Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ЗАРУРАТИ ЗАМОН
Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии шаҳрвандон як қатор барномаҳои давлатӣ таҳия ва рӯи кор оварда шудаанд. Ба замми ин ахиран Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ба тасвиб расид, ки дар ҳошияи он маҷаллаи “Сафо” бо Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилоят мусоҳибаи ихтисосӣ орост.
-Ҳадаф ва зарурати қабули Қонун “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро дар чӣ мебинед?
- Қонуни тоза ба тасвибрасида “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” зарурати вақт аст. Дар ҳоле, ки мо дар раванди бунёди давлати миллӣ қарор дорем, вазъи геопалитикии ҷаҳон сол то сол мураккабтар гардида истодааст. Дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат бисёр муҳим аст ва ин пеш аз ҳама аз тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон сарчашма мегирад.
Таҷриба нишон дод, ки қабули қонунҳои миллӣ моро ба сӯи комёбиҳо бурд. Ба гунаи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки натиҷаи хуб ба бор овард ва бисёре аз кишварҳои дар ҳоли рушд барои омӯзишу корбарии худ аз он истифода бурданд.
Ин Қонун низ, ки ҳадафаш тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди онҳо ва дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таъмин намудани манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат аст, дар тақвият додани заминаҳои ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа ва дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба давлат тарбия намудани шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Тавре дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд:
“Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллат, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандорию ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад”.
Аҳли илму адаб таъкид намудаанд, ки ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои пойдор дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат буда, сарвати муҳимтарини маънавии шахсият, сатҳи баландтарини рушдро тавсиф менамояд ва худро дар татбиқи фаъоли худ ба манфиати Ватан нишон медиҳад.
-Ба назари Шумо барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон ва ҳисси садоқат ба Ватан чӣ бояд кард?
Тарбияи ватандӯстӣ пеш аз ҳама аз муҳити хонавода оғоз меёбад. Ба назарам агар дар ҳар чизе, ки мо аз он истифода мебарем, новобаста аз касбу корамон як рамзи Ватан, ба мисоли расми кўҳҳои осмонбўс, чашмаҳои обшорон ё нишону парчам ва амсоли ин насб намоем, бо дидани онҳо муҳаббатамон ба ин сарзамин меафзояд. Дар баробари насби парчам дар ташкилоту муасисаҳо чанд сол пеш қонунгузорӣ иҷозат дод, ки сокинон ҳам дар болои боми хонаҳояшон метавонанд, парчами миллӣ гузоранд. Албатта, ҳамаи ин тадбирҳо баҳри тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон андешида шудаанд, то ин ки Ватан ҳамчун арзиши олӣ дар қалби поки ҳар соҳибватан бошад.
Дар мавриди ватандӯстӣ бояд мо насли калонсол, падарону модарон, зиёиён бо рафтору кирдор ва амаламон барои наврасону ҷавонон намуна бошем. Ба фарзандонамон низ муққадасоти меҳанро омӯзонем, то онҳо сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, ба он арҷ гузоранд ва дар ҳамин руҳия тарбия ёбанд. Шаҳрвандон бояд ба тимсоли қаҳрамонони миллат садоқат ба Ватанро омӯзанд ва дар ҳифзу нигаҳдориаш ҳамеша омода бошанд.
Дар муҳити мо бояд ҳарфи Ватан зиёд бошад, то ин ки он суханҳои таъсирбахш ҳар нафарро ба дӯст доштани меҳан таҳрик диҳад. Зеро ташаккули шахс ва равиши зиндагии ҳар нафар ба дидану шунидан ва мутолиаи ӯ вобастагӣ дорад. Вақте инсон пайваста мебинаду мешунавад ва онро дар рӯи авроқ мутолиа менамояд, ҳамон мавзуъ ё мазмуну муҳтаво дар зеҳнӣ ӯ ҷой мегирад. Барои ҳамин ҳам мо зиёиён, публисистону эҷодкорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд, ки дар тараннуми ватандӯстию хештаншиносӣ ва ғояҳои ободонию созандагӣ бештар заҳмат кашида, аз самими қалб рисолатамонро иҷро намоем.
Имрӯз дар саҳнаҳои театрӣ ва филмҳои ҳунарӣ зиндагинома ва корнамоиҳои қаҳрамононаи фарзандони миллати тоҷик, ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон додаанду аз худ номи нек гузоштаанд, хеле кам мебинем.
Тавре чанде пеш ҳунармандони Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари “Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ намоишномаи “Зол ва Рудоба” ва Театри ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи “Спитамен”-ро рӯи саҳна гузоштанд, ки муҳтавояшон саршор аз ҳарфи ватандӯстӣ буд, ҳарчи бештар намуда, таваҷҷуҳи навли наврасу ҷавононро ба тамошои онҳо ҷалб намоем.
Доир ба ин масъала ходимони дин ва фаъолони ҷомеа низ бевосита метавонанд ба афкори мардум таъсири мусбӣ расонанд.
-Чаро имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ибораи “тарбияи ватандӯстӣ” дар сархати идеологияи миллӣ қарор гирифтааст?
-Ҳоло мо дар саргаҳи давлатсозӣ қарор дорем ва ин бисёр марҳилаи ҳассос аст. Дар ҳоле, ки даҳҳо мамолики дунё вазъи ноором дорад, фаҳмонидани моҳияти тинҷию амонӣ ба ҷавонони Тоҷикистон, тақвияти дӯстию бардории сокинон ва роњнамоии онҳо ба амалҳои нек яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар ин маврид ҳама бояд мавқеъ дошта бошем. Барои ҳамин ҳам, дар меҳвари тамоми чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишию маърифатӣ худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон қарор мегирад. Идеологияи милли мо танҳо ба забон овардани ҳарфи ватандорӣ нест, балки амалан нишон додани он аст.
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон собит месозад, ки бархурди абарқудратҳо, мубориза байни давлатҳо, ихтилофҳои динию мазҳабӣ ва таҳрики фарҳанги бегона ба мамолики Шарқ, аз ҷумлаи кишварҳои рӯ ба тарраққӣ бе таъсир нест. Авзои сиёсии олам метавонад вазъи ҳар мамлакатро муташанниҷ кунад, магар дар як ҳолат – агар шаҳрвандони он кишвар иттиҳоду сарҷамъ ва ватандӯсту меҳанпарвар бошанд, ҳеҷ қуввае наметавонад, сулҳу субот ва оромию ҳамзистии осоиштаи онҳоро халалдор намояд. Барои ҳамин ҳам бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳон Ҳукумати мамлакат дар сархати идеологияи миллии худ тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро дар мадди аввал гузошта, барои расидан ба ин ҳадафи нек тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ намунаи олии ватандорӣ аст ва агар мо онро барои худамон оинаи ибрат гирифта, дар роҳи хизмат ба Меҳан истифода намоем рисолати азалиамонро ҳамчун фарзанди ҳамин сарзамин иҷро менамоем. Тамоми ҷасорат, матонат ва байни обу оташ гузаштанҳо он чизе, ки Фирдавсӣ аз тахайюлот дар асари худ навиштааст, имрӯз мо ҳақиқиашро дар симои Сарвари хирадманди худ мебинем. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро сарҷамъ намуданд, онро аз парешонӣ наҷот доданд, ҷонибҳои мухолифро ба созиш оварданд ва бо таҳаммулпазирӣ Тоҷикистони ободу озоди имрӯзаро сохтанд. Зиндагиномаи Роҳбари мамлакат ва роҳи тайнамудаи ў дар масири ватансозию сарҷамъии миллат мустанади таърихиест, ки дарки он худ тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аст.
-Муҳимтарин хусусияти шуури ватандӯстӣ муҳаббат ба Меҳан, муносибати шахс ба таъриху фарҳанги кишвар, расму оинҳои аҷдодӣ ва омода будан ба ҳифзи онҳо мебошад. Барои шакл додани чунин фаҳмиш дар тафаккури шаҳрвандон мо, аҳли зиё чӣ хидмате карда метавонем?
-Шуури ватандӯстӣ ҷанбаи муҳими ҳар як низоми иҷтимоӣ ба шумор меравад. Албатта, таҳким бахшидани он дар шароити муосир низ корҳои зиёдеро талаб мекунад. Мазмуну моҳият ва сатҳи шуури ватандӯстӣ пеш аз ҳама ба вазъи маънавию ахлоқии ҷомеа, решаҳои таърихии он вобастагии зич дорад. Асоситарин шуури ватандӯстӣ ин муҳаббат ба Ватан, муносибати шахс ба таърих, хотираҳои он, фарҳанг, расму оин, дӯст доштани марзу буми диёр ва тайёр будан ба ҳифзи Меҳан мебошад.
Имрӯз мо бояд тарбияи ватандӯстиро аз дӯстдорӣ ва ҳифзи ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан, масъулият дар таҳсил ва фаъолияти меҳнатии худ, масъулият дар тарбияи фарзандон, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ободии диёри азиз алоқаманд намоем.
Дар пешорўи ҳамагуна масоил, хусусан тарбияи маънавии наврасону ҷавонон зиёиёни мамлакат дар мадди аввал қарор доранд. Зеро онон чашми бедори миллат ва ояндабину роҳнамоӣ фардои дурахшони Ватан мебошанд. Барои ҳамин ҷалби ҳарчи бештари равшанфикрон ва суҳбату мулоҳизаи онҳо дар чорабинию вохӯриҳои таблиғотӣ дар дарки бошууронаи ҳимояи Ватан ва омодагӣ ба хизмати ҳарбии ҷавонон таъсири мусбӣ расонида, ҳисси ватандӯстии шаҳрвандонро бедор месозад.
Илова бар ин мо бо зиндагинома ва корнамоии қаҳрамонони халқ, ки дар таърих аз худ ном гузоштаанд, ба таври лозима бояд таваҷҷуҳ кунем. Масалан, мо номи Шаҳболро кам дар кам ба ёд меорем. Ҳол он ки ӯ бо ҳамсафонаш се маротиба дар марзи Хуталони куҳан арабҳоро шикаст дода, сарзамини аҷдодиро аз душман ҳифз намудааст.
Барои чӣ мо сарбаландии тоҷикро дар симои чунин фарзандонаш муаррифӣ накунем?! Бигузор дар саргаҳи ҳамон мавзеи таърихӣ ҳайкали Шаҳбол бошад, филм бардошта шавад. Ба ин монанд мо садҳо қиссаҳои воқеии таърихӣ дорем, ки сарупо намунаҳои олии ватандӯстианд.
- Ба фикри Шумо чаро патриотизм имрӯз миёни ҷомеа камтар мушоҳида мешавад ва ё аслан зарурат ба тарғиби он ҳаст?
-Вазифаи муқаддас ва рисолати мо, насли собиқадори кишвар дар назди давлат, Ватан ва ҷомеа ин аст, ки бо ақлу заковат ва тадбирҳои самарабахш дар дили насли ҷавони имрӯза ҳамин эҳсоси гарми ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки воқеии шарафу нангу номусро, ки дар симои Роҳбари давлатамон пайваста мушоҳида менамоем, бедор намоем. Зеро, ҷавонони мо дар замоне умр ба сар мебаранд, ки ҳар рӯз, ҳар лаҳза олами сиёсат, илму техника, тамаддун, фарҳангҳо дар тағйироту таҳаввулот аст. Ҳар лаҳза метавонанд тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва дигар манбаъҳо гурӯҳҳои ғайр ва ифротгаро афкору андешаҳои ҷавононро тағйир дода, ба хотири манфиатҳо ва ғаразҳои хеш онҳоро гумроҳ ва ба доми худ кашанд. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ҳамон ҳисси баланди ватандустӣ, шинохти миллӣ, ифтихор аз Ватану гузаштаи хеш лозим аст, то тавонад, монеи чунин бадбахтиҳо гардад.
Имрӯз зарурати ногузир аст, ки мисли солҳои пеш дар муассисаҳои таълимӣ барои омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ лавозимоти заруриро таъмин намоем. Дар заминаи фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар мактабҳо тирхонаҳо бунёд карда, ҷасорати ҷавононро баланд бардорем. Вақте ки ҷавон дар даст камон гирифта, тир мепаронад дар ниҳодаш матонат ба вуҷуд меояд.
Имрӯз ҷавонони мо вақти зиёди худро дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд, ки он ба афкори онҳо таъсири ниҳоят калон дорад. Аз ин лиҳоз мебояд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба воситаи аксу навор, филму қисса ва василаҳои дигари муосир ба роҳ монем. Маҳз таъсири расонаҳои интернетӣ аст, ки имрӯз аксарияти ҷавонони мо доир ба ҳаёту фаъолияти муштзани доғистонӣ Ҳабиб Нурмагамедов медонанду аз ӯ ифтихор мекунанд, аммо чаро номи парчамбардорони миллати худро дуруст намедонанду онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намекунанд?! Чаро мардум ба зиёрати ҳоҷӣ мераванду ба истиқболи нафаре, ки ғолиби олимпиадаи фаннӣ гардида, парчами миллатро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштааст, намешитобанд?! Аз ин бармеояд, ки дар ин масир мо уҳдадориҳои зиёде дорем, ки бояд дар якҷоягӣ талош варзида, ба ҳадафи аслии миллату давлати худ расем.
Амонҷон Маҳкамов
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД