Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Иштироки омӯзгори хатлонӣ дар Форуми байналмилалӣ
Дар доираи барномаи “Мактабҳои 2030”, рӯзҳои 5 – 7-уми июни соли ҷорӣ, дар давлати Португалия Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ миёни 10 кишвар баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯзгор аз вилояти Хатлон Назокат Маҳмадиева муаррифӣ кард.
Дар ин бора саҳифаи фейсбукии Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ додааст.
Манбаъ зикр кардааст, ки Назокат Маҳмадиева омӯзгори фанни химияи муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон буда, дар сатҳи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки омӯзгорони Тоҷикистон дорои донишу маҳорати баланди касбӣ буда, фаъолияти кориашон ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Таҷрибаи пешқадами онҳо аз тарафи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳои пешрафтаи дунё бо хуби эътироф гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо иштироки беҳтарин омӯзгорони навовари муассисаҳои таълимии лоиҳавии вилоятҳои Хатлон ва Суғду Бадахшон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар Форуми ҷумҳуриявии “Омӯзгори навовар” баргузор гардида буд.
Иқдоми мазкур бо ибтикори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи лоиҳаи “Мактабҳои Тоҷикистон – 2030” бори аввал дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор буд.

Дар ин озмун, ки миёни омӯзгорони эҷодкору навовари беш аз 100 муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид, 28 нафар омӯзгорон беҳтарин лоиҳаҳои худро пешниҳод намуда буданд.
Дар натиҷа лоиҳаи пешниҳоднамудаи омӯзгори фанни химияи муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Данғара Назокат Маҳмадиева бо номи “Хазинаи табиат” ғолиби ин озмун дониста шуда, сазовори ҷойи авввал гардид.

Ҳамин тариқ Назокат Маҳмадиева роҳхати иштирок дар озмуни байналмилалиро ба даст оварда бо донишу маҳорати баланди хеш дар шаҳри Портои давлати Португалия Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Раёсати маорифи вилояти Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



