Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
01 июн 15:51АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақолаҳо
ҲАЖДАҲҒОРАИ АЙВАҶ
Ин ёдгории таърихӣ ба нестӣ рафта истодааст
Дар мавзеи Айваҷи ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав, наздик ба хати сарҳади Тоҷикистон – Афғонистон – Ӯзбекистон силсилағорҳои нодире мавҷуданд, ки тафсилоташон барои аксари кулли алоқамандони таъриху маданияти қадим ҳанӯз пӯшида боқӣ мондааст. Ин ғорҳо 18 – то буда, ба қавле бо номи Ҳаждаҳғораи Айваҷ дар маъхазҳои таърихӣ ёдоварӣ шудаанд.
Вобаста ба мавзуи ин ғорҳои қадимӣ хабарнигори маҷалла бо рӯзноманигор Зокир Ҳасан, ки перомуни ин масъала ковишҳои зиёдеро анҷом додаасту бо номи “Ҳаждаҳғораи Айваҷ” китобе ҳам ба табъ расонидааст мусоҳибаеро анҷом додааст, ки онро манзури хонандагони маљалла мегардонем.
-Аввалан мегуфтед, ки дар хусуси ин ғорҳо аз куҷо хабар ёфтед?
-Чӣ ҷойи пинҳон кардан, камина ҳарчанд дар доираи фаъолияти рӯзноманигорӣ чанд дафъа ба мавзеи Айваҷ сафар кардаам, аммо ягон маротиба ба истилоҳи мардум, ҳатто бо ними гӯш дар хусуси ғорҳои қадимии он ҷо ҳеҷ чиз нашунида будам, то он рӯзе, ки як шинос зимни суҳбати сарироҳӣ аз қимати гарони таърихӣ ва бо ин вуҷуд чанд даҳсола боз аз мадди назарҳо дур мондани мағораҳо маро огоҳ кард.
Дар яке аз рӯзҳои мусоиди фасли пойиз бо мақсади дар ин хусус чизе навиштан ҳамроҳи рафиқ ва ҳамкасбам, хабарнигори Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Сайраҳмон Назриев озими ноҳияи Шаҳритус шудам. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳия мақсад ва азми моро бо хушнудӣ шуниданду пазируфтанд, лекин гуфта натавонистанд, ки он ёдгорӣ дар кадом гӯшаи Айваҷ аст. Ва саҳван моро ба дайри амалкунандаи насрониҳо, ки дар маркази ноҳия воқеъ аст, роҳнамоӣ карданд. Баъдан – ба назди якчанд омӯзгори таърих. Ниҳоят, пас аз чанд соати саргардонӣ бахтамон хандид. Роҳбалад ва ҳамзамон, ронандаи мо – Нурулло Табаров, мудири онвақтаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Шаҳритус дар роҳ Сайраҳмон Давлатов, котиби вақти Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияро дида, аз ӯ дар бораи ғорҳо суол кард. Котиб мутмаин буд, ки он ҷойро Турдимурод Очилдиев – омӯзгори калонсоли Айваҷ, ки аз фанни таърих дарс медодааст, медонад.
Ӯ хато накарда буд. Муаллим моро рост ба назди ин ёдгорӣ, ки бо вуҷуди нодир буданаш бисёриҳо аз мавҷудияташ бехабар будаанд, бурд ва барои шинохти бештар аз он иттилои аввалия низ ироа кард.
Ба шукӯҳи он ёдгории дар натиҷаи хираду заҳмати пешиниён ҳастшуда, аммо аз сабаби дар ин қарни тараққиёт аз беаҳамиятии мо нестшаванда нигаристаму таъкиди зерини Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як фарди ватандӯст ёдам омад: “Ба таърихи миллати худ чун ба оинаи поку муқаддас назар бояд кард”, зеро “таърих дӯсти ҳақиқатгӯст ва саҳифаҳои пурифтихор ва пуринҳирофи онро бо таҳаммул бояд омӯхт”.
Он замон тасмими банда ин шуда, ки бо вуҷуди кофӣ набудани маъхазҳои омӯхташаванда ва ҳам шахсан дар инъикоси масоили таърихӣ таҷрибаи ғанӣ надоштан дунболи мавзӯи мағораҳои мавриди назарро хоҳам гирифт.
-Дар натиҷаи ҷустуҷӯи зиёд дар хусуси ин ғорҳо чӣ маълумоти лозимӣ пайдо кардед?
-2-юми сентябри соли 2019 аз ноҳияи Шаҳритус бо ҳамроҳии Турдимурод Очилдиев, Нурулло Табаров ва Сайраҳмон Давлатов ба он мавзеъ рафтем.
Аз маркази ноҳияи Шаҳритус то ғорҳо 60 километр роҳ будааст. Ғорҳо, ки 18-тояшон шумурдем, дар қисмати болои теппаи канори рости дарёи Ому пайиҳам тақрибан дар масофаи 100 метр кофта шудаанд. Аз ин теппа то хати сарҳади мо бо Афғонистон камобеш 50 метр ва то марзи Ӯзбекистон 12 километр фосила будааст. Аз баландии мазкур тамоми минтақаро чун дар кафи даст дидан ва назорат кардан мумкин аст. Ғорҳо аз ҳамдигар дар масофаи тақрибан на кам аз 5-метрӣ ҷой гирифтаанд. Қисме ба хок яксон шудаанд. Лек ҳиссае бо вуҷуди он, ки аз замони дар болои теппа сохта шудани роҳи оҳани Бохтар - Хатлон – Амузанг - Сурхондарё (Солҳои 60-70-уми асри гузашта) то инҷониб зери фишори қатораҳои гаронвазн қарор доранд. Бо мушоҳида аз хокистару зарфҳои пластикии обнӯшӣ ва селофанҳои дохили онҳо имрӯзҳо низ дар ҳавои гарм, сард ва боришот барои мардуми даргузар: яқинан, чӯпонҳо ва роҳиоҳанчиён сарпаноҳи мустаҳкам ҳастанд.
Қабл аз вориди ғорҳо шудан дар паҳлуи чапи даромадгоҳи баъзеи онҳо хокдеворҳои бо дасти инсон тарошидашудаи ҳоло болокушода дида мешавад. Азбаски зиёд фурӯ рехтаанд, муайян кардани ин ки чӣ истифодагоҳе будаанд, амрест маҳол.
Ҳангоме ки ба ғорҳо ворид мешавӣ, аз ҳама зиёд ҳуҷраҳои васеъро мебинӣ. Яъне ҳуҷраҳои хурд кам ҳастанд. Девору фаршҳояшон чоркунҷа ва сақфҳо нимдоира тарошида шудаанд. Дар ҳуҷраҳои берунӣ муқобил ба даромадгоҳҳо чизе монанд ба меҳроб тарошида шудааст. Чандеашон суфрачаҳои камбар (тахминан 50 сантиметр)-и барои нишастану хобидан қулай доранд. Дар сақфи ду ҳуҷра шакли барҷастаи монанд ба салиб дида мешавад . Яке аз онҳо, ки тақрибан 5 метр дарозӣ дорад, дар ҳоли рехтану нест шудан аст. Дар деворҳо тоқчаҳою сӯрохҳои гуногуншаклу ҳаҷм кофта шудааст, ки шояд барои гузоштани шамъ ва дигар ашё истифода мешуданд. Дар канори ҳуҷрае чуқурии доирашакли фаршаш монанд ба гунбаз, баландии деворааш 1,5 ва паҳноияш 2 метр ба чашм мерасад. Аз нисф камтари фарши ҳуҷраи дигар як-ду бел паст карда шуда, дар канори росташ мӯрии тангу дарозе кофта шудааст, ки охираш ба чап тоб мехӯрад. Дар ҳуҷрае суфачаи чоркунҷаи марказаш сӯрохдори андаке шабеҳ ба дегдонҳои имрӯзӣ мушоҳида мешавад.
Бо чашми одӣ дар ғорҳо катибаҳою наққошиҳои қадимӣ ёфта наметавон, аммо навиштаҳои кириллии замони нав, амсоли “Авс...ников 1977” ва ғайраро ба ҳисоби мо дар се девор вохӯрдан мумкин аст. Бархе аз мардуми маҳаллӣ дар куҷо будани мавзеи ғорҳоро медонанд. Он ҷойро бо номҳои Ҳаждаҳхона, Ҳаждаҳғора ё Туюлтоғ ёд мекунанд. Вале дар борааш анқариб ягон ривоят ё қисса гуфта наметавонанд.
-Шумо дар хусуси ин ғорҳо китобе низ нашр кардаед. Ҳар як муаллиф бо нашри китобе ҳадафи худро дорад. Дар китоб шумо чӣ ҳадаф доштед ва оё ба ҳадафи хеш расидед?
-Барои нигаҳдорӣ ва муҳофизати ин ёдгории беназири таърихӣ, камина ба аксари кулли мақомоти давлатии Тоҷикистон муроҷиат кардаам. Азбаски ин ёдгорӣ дар сарҳади се давлат ҷойгир аст, мутаассифона то ҳол лоақал барои болояшро пӯшидан, ки аз боду борон эмин бошад, ягон тадбире андешида нашудааст. Чӣ расад ба дигар тадбирҳои зарурӣ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд кардаанд: “Роҳбарону масъулон ва ҳар шахси огоҳе, ки таърихи диёр барояшон азиз аст, бояд ёдгориҳои таърихиро ҳифз карда, онҳоро барои тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихор аз дороиҳои фарҳангиву таърихии миллати тоҷик пурсамар истифода баранд.”
Умедвор ҳастам, ки муҳимияти ин ёдгории таърихиро дуруст дарк карда, барои зиннат бахшидани авроқи таърихи миллат ниҳодҳои марбута ниҳоят даст ба кор мешаванд.
-Барои як суҳбати пурмуҳтавою самимӣ ба шумо миннатдорӣ баён мекунем.
-Саломату сарбаланд бошед.
Таҳияи Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД