Бойгонӣ

Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор!

                                        Ба озмуни «Паёми Меҳани ман»

Чархофалако, маро ба чарх овардӣ,
Кӯлоб будам маро ба Балх овардӣ.
Кӯлоб будам,  оби ширин мехӯрдам,
Саргашта маро ба оби талх овардӣ.

Ин рубоии халқӣ даҳсолаҳои зиёде аз даҳон ба даҳон гузашта, то замони мо омада расидааст. Бо ин рубоӣ ҳанўз дар солҳои мактабхонӣ ошно шуда, матни оҳангбастаи онро аз забони санъаткорони маъруфи кишвар низ борҳо шунидаем. Борҳо хондаю шунида бошем ҳам таъсири онро чандон эҳсос намекардем, то даме ки худ фирории иҷборӣ нашудем.
Бале, бо гардиши рўзгору амри сарнавишт дар рўзҳое, ки бар асари ҷанги таҳмилӣ дар ҷумҳурии азизамон бо ибораи  мардумӣ тару хушк баробар месўхт, қатори садҳо нафар ҳамдиёрон дар марзи кишвари ҳамсоя –давлати Афғонистон паноҳанда шудем.
Дар он рўзҳо, ки аз ёру диёр ва ватани биҳиштосои худ дур афтода будему шабу рӯз бо тақдиру пешомади бароямон  номуайян заҳри ғарибӣ мечашидем, ба мазмуну муҳтавои рубоии халқии “Чархофалако...” амиқ сарфаҳм рафта, муҳтавои  мафҳумҳои “оби ширин”-у “оби талх” хўрданро  “кашф” намудем.
Устод  Гулназар Келдӣ низ дар як матлаби таҳлилиаш  оид ба воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ва фирорӣ шудани тоҷикон ибрози назар намуда, аз ҷумла чунин нигоштааст: “Масале хонда будам. Гули шукуфони чаман аз хори мағелони биёбони сӯхта мепурсад: «Чаро дар паҳлуи ман, дар чаман намерўӣ? Биёбон туро чӣ медиҳад?» Хори мағелон посух медиҳад: «Барои ту чаман хуб аст, барои ман- биёбон, зеро ватани ман аст». 
Моҳҳои ноябр-декабри соли 1992 фирориёни тоҷик дарёи Амуро убур намуда, дар якчанд деҳаю маҳаллаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Афғонистон муваққатан маскан гирифтанд. Мо бо аҳли оила ва иддае аз ҳамдеҳагонамон дар  “Кулухтеппа” ном рустое аз ҷумҳурии ҳамсоя, ки бештари сокинонашон туркмантаборон буданд, қарор гирифтем. Дар деҳаи мазкур як осиёбе фаъолият дошт, ки одамон гандумҳояшонро он ҷо бурда орд мекарданд. Назди осиёб аксар вақт серодам буд. Гурезаҳои тоҷик низ гоҳо бо фарзандонашон назди он осиёб рафта, ҳам кори осиёбро тамошо мекарданду ҳам гўш ба қимор истода, мехостанд дар бораи тақдири минбаъдаи худ ягон хабареро бишнаванд.
Як рӯз қарибиҳои намози аср мо ҳам дар он мавзеъ бо чанде аз ҳамдиёронамон ҳузур доштем ва  кўдакони фирориёни тоҷик низ он ҷо бо ифодаи шоир “бехабар аз гапи ҷаҳон”    машғули  бозӣ буданд. Ногоҳ як мотосиклсавор ба назди осиёб омада қарор гирифт ва сўйи мо бодиққат назар афканда, бо ангушти ишораташ маро ҷониби худ хонд. Чун наздаш ҳозир шудам, баъди адои салому ҳолпурсӣ як халтаи селофаниро, ки пур аз кулчақанд будааст, сўям дароз карда гуфт, “Инҳоро ба уштукон (кӯдакони фирориёни тоҷик- А.Ф.) тавзеҳ намою наздам биё”. Хоҳишашро иҷро кардам. Номбурда зимни суҳбат худро муаррифӣ карда гуфт, ки ўзбектабор асту зодаи Афғонистон, вале падараш аз Бухоро буда, солҳои 30-юми асри гузашта, гуреза шуда ба Афғонистон омада, ҳамин ҷо оиладор мешавад  ва  дар пиронсолӣ дар Афғонистон вафот кардааст. Аз падараш ёдовар шуда гуфт, ки гарчанде аз ягон чиз танқисӣ надошт, вале солҳои охири ҳаёташ дар бистари беморӣ хобида,  субҳгоҳон дар фасли зимистон ҳам аз фарзандону набераҳо боисрор талаб мекардааст, чанд лаҳзае тирезаи манзили зисташро кушода монанд. Онҳо аз ин рафтори падару бобояшон тааҷҷуб намуда сабаб мепурсиданд. Мўйсафед оҳи пурдарде аз дил бурун намуда, мегуфтааст, ки мехоҳам  насими саҳарӣ бўйи ҷонбахши Ватанам-Бухорои шарифро ба димоғам расонад... Афсўс мўйсафед армони дидор бо ватанро бо худ зери хок мебарад... 
Ҳамсуҳбати мо дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки фирориёни тоҷикро дида, симои падари бузургвор пеши назараш омадаст, ки гуреза шуда ба Афғонистон омада, бо ёди Ватан то лаҳзаи охири ҳаёташ руҳан азоб кашидааст ва дуо кард, ки Худованд фирориёни тоҷикро аз ғурбату сарсониҳо раҳо намуда, ба дидори ёру диёрашон насиб гардонад...
Воқеан, барои мардуми гурезаи дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон паноҳанда шуда, дар ғарибию мусофират аз даст додани даҳҳою садҳо нафар азизони худ мусибати гароне буд, ки қалам аз тасвири он оҷиз аст. 

Инак, бо гузашти солҳо ҳамасола дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ қабрҳои гурезаҳоро намоиш медиҳанд. Он макони охирати ҳамдиёрони ормонии моянд, ки ғарибгўр шуда, доғи абад дар қалби пайвандони хеш, дар маҷмуъ дар қалби миллат вогузоштаанд.
Бадбахтона, дар яке аз он гӯрҳои ғарибона турбати модари  меҳрубону дилсӯзи мо  низ нуҳуфтааст, ки дар ғурбат  чун дигар фирориёни иҷборӣ   азобу машаққатҳои зиёдеро паси сар намудааст. Дурӣ аз ҳамсари қадрдону ҷудоӣ аз хешу ақрабои дар Ватан буда, ҳамзамон, дар марзи Давлати исломии Афғонистон дар давоми як ҳафта аз даст додани ду набераи дилбанд  ба ҷону тани модарҷони мо  бетаъсир намонд. Модари азиз Моҳинав Сафарова 13-уми январи соли 1993 дар яке беморхонаҳои шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон бо қалби пурҳасрат дунёи равшанро падруд гуфт. Оҳ, чӣ мушкилу сангин аст,  дар ғурбат дур аз ёру диёр  бо қалби пурҳасрат  ҷон ба ҷонофарин супурдан…
Модар, модар ҷаҳони армон модар,
Аз ҷабри замон нобасомон, модар.
Рўзону шабон Ватан мехостӣ, лек,
Ту хок шудӣ ба мулки афғон модар.

Модари дилбанди мо  гарчанде турбаташ дар мулки ҳамсоя дур аз ёру диёр монд, вале яқин дуои некаш барои фарзандону пайвандон ва кулли мардуми тоҷик мустаҷоб гардид. 

Ба бахти тоҷикон дар он айёми бесарусомониҳою алангаи ҷонсўзи ҷанги шаҳрвандӣ ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаю ҷоннисори миллат Эмомалӣ Раҳмон воқеан фоли нек буд.  Ба андешаи зерини адибу рўзноманигори варзидаи кишвар Додохон Эгамов мо низ шарикем, ки гуфта буданд: «Ба ҳафт пушт деҳқонзод ва тоҷики асил буданаш, ба ягон моҷарои дарборӣ ё кашмакаши гуруҳӣ дахл надоштанаш, бемукофот ва бемуҷозот буданаш, дар интихоби алтернативӣ мутлақо ғолиб омаданаш бо забони ҳол аз он гувоҳӣ медод, ки фардест заминӣ, поктинату беғараз ва Худо агар мадад кунад, умеду ормонҳои халқи одиро сарпаноҳ мешавад. Чеҳраи нуронӣ, қаду қомати расо, чашму абрўи зебо ва нигоҳҳои хирадмандонааш нек башорат медод, ки ўро дар замир қудрати ниҳонии яздонӣ  ба қадри кофист ва бо шарофати ў Парвардигор тоҷикро аз нав тоҷдор мегардонад».
Яке аз ҳадафҳои асосии Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонидани гурезаҳову аз муҳтоҷиву бенавоӣ ва бечорагию камбағалӣ раҳонидани аҳолии мамлакат буд. Сухани дигари ин родмарди миллат ба дилҳо мадор мебахшид: «То даме охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро осуда намеҳисобам»
Маҳз ба шарофати  ҷон дар рӯи каф мондану талоши пайгиронаи  фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, дасти сулҳу оштӣ дароз кардани  фарзандони дар ду сангар қарор гирифтаи ин сарзамин ба қавли шоир:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Бо даъвати Сарвари хирадманду фидоии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи фирориёни собиқ, дар қатори онҳо фарзандону пайвандони модарҷони азизи мо  ҳам  тобистони соли 1993 ҷониби Ватан –Тоҷикистони ҷону ҷонон, роҳ пеш гирифта, дар хонаю манзили хеш маскун шуданд. 

Аз ин лиҳоз бо фармудаи шоир:

Ба ин марди Худо аз ҷону дил шукрона бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард.

 Ҳамдиёронамон хуб дар ёд доранд, ки рўзи 29 октябри соли 2016  дар шаҳри Роғун бахшида ба тағйири маҷрои дарёи Вахш дар маҳали Неругоҳи обии барқии «Роғун» бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки васеи аҳли илму адабу фарҳанг, роҳбарони ҳизбию давлатӣ, вакилони парлумони кишвар, намояндагони консулгарӣ ва корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷии дар қаламрави кишвар фаъолият дошта, ҳамоиш ва ҷамъомади ботантана доир гардид. Барои инҷониб низ бахти бузург насиб гардиду бо якчанд нафар масъулони ноҳияи Шаҳритус дар он рўйдоди таърихӣ ширкат варзидем.
Дар он рўз  боз як иқдоми ватандўстонаю азми ҷавонмардонаи Сарвари давлатро шоҳид шудем. Соати даҳи рўзи 29-уми октябр Президенти мамлакат ҷониби булдозери дар канори дарё истода роҳ пеш гирифта, по ба кабинаи он ниҳоданд ва тўли якуним соат барои бастану маҳкам намудани қисмати нотамоми маҷрои дарёи Вахш  фарҳодвор кору пайкор карданд. Билохир, бо азми қавию талоши хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамгироии ронандагону булдозерчиёни НОБ-и «Рогун» маҷрои дарёи Вахш «ром» шуда, барои бунёди сарбанди азим шароити мусоид муҳайё гардид.
Президенти кишвар бо иштирок ва ҷаҳду талош дар ин иншооти бузурги аср  таҳти шиори «Сохтмони неругоҳи «Роғун»- ҷабҳаи заҳмати созанда ба хотири ободии Ватан!» дар дили ҳамдиёрон шуълаи нангу номуси миллиро фурўзон кард.  Ҷаноби Олӣ дар ҳамоиши дар он манбаи нур баргузор шуда, суханронӣ карда, ба артиши 15-ҳазорнафараи коргарону сохтмончиён ва ҳайати муҳандисию роҳбарияти  НОБ-и «Роғун»  чунин муроҷиат карданд: «Шумо дар хотир дошта бошед, ки саҳматон дар сохтмони ин иншооти барои имрўзу фардои Ватан ҳаётан муҳим, аз ҷониби наслҳои оянда чун тимсоли фидокорӣ ба хотири рушди Ватану миллат эътироф ва қадрдонӣ хоҳад шуд».
Маҳз дар натиҷаи дастгирию ҷонибдории  мардуми шарифи кишвар  аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  иқдомҳои созандаю ободгаронаи Пешвои муаззами миллат нақбҳои Истиқлолу Хатлон, Шаҳристону Шаршар, неругоҳҳои Бойғозӣ, Сангтўда, Роғун мавриди истифода қарор гирифта, роҳҳои сатҳи байналмилалӣ бунёд ёфта, корхонаҳои бешумори истеҳсолӣ, мактабу кўдакистонҳо,  иншооти муосири фарҳангию варзишӣ дар кишварамон арзи ҳастӣ намуданд. Ҳамзамон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо зиёда аз 200 кишвари дунё ҳамкориҳои дўстона роҳандозӣ гардид.
Мусаллам аст, ки ҳар фарди қобилу соҳибдилу ватандўст аз ободию шукуфоии Ватани азизамон  хушҳол  гардида, пайи рушду сабзу зеботар шудани он боз ҳам бештар ҷаҳду  талош меварзад. 
Худоё, ишқу армонро нигаҳ дор,
Муҳаббатҳои ёронро нигаҳ дор.
…Ватан бар кас бувад гаҳвораю гўр,
Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор!


Баҳромзода Азиз Фаттоҳ, узви ИЖТ, 
н. Шаҳритус


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019