Бойгонӣ

“Шашмақом”-ганҷинаи нуҳуфтае аз осори ниёгон

      
   Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сиёсати хирадмандонаю фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дигар соҳаҳо соҳаи фарҳанг низ рушд мекунад. 12 май эълон гардидани Рӯзи “Шашмақом”ва 10 октябр ҳамчун Рӯзи “Фалак”далели гуфтаҳои болост.  Доир ба ин мавзӯъ суҳбате доштем, бо овозхони ансамбли “Шашмақом”-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амриддин Кабирӣ.

   -  Нахуст оид ба таърихи пайдоиши ин навъи мусиқии классикии мардуми тоҷик каме маълумот медодед.
-  Агар мо ба таърихи санъати мусиқӣ назар кунем он аз давраҳои қарнҳои 6-12 оғоз меёбад ва яке аз аввалин мусиқанавозону овозхонҳои машҳури орёӣ Борбади Марвазӣ (570-630) буд.
      Дар асрҳои 16-17 ин ҳунари мусиқии классикиро мусиқишиносони маъруф Дарвешалии Чангӣ ва Кавкабии Бухороӣ ба авҷи аъло расониданд. Наҷмиддин Кавкабии Бухороӣ оид ба илму мусиқӣ якчанд рисолаҳо, аз қабли “Рисолаи мусиқӣ”, “Дувоздаҳ мақом ”навишт. Инчунин ӯ дар сабки мақоми “Ироқ”мусиқие дар оҳанги “Чаҳор зарб”эҷод кард, ки он то ҳоло дар бисёр мамолики Шарқ, аз ҷумла, Тоҷикистон ҳунармандон онро иҷро менамоянд.
       Аслан гирем таърихи пайдоиши “Шашмақом ” моро ба дуриҳои дур, ба аҳди қадим мебарад. Тавре ки доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов навиштааст,   “Тибқи ривоятҳо, аз ҷумла дар китоби “Таърихи Табарӣ”аввалин навҳаи Момоҳаво ба Ҳазрати Одам аз фироқи ҷаннат буд ва он “он навҳа дар мақоми “Росто ” буд ”. Яъне, маълум мешавад,ки мақоми “Росто”-ро низ (аз “Шашмақом”-и имрӯза), ки Абуалӣ ибни Сино ба арабӣ ҳамчун “мақоми мустақим”зикр намудааст, аввалин маротиба зан сурудааст”.

     -Ҳамчун овозхони маъруф ва донандаи хуби сабки “Шашмақом” оид ба моҳият ва мазмуни он каме маълумот медодед.
     - “Шашмақом”яке аз навъҳои санъати мусиқии миллати мутамаддини мо мебошад, ки таърихи якчанд ҳазорсолаҳо дорад.  Дар “Энсиклопедияи советии тоҷик”омадааст, ки “Шашмақом”силсилаи суруду оҳангҳои классикии тоҷик буда, дар як низоми муайян мураттаб гардидааст.Он мероси мусиқии тоҷик буда, аз шаш мақом : “Бузург”, “Рост”, “Наво”, “Дугоҳ”, “Сегоҳ”ва “Ироқ”иборат аст.
          Оғози ҳар як мақом аз пардаи ҷудогона иборат буда, дар якҷоягӣ лаҳни ҳамон макон ба шумор меравад.

- Тавре огоҳӣ дорем ин навъи мусиқӣ дар аввал бо номи “Дувоздаҳмақом” машҳур будааст. Пас, кай ва чӣ гуна он ба “Шашмақом”тағйири ном намуд?
        - Аз сарчашмаҳшои таърихӣ маълум мегардад, ки ҳанӯз 250- 300 сол пеш ҳофизону навозандагон ва мусиқишиносони машҳур асарҳои зиёди мусиқӣ офариданд. Асарҳои офаридаи онҳо гарчанде наву пурмазмун буданд, вале ба доираи “Дувоздаҳмақом”дохил нашуданд. Ин оҳангу навоҳо ва сурудҳои нав, ки дар сатҳи баланд эъҷод мешуданд, мухлисону ҳаводорони зиёд пайдо намуд. Дар он давра асарҳои мусиқии берун аз доираи “Дувоздаҳмақом” хеле зиёд шуда, таркиботу нуфузи сабки “Дувоздаҳмақом”-ро паст намуд. Дар натиҷа ба ҷои он, ки қолабаш аллакай шикаста гардид, савти нави мухтасари “Шашмақом”ба вуҷуд омад. Раванди “Шикаст”-и доираи “Дувоздаҳмақом” ва ташакули “Шашмақом”хеле дуру дароз идома ёфт. Шумораи суруду оҳангҳои “Дувоздаҳмақом” 114-торо ташкил медод. Дар доираи “Шашмақом” бошад, шумораи суруду оҳангҳо ва таронаҳо ба 252-адад расид. Маврид ба ёдоварист, ки яке аз бузургтарин муҳаққиқони соҳаи мусиқии мардуми тоҷик Дарвешалии Чангӣ мебошад, ки осори ӯ барои омўхтани санъати “Шашмақом” аҳамияти калон дорад . 

          -Устод хуб мешуд  дар бораи чӣ тавр таъсис ёфтани ансамбли “Шашмақом ”  иттилоъ медодед.
      -Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандона ва фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг, аз ҷумла санъати мусиқӣ хеле рушд ёфт. Дар ин замина 12-уми майи соли 2002 Рӯзи шашмақом эълон карда шуд, ки ҳамасола он дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.  Хушбахтона, барои амалӣ намудани ин падидаи нек соли 2002 дар назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон низ ансамбли “Шашмақом” таъсис дода шуд.
          Дар ҳайати ансамбли навтаъсис дар шумори 8-нафар навозандагону 8-нафар рақосаҳо инчунин, ҳунармандони варзида-Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адолат Комилова, ҳунармандон Холмирзо Сангимуродов, Меҳринисо Ҳоҷибоева, Маҳмарризо Ашуров ва Аҳад Пулатов шомил шуданд. Фаъолияти ансамбл сол ба сол такмил ёфта, санъаткорони дар ин ҷода ба комёбиҳои бештар ноил мегарданд. Айни замон дар ансамбли “Шашамқом”  42-нафар ҳунармандон  фаъолият доранд ва шуруъ аз соли 2017 ансамбл мустақил шуда, фаъолияти худро дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон идома дода истодааст.

         -Оид ба сафарҳои ҳунарии ансамбл ба шаҳру ноҳияҳои кишвар чӣ гуфта метавонед?
    -   Мусаллам аст, ки ҳар як ансаблу дастаҳои эҷодї ба хотири муаррифӣ намудани худ бояд ҳамеша бо суруду оҳангҳои тару тоза ва дилнишин дар байни мардум баромад намояд. Ансамбли “Шашмақом”низ таҳти роҳбарии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунарманди шинохта Шералӣ Қосимов бо барномаҳои рангину дилчасп қариб ба ҳамаи шаҳру навоиҳи вилоят сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.
          Хусусан, барномаҳои ҳунарии ансамблро бо дастагулҳои тозаю хотирмони эъҷодӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ ва шаҳри Бохтар дар сатҳи баланд пазироӣ намуданд. Баъди анҷоми ин сафарҳои ҳунарӣ эҳсос мешавад, ки воқеан ҳам мардум ин навъи мусиқии асили миллиро хуб дарк менамоянд.
          Соли гузашта мо ҳунармандони ансамбл бо даъвати раиси шаҳри Кӯлоб Бахитёр Назарзода дар толори хеле зебою бошукўҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барномаи консертии худро пешниҳоди мухлисон гардонидем. Баромади ҳунармандон чунон ҷаззобу дилнишин буд, ки тамошобинон онҳоро гаштаю баргашта рӯйи саҳна мехонданд.

         -Барои баланд бардоштани сатҳи касбии ҳунармандон фаъолияти пурсамари ансамбл ва фатҳи комёбиҳои баланд чӣ тадбирҳо рӯйи даст гирифта шудааст?
       -  Мехоҳем дар оянда ҳунармандони ҷавону боистеъдодро дар ансамбл ҷалб намоем. Бо ин мақсад мо дар назди ансамбли “Шашмақом” маҳфилеро бо номи “Устод ва шогирд” ташкил намудем. Дар маҳфил бисёр ҳунармандони ҷавон, ки ба санъати “Шашмақом” майлу рағбат доранд, ҷалб гардидаанд. Аъзоёни умедбахши ин маҳфил Асад Туйчиев, Бахтиёр Ҷумъаев, Паригул Тошпулодова, Наргис Тошпулодова, Шоҳрух Розиқов, ки чанде аз онҳо хатмкардаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов мебошанд, алаккай ҳамчун овозхонҳои хушсалиқа муаррифӣ шудаанд.
         Овозхони ҷавону хушсадо Паригул Тошпулодова соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардид. Мо  нақша дорем, ки дар заминаи маҳфили “Устод ва шогирд” барои фаъолияти пурсамари ансамбл ҳунармандони боистеъдоду умедбахшро омода намоем.
         -Тавре огаҳӣ пайдо намудем, дар фаъолияти ансамбл як падидаи нав, ки бисёр хушҳолкунанда аст, пайдо гардид. Онро чӣ тавр шарҳ медиҳед?
       - Албатта, ягон назария, тафаккур ва ё қонун догма нест. Онҳо тағйирпазиранд. Сабки “Шашмақом” низ бо гузашти айём рушду такомул ёфт. Тағйирпазирӣ ва ё қолабшиканӣ он аст, ки мо дар баробари ашъори шоирони адабиёти классикӣ ашъори шоирони адабиёти муосирро низ ба репертуари ансамбл ворид намудем. Масалан, дар баробари якчанд шеърҳо аз ашъори шоирони адабиёти муосири тоҷик шеъри шоири ширинкалом Аскар Ҳаким “Ушшоқи Раҳмоналӣ”-ро бо оҳанги бастакор Шералӣ Қосимов 10-нафар ҳунармандони ансамбл иҷро карданд , ки хеле олӣ баромадааст:
     ...Фӯру чун меравад маҳтоб ҳар шаб дар чаҳи Мағриб,
      Ту бар меойӣ аз Машриқ ба Хуршеди Хуросонӣ.
      Агар тимсол дорад ҳар абармарде дар ин дунё,
      Чӣ гӯям ман, ки Сомонӣ туӣ ё Рустами сонӣ ...  
        
         -Барои суҳбати пурмуҳтаво як ҷаҳон ташаккур.
             Рӯзи “Шашмақом”  муборак!
                                                                          
Аъзамҷон БОБОЕВ    


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019