Бойгонӣ

Ин ҳикмате, ки зиндагӣ номаш ниҳодаанд...

   Онҳо шаш тан хоҳарон дар хонадоне тарбияву ба воя мерасиданд, ки сарвари оила саргарми соҳибкорӣ ва модар бар замми масъулияти омӯзгорӣ ҳама ҳастии худро ба тарбияву ҳунаромӯзӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии фарзандон бахшида буд. Гулистон фарзанди дувуми хонадон бо ҷасорату чолокӣ ва тавонмандиву кордониаш ҷойи писарро дар қалби зодмандон пур мекард, ки қиблагоҳи меҳрубонаш завқу зеҳни ӯро ба шуѓлу варзишҳои ба қавле бачагона ҷазб менамуд.
   -Ҳоло овони наврасиро ба ёд оварда, аз зодмандон сипосгузорам, ки маҳз бовариву таҳрики онҳо ҷиҳати солиму тавонманд ба воя расидани фарзандон ва рафтору андешаҳои таконбахшашон буд, ки ману хоҳаронам хушбину мубориз тарбия ёфта, имрӯз ҳар яки мо дар ҳаёту фаъолиятҳои касбиву ҷамъиятӣ муваффақу худкифо мебошем, - риштаи суҳбатро кушод Гулистон Сафарзода. - Падару модарам ба умеди он ки дар солмандӣ духтарон сипару соябони сарашон бошанд,  таҳсилоти олиро дар мадди аввал гузошта, шаш духтарро хононда соҳиби на кам аз ду маълумоти олӣ намуданд. Илова бар ин, тамоми кору ҳунарҳои дар зиндагӣ муҳимро аз модар омӯхтаем, ки аз баракати он ҳаёту хонаи мо ободу ҳусну таровати дигар дорад. 
   Ӯ дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара чашм ба олами ҳастӣ кушода, баъдан аҳли оилаи онҳо ба деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалик мекӯчанд ва дар 7- солагии Гулистон аз он ҷо ба шаҳри Бохтар меоянд. Таҳсилоти ибтидоиро аз МТМУ № 11 оғоз намуда, саҳаргоҳон ҳамроҳи модараш, ки ба ҳайси мудири боғчаи кӯдаконаи шафати муассисаи мазкур кор мекард, ба таълимгоҳ меомад. Аз ҳамсоягии мактаб бо ҷойи кори модараш хушбину фараҳманд буд ва баъдан, то хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ин эҳсосот фарогираш буд, ки таҳти назорати ҳамешагии модар қарор дорад. Айёми наврасӣ талошҳои зодмандонро бобати тарбияву такмили ҳунару маҳорати фарзандон дида, дар дил орзу мепарварид, ки ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуда, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият  намояд. Новобаста ба  гардиши рӯзгор ва интихоби ғайриинтизори касбу  мушкилоти иҷтимоӣ, ки ӯву хоҳаронаш таҳсилоти олиро ғоибона хатм карданд, аммо интизориҳои падару модарашонро бароварда тавонистанд. 
   Ману хоҳаронам ба синну сол аз якдигар як солӣ фарқ доштему зодмандон дар як вақт имкони хонондани ҳамаи моро надоштанд. Биноан,  дар муассисаҳои олӣ ғоибона таҳсил менамудем, ҳамзамон дар ҷодаҳои гуногун кор мекардем, то дар пешбурди рӯзгор мададгори падару модар бошем, - ба ёд меорад Гулистон Сафарзода.  – Солҳои таҳсилоти ғоибона дар факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав, фаъолиятро аз китобхонаи вилоятии ба номи Аминҷон Шукўҳӣ оғоз намудам. Аз қазо шиносоӣ ва ишқи ҳамқадами ҳаётӣ дар миён уфтоду бо дуову фотеҳаи неки зодмандон  арӯсӣ кардам. Ҳамин сон, саргарми муҳити хонаводаи ҳамсар ва пас он, баъди таваллуди фарзанд ва саргарми тарбияи ӯ  солҳо аз  фаъолиятҳои ҷамъиятӣ канор рафта будам. 
   Баъди анҷоми рухсатии тарбияи фарзанд ба ҳайси омӯзгори МТМУ №35 ноҳияи Кӯшониён кор карда, сониян, ба симати ходими илмии Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба фаъолият мепардозад. Завқу малакаи ковишҳои илмӣ, майлу рағбати бепоён ба омӯзиши таҳқиқотҳои дар риштаи бостоншиносӣ ва таъриху кишваршиносӣ анҷом дода шуда, таваҷҷуҳи варо ба осори гузаштаи ниёгон ва ёдгориҳои дар жарфнои хокистон нуҳуфта дучанд меафзуд. Соли 2017 ба вазифаи муовини директори Осорхонаи мазкур ва аз соли 2018 инҷониб  сарварии ин Осорхонаро ба уҳда дорад. 
   Илова ба кору фаъолиятҳои ҷамъиятӣ унвонҷӯи риштаи педагогика дар мавзӯи  “Татбиқи барномаҳои давлатии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон” таҳқиқотӣ илмӣ бурда истода, интизор меравад, ки давоми соли ҷорӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намояд.
   Ҳузури фаъоли бонувон дар корҳои ҷамъиятӣ ва сол аз сол афзудани шумораи занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарӣ аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амал татбиқ гардидани Қонуну санадҳои муҳими меъёрӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа маншаъ мегирад. 
   -Барои муваффақ шудани бонувон дар арсаи сиёсат имрӯз тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам гардида, боқӣ аз ҳар яки мо вобастагӣ дорад, ки бо донишу маҳорати касбӣ, фарҳанги баланди муошират ва хислатҳои ҳамидаву зарфиятҳои фардӣ ҷойгоҳи шоистаи худро дар ҷомеа пайдо намоем, - андешамандона изҳор медорад Гулистон. - Умедворам занону духтарони лаёқатманд ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати таҳкими мақому манзалати бонувон дар ҷомеа ва самаранок истифода намудани шароиту имтиёзҳои дар самти илму ҳунаромӯзӣ ва  фароҳам гардидани фазои мусоиди кору зиндагӣ ҷаҳди дучанд намуда, дар рушду тараққиёти кишвар саҳми назаррас гузоранд. Маврид ба ёдоварист, ки имрӯз аз 24 нафар кормандону мутахассисони соҳаи бостоншиносии Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон  15 нафарро занону духтароне ташкил медиҳанд, ки аксарият мутахассисони соҳа мебошанд.
   Бинобар гуфтаи Гулистон Сафарзода имрӯз дар қаламрави вилояти Хатлон 18 осорхона фаъолият менамояд. 
-Соли ба вазифаи директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии ба номи Авастои вилояти Хатлон таъйин шуданам, шумораи нигораҳои осорхона қариб 2 ҳазор ададро ташкил медод ва тайи ин муддат бо густариши ҳамкориҳо бо мардум, дарёфт ва хариди бозёфтҳои қадимӣ теъдоди ёдгориҳои бостонї ба 6 ҳазор адад расонида шуд. Ҳамзамон, дар ин давра дар осорхона гӯшаҳои асбоби мусиќӣ, сарулибоси миллӣ, гӯшаҳои фарҳанг ва санъати тасвирӣ таъсис дода, гӯшаҳои “Асри санг”, “Ҳулбук” ва “Табиати диёр”-ро азнавсозӣ намудем. Новобаста аз он ки қаламрави имрӯзаи Хатлонзамин  сарзамини бостонӣ ба ҳисоб рафта, зери харобаҳо ва хокдони  он асрори гузаштаи ниёгонамон нуҳуфта аст, вале то кунун бузургтарин ноҳияҳои вилоят аз қабили Вахшу Кўшониён то ҳол осорхона надоранд. Биноан, умед ба он дорем, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳбарияти ин  ноҳияҳо дар қатори  дигар иқдомҳои ободонӣ бунёди осорхонаву дигар муассисаҳои фарҳангиро ҳам ба нақша хоҳанд гирифт,- иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Гулистон Сафарзода.

Юсуфи СОБИР


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019