошандагони он маҳал бошад беҳ мегардад. 
Самараи ваҳдату якдилӣ сарзабзу хуррамист.
 
– “Агар дунё тинҷ аст, хотири кас ҷамъ аст”, мегӯянд дар урфият, - нақл мекунад Маҳмасаид Исоев. – Ҳамаи кор аз ваҳдат ва оромию хотирҷамъӣ манша мегирад. Бинед, имрўз мо дар фазои осуда, муҳити тинҷу ором ба сар мебарем. Хурсандии  фарзандони мо интиҳо надорад,  мерақсанд, меболанд ва чеҳраҳои хушу толеи нек доранд. Аз ин хулоса мекунем, ки ваҳдату сулҳу субот беҳтарин неъмат ва дар ҷойи аввал меистад. Маҳз бо шарофати ин ҳама тинҷиву оромӣ, солҳои охир дар маҳаллаи мо низ корҳои ободонӣ авҷ гирифт. 
Ба гуфтаи ӯ ду сол пеш 4 километр  роҳи маҳаллаи онҳо, ки солиёни дароз вайрону валангор буд, мумфарш гашт. Дар мумфарш намудани роҳи мазкур аҳли заҳмат, сокинони баору номус ва меҳанпарасту ободгар, мардуми тифоқ ва ҷавонони боғайрат, соҳибкорону сокинони дастбахайру ҳимматбаланди маҳаллаи “Хуррамдеҳ”-и шаҳри Левакант саҳм гузоштанд. 
Ҳарчанд дар доираи иқдоми худ, сокинони маҳал муми сиёҳ, сангу шағал ва регро барои омода кардани асфалт хариданд, аммо техникаю сӯзишворӣ ва қувваи кории Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант барои саривақт асфалтпӯш гаштани роҳҳои мошингарди маҳаллаи “Хуррамдеҳ” истифода шуд. 

Ташаббусе, ки “Хуррамдеҳ”-ро шукуфон кард
– “Дар ҳамдастӣ маҳаллаи худро обод мекунем!” ин номи ташаббуси навбатии мо буд, ки бо амалї кардани он, деҳаҳои пур аз зулмоти худро нуру сафо, гӯшае аз диёрро обод ва иттифоқ будани сокинонро бозгӯ кардем,- мегӯянд сокинони маҳал. – Маҳз дар доираи ташаббуси мазкур, имсол беш аз 4 километр кӯчаҳои маҳаллаи мо чароғон гашт. 
Бино ба иттилои сокинон дар кӯчаву деҳаҳои ин масир беш аз 100 лампаи ҳозиразамон, ки як донаи он 400 сомонӣ арзиш дорад, насб гардид. 
Ташаббускори ин амалӣ хайру иқдоми созанда, яке аз сокинони ватандўсти ин маҳалла Қурбоналӣ Қурбонов буда, бо ташкил намудани гурӯҳи алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ташвиқу тарғиби корҳои созандагӣ, ҷавонони ободкори дигар маҳаллаҳоро канори худ гирд оварда, иқдомҳои некро амалӣ намуда истодаанд. 

Роҳи деҳаи худ, мумфарш мебояд!
Ободии гӯшае аз зодгоҳ, ҳам кори хайр аст ва ҳам самараву савоб дорад, мегӯянд пирони рӯзгордидаи маҳалла. Аз ин рӯ бо дарки ин маънӣ, ҷавонмардони ин диёр, махсусан  онҳое, ки имрӯз берун аз Ватан дар муҳоҷират кору фаъолият менамоянд, ҳар яке бо василаҳои гуногун дар амалӣ гаштани ташаббуси навбатӣ- “Роҳи деҳаи худ, мумфарш мебояд!”  саҳм гузошта истодаанд.
Ба иттилои Абдуқодирзода Шуҳрат, раиси Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант сокинони маҳаллаи “Хуррамдеҳ”-и ҷамоат ин навбат тасмим гирифтаанд, ки беш аз 2 километр роҳи байни деҳаҳои худро асфалтпӯш намоянд. Маблағи умумии он тахминан 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
– Мо бовар дорем, ки мардуми сарбаланди ин диёр, дар ҳамдастӣ бо як дигар, кори хайри пешгирифтаи худро сарбаландона иҷро менамоянд, – мегӯяд номбурда. – Чун тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза бо ташвиқу тарғиби корҳои ободонии эшон шинос мегардем. Мақомоти маҳал низ иқдоми сокинонро дастгирӣ намуда, барои амалӣ кардани он кумаки техникӣ расонида, қувваи кориро  ҳам таъмин хоҳад кард. 
Маврид ба ёдоварист, ки сокинони маҳаллаи “Хуррамдеҳ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳи махсуси худро боз карда, ҳама сокинони ободгару саховатманд маҳалро бо ҳам овардааст. Тавассути гурӯҳҳои мазкур сокинон бевосита аз рафти кор, пешравӣ ва дар кадом сатҳ қарор доштани иқдоми пешгирифта воқиф хоҳанд гашт. 
– Дар воқеъ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ низ имрӯз як василаи суръат бахшидани корҳои созандагӣ гардидааст, – иброз медорад Ҳасан Эмомов сокини ин маҳалла. – Аз ин рӯ мо низ бо истифода аз он ҳадафи корҳои созандагии маҳаллаи худро роҳандозӣ намудаем. Дар гурӯҳ дар баробари паҳн гардидани ҳисоботҳо, ҳамчунин тавассути инфографика ҳамарӯза саҳмгузории сокинон нишон дода мешавад. Барои боз ҳам ҳавасманд сохтани якдигар тариқи радабандї беҳтарин саҳмгузорон муайян ва паҳн карда мешавад, ки ин кор ҷавонони ҳимматбаланди дигарро водор месозад, то ҳиссаи бештар гузоранду ҷойи аввалро дар амалї кардани кори хайр сазовор гарданд. 
Имрӯз сокинони “Хуррамдеҳ”-и шаҳри Левакант талош доранд, ки то марҳила ба марҳила мушкили маҳалли зисти худро бартараф сохта, бо ин васила “Хуррамдеҳ”-ро “Хуррамдеҳ”-и воқеӣ гардонанд. Зеро муҳит амну осуда асту барои анҷоми корҳои наку шароит фароҳам. Поянда бод сулҳу ваҳдат дар Ватани соҳибистиқлоламон – Тоҷикистон!  

Низоми ИСО, ш. Леваканд


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019