Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дарахти шаҳдбори Ваҳдат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки бунёдгузори бевоситаи Ваҳдати миллӣ халқи бузурги тоҷик аст. Яке аз он нафароне, ки қатори ҳазорон ҳамдиёрони мо дар бунёд ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллӣ саҳми арзанда гузоштааст, шахсияти соҳибэҳтиром, котиби масъули Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар Маҳмадрӯзӣ Назифов мебошад.
Ӯ дорои собиқаи 50 солаи кору фаъолият дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа буда, натанҳо дар шаҳри Бохтар, балки дар бисёре аз гӯшаҳои дигари вилояти офтобии Хатлон байни оммаи мардум соҳиби иззату икроми баланд аст.
Номбурда дорои ду дипломи мактабҳои бонуфузи олии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буда, ба ҳайси раиси Кумитаи радио ва телевизиони собиќ вилояти Қӯрғонтеппа, мудири шуъбаи идеологии Кумитаи ҳизби коммунисти ин вилоят, мудири шуъбаи оид ба масъалаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, алоқа бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байни миллатҳои Дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ва дигар вазифаҳои масъули давлатї, ҳизбию ҷамъиятӣ софдилона меҳнат намудааст.
Ӯ ҳамчунин дар баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба манзилии доимии зисташон ҳангоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, созмон додану ба фаъолият оғоз намудани Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар низ саҳми арзанда гузоштааст.
Маҳмадрӯзи Назифов аз ҷумлаи нафаронест, ки чун татбиқкунандаи бевоситаи сиёсати суҳлу ваҳдатофари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳал ба қадри ин неъмати бебаҳо мерасад. Ҳар нафасу ҳал лаҳза мекӯшад сол то сол дарахти шаҳдбори Ваҳдат меваҳои ширинтару лаззатбахштар диҳад ва дигар ҳеҷ гоҳ миллати азизи тоҷик ва мардуми бунёдкори Тоҷикистон дарду доғу алами парешонию ҷудоию сарсониро набинанд.
Номбурда зимни суҳбат иброз намуд, ки агар Тоҷикистони азиз кабутар бошад, пас Сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолият қаноту пару боли ин кабутаранд. Ва агар худо накунаду яке аз ин қанотҳо шиканад, кабутари умеду орзуи миллат дар вазъияти мушкил қарор мегирад.
Ба андешаи Маҳмадрӯзӣ Назифов агар дар рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ мисли имрӯза мо соҳиби ваҳдати комил ва якдигарфаҳмӣ мебудем, бовар буд, ки ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки ҳазорон нафарро ба нобудӣ бурда расонд, рух намедод ва душманони берунӣ наметавонистанд қасри муҳташами Ваҳдатро рахна созанд.
Вақте ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба ҷонибдории аксар вакилон ба маснади баланди роҳбарии Тоҷикистони он солҳо дар вазъи хеле ногувор қарор дошта пазируфта шуд, барояшон амалӣ намудани корҳои хеле душвор пеш омад. Ин ҳам бошад истиқрори Сулҳу Ваҳдату дӯстиву якдигарфаҳмӣ ва фаъол гардонидани сохторҳои фалаҷгаштаи давлатї буд.
- Сарвари оқилу мушкилнописанди давлатамонро дар он солҳо хотираи неки ҳазорон нафар қурбониёни бегуноҳи ҷанг, дидаҳои чору ашкбори тифлону модарон, пирону занони ба таври иҷборӣ аз макони зисти доимии худ фирорнамуда, харобазори ваҳшатбору ҳузнангези Ватан ва тақдири минбаъдаи миллату ватане, ки онҳоро аз ҷонаш ҳам зиёдтар дӯст медошт, водор сохт, ки ин бори душвори масъулиятро ба зимма гирад,- мегӯяд ӯ
Вақеан ин фарзанди фарзонаи миллат тавонист бо ақлу фаросати худододи хеш Сулҳу Ваҳдатро барқарор созад, тоҷикро ба оламиён бо номи нек муаррифӣ кунад, халқро ба созандагӣ ҳидоят намояд, риштаҳои дӯстию рафоқатро миёни кулли шаҳрвандони кишварамон бипайвандад, истиқлолияти давлатиро ҳамчун бузургтарин, волотарин ва муқаддастарин арзиш ҳифз намуда, дар қалби мардуми кишвар ҷой диҳад.
Тавассути тадбирҳои хирадмандона ва ҷасорату меҳнати фавқулода Ватанро аз вартаи фалокат берун оварда, мардуми парешонро сарҷамъ сохт ва садҳо ҳазор фирориёнро ба Ватани аҷдодӣ баргардонд. Чунончӣ як сафари боҷасорати Сарвари давлат дар шароити хеле мураккаб ба мавзеи Хостдеҳи Афғонистон обру ва маҳбубияти ӯро дар назди халқу Ватан дучанд намуд. Ва бешак, Пешвои муаззами миллат Эмомалї Рањмон намунаи баланди ибрат ва ифтихори ватандорию ватандӯстдорӣ барои ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Имрӯз акнун Ваҳдати бадастомадаро ҳифз бояд кард. Зеро он рӯйи сурху сари баланди ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Он Ваҳдати дар ҳамон шабу рӯзҳо барои миллати мо чун боду ҳаво зарур фикру андешаи душманонамонро ботил баровард. Санги маломат ва ҷаҳолат аз бағали онҳо афтид.
Аз масири таърих маълум аст, ки дар ҳама давру замонҳо Сулҳу Ваҳдат, дӯстию бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, рафоқату ягонагии аҳли ҷомеа асоси пойдевори давлат мебошад. Роҳбари давлат ҳангоми суханронияшон дар ҷашни ёздаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 27 июни соли 2009 дар шаҳри Бохтар, ки банда иштирокчии бевоситаи ин ҷамъомад будам, моҳияти тақдирсози Ваҳдати миллиро хеле возеҳ гуфта буданд. “Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад”.
Албатта, таҷлили ин иди бошукўҳи миллат нишони қудрати дӯстию ягонагии мардуми кишвар бо сарварии Президенти мамлакат, бештар ҳифзу пойдор нигоҳ доштани ин арзиши волои миллӣ нишони фарҳангу маънавиёти баланди халқамон аст.
Воқеан, ҳам Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми дастоварду комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Бале, маҳз ваҳдату ягонагӣ буд, ки мо дар як муддати кутоҳ ба ободонию осудагии рӯзгор мушарраф гардидем.
27 июни соли 1997 воқеан беҳтарин рӯз дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон буд, зеро дар он сана кабутари навпарвози Сулҳ дар қаламрави кишварамон болу пари худро кушод. Дар тўли ин солҳои ваҳдатобод Ватанамон ба дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Ҳар як тадбиру барномаи Пешвои муаззами миллат хоҳ иқтисодиву сиёсӣ хоҳ иҷтимоию фарҳангӣ бошад, боиси устувории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мегардад. Намунаи дурахшони яке аз ин тадбирҳо навсозии роҳҳои кишварамон мебошанд, ки ҳамчун “Шоҳроҳи Ваҳдат” ном баровардааст.
Ваҳдати мо воқеан ҳам дастоварди арзишманду муқаддас аст ва мо фарзандони ин миллат муваззаф ҳастем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва нагузорем, ки нохалафе ин сарҷамъию осудагии моро халалдор созад. Ҳаргиз набояд фаромӯш кард, ки бо чӣ мушкилот мо ба Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот расидем. Ғояи Ваҳдати миллӣ моро водор месозад, ки ба қадри Ватан, Истиқлолият, муқаддасоти миллӣ, арзишҳои волои фарҳангию миллии хеш бирасем, насли ҷавони имрӯзу фардоро аз таъриху ахлоқ ва фарҳанги ғании халқи хеш огаҳ созем.
Мушкилоти имрӯзаи ҷаҳон, андешаю ниятҳои муғризонаи душманони беруна водор месозад, ки ҳар як фарди ба ору номуси Ватан аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошад, баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ, пешрафту шукуфоии кишварамон кӯшиш ба харҷ бидиҳад. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо ва саодати зиндагӣ дар ваҳдату иттиҳод аст.
Таҳияи С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД