Бойгонӣ

Ватан гул мекунад аз борони Вахдат

«Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ,  кафолати инкишофи давлат ва омили муҳимтарини рушди ҷомеа мебошад»                                                                                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон 
26 сол қабл  27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини халки тоҷик як саҳифаи мубораку бузург боз гардид. Дар ин рўзи пурфайзи таърихӣ орзую ормони мардуми азияткашидаи мо амалӣ гардид. Дар пойтахти кишвари Россия – шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. 
Воқеан ҳам ин Созишномаи таърихӣ дорои аҳамияти байналмилалӣ буда, соҳибистиқлолии кишварамонро мустаҳкам, ваҳдати миллиро пойдор намуда, Осиёи Марказиро ба минтақаи сулҳ табдил дод.
Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифтааст. 

Сокини ноҳияи Носири Хусрав, омӯзгори асилу ботаҷриба, собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳия Нурмуҳаммад Абдумуродов он солҳоро ба ёд оварда, дар суҳбат бо мо изҳор намуд, ки ҷангу низоъҳои дохилӣ, ки боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ ва хавфи нобудшавии миллат ва якпорчагии мамлакат гардида буд, моро бисёр нигарон намуда буд.
Дар ҳамаи манотиқи кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, хонаҳо сухтаву мардуми бегуноҳ манзили худро тарк карда, ҳамчун гуреза ба дигар кишварҳои хориҷӣ фирор намуданд. Дар чунин марҳилаи ҳассосу тақдирсоз дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор гардиду бо амри сарнавишт ҷавонмарди наҷотбахши миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардид. 
Роҳбари тозаинтихобу сарсупурдаи миллат то соли 1997 барои барои ба даст овардани сулҳу салоҳ ва осоиштагии кишвар заҳматҳои пайвастаи шабонарӯзӣ, талошҳои зиёд намуда, ҳатто ҷони худро дар хатар гузошта, сафарҳои муҳимеро анҷом доданд. Ба қавли шоири ширинкалом Рустами Ваҳҳоб «на сар гуфт, на тан гуфт, на ҷон гуфт, фақат Ватан гуфт».
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо як бихишти воқеии рўи заминро мемонаду халқи шарифу бузургаш дар фазои сулҳу осоиштагӣ хушу хуррамона умр ба сар мебаранд. 

Хамсуҳбати дигари мо Саодат Қурбонова ваҳдатро чун ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз муқаддас мешуморад. Ӯ афзуд, ки соли 1997 баъди хатми бомуваффақияти донишгоҳ фаъолияти корияш оғоз гардидааст. Вай дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, солиёни зиёд ба ҳайси  муовини раиси ноҳия фаъолият дошт.  Феълан котиби Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шахритус мебошад. 
- Истиқлолият ва ваҳдат ҳадяи илоҳист. Халқиятҳои зиёде аз ин неъмат бенасибанду муддатҳои дуру дароз барои ба даст овардани он мубориза мебаранд. Солҳои мудҳишу вазнини ҷанги шаҳрвандиро, ки он замон донишҷӯ будам, хуб дар хотир дорам.
Аз дасти бедодгарию ғоратгариҳои гурӯҳҳои ғайриконунии силоҳбадастон мардум ба дод омада буд. Субҳ аз хона мебаромадӣ, аммо умеди зинда гаштан ба хона набуд. Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи халъи силоҳ» баромаду вазъият оҳиста-оҳиста ба эътидол даромад. Бо заҳматҳои беназир ва талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон ваҳдати милливу сулҳ пойдор гашт,- мегӯяд Саодат Қурбонова.
-Ҳамарўза мушоҳида менамоям, ки бегоҳиҳо мардум - хурду калон, хоса духтарон, занону кӯдакон дар боғи фарҳангӣ –фароғатии «Тус»-и ноҳия бо хушнудӣ ва руҳи болида гашту гузор менамоянд, - идома медиҳад ӯ. -  Албатта, ин хушбахтӣ самараи Ваҳдати миллист. Воқеан, ҳам имрӯз Ваҳдати миллии мо Қасри муҳташаму бегазандро мемонад, ки меъмораш Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва шоир дар васфаш гуфтааст:
Андар ин сайёра дорад  ў мақоми доварӣ, 
Кулли дунё сўяш омад бо камоли боварӣ.
Номи ў бинвишта шуд дар қуллаи ваҳдатгарӣ,
Аз Куруш, Исмоили Сомонӣ дорад, бартарӣ.
Бигузор ваҳдати миллати куҳанбунёди тоҷик пояндаву пойдор ва абадӣ бошад!
          
Таҳияи Аъзамҷон Бобозода


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019