Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Д А С Т У Д У О И М О Д А Р
Шоирони бузурги миллат модарро бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса васф намудаанд, ки воқеан ин олиҳаи ҳусни замину ҳастӣ ба ҳама гуна ситоишу қадршиносӣ арзанда мебошад. Шоири тавонои миллат зиндаёд Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Сад ҷону дил фидои як мудаои модар,
Фатҳу кушоиш орад, дасту дуои модар
Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Таъзим менамоям, дар пеши пои модар.
Модари азизу дилбанд, ғамхору мушфиқ, ҷаҳондидаву хизматгузори халқу Меҳан сокини Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ Гавҳар Иброҳимова 75 сол дораду аз ин 50 солашро ба хизмати халқу Ватан бахшидааст.
- Имрӯз ҳам гули сари сабади маъракаҳои мардум буда, маслиҳатгари аҳли ҷомеа мебошад. Мардум бо ин зани арзанда, дуогӯи давлату миллати тоҷик ифтихор доранд,- бо арзи эҳтиром ба модар, ба ин инсони азизу муътабар андешаронӣ намуд раиси Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ Амондавлат Турдиев.
Зиндагиномаи Гавҳар Иброҳимова хеле рангину ибратбахш мебошад. Гузаштагони ӯ солҳои 60 –уми асри ХХ аз деҳаи ба номи Ленини ноҳияи Пролетари вилояти Суғд ба водии Вахш омаданд. Бобои Иброҳим (зиндаёд) дар вазифаҳои масъул содиқона ифои вазифа карда, дар ободонии ин водӣ ҳиссагузорӣ кард. Модараш холаи Фарида (шодравон) хонашин буду кадбонуи хонадон, дастархондору меҳмоннавоз.
Гавҳар Иброҳимова 9 – уми майи соли 1948 дар деҳаи Ленини ноҳияи Пролетари вилояти Суғд дар чунин оила чашм ба олами ҳастӣ кушоду баъди ба водии Вахш омадани падару модар соли 1966 мактаби миёнаи рақами 23 – и ноҳияи Ҷиликул (ҳоло Дӯстӣ) – ро хатм намуд.
- Бароям заҳмату шабзиндадориҳои устодони зиндаёдам Хушвахт Эшбеков, Зулфиқоров, Урал Бобомуродов ҳеҷ гоҳ фаромӯш намегардад. Аз ин устодон банда сабақи одаму одамгарӣ, ҳурмату эҳтироми волидон, калонсолон ва омӯзиши илму донишро гирифтаму ҷаҳони сипосро барояшон тақдим медорам,- бо арзи эҳтиром ба устодон андеша баён кард Гавҳар Иброҳимова.
Соли 1966 Гавҳар Иброҳимова ба факултаи математика – нақшакашии Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуда, панҷ сол таҳсил кард. Дониш, ҳунару маҳорати хешро сайқал дод. Баъди хатми муваффақонаи мактаби олӣ ба дабистони азизаш баргашт. Чор сол ба сифати омӯзгори фанни математика ва ду сол ба сифати директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 – и ноҳияи Дӯстӣ фаъолият карда, насли худогоҳу хештаншиносро ба камол расонд.
Ин зани меҳнатию барнодил 50 соли умри азизашро аслан ба корҳои роҳбарӣ бахшида, ба дили мардум роҳ ёфт, дилеро шод ва манзилеро обод кард. Шаш сол ба сифати раиси Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ ифои вазифа намуда, содиқона кор кард. Бинои ҷамоатро дар замони роҳбарии ӯ бунёд карда буданд. Барои дастовардҳои назаррасаш ба ӯ нақлиёти сабукрав туҳфа карданд, ки ин барояш ифтихор буд.
Гавҳар Иброҳимова даҳ сол дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Ҷиликул (ҳоло Дӯстӣ) содиқона кор карда, дар ободонии ин ноҳияи аграрии вилояти Хатлон аз таҳти дил ифои вазифа намуд. Бо мардони бузург, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Эшбек Сатторов ва чандин бунёдкорони дигар кор карда, соҳиби обрӯ ва мақоми баланд гардид. Ҳангоми дар ин вазифа фаъолият кардан ба ӯ муяссар шуд, ки ба давлатҳои Полша, Россия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Булғористон сафар карда, дар фестивал - намоишҳои сатҳи байналмилалӣ ва рўзҳои санъати Тоҷикистон дар ин давлатҳо ширкат варзад. Аз оне, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлати соҳибистиқлоли тоҷик обрӯ ва мақоми зан – модар хеле баланд гардидааст, ҳам ифтихор менамояду ҳам шукргузорӣ мекунад.
Ӯ шукргузор аст, ки ҳамватанон, ҳамкорон, дӯстони қадршинос, ҳамсояҳои азизу меҳрубонаш самимона дӯсташ медоранду, эҳтиромашро бар ҷой меоранд.
- Мо дар мактаби ҳизбии шаҳри Тошкент се сол бо Гавҳар Иброҳимова якҷоя сабақ гирифтем. Аз ҳамон солҳо бо ин зани дидадаро, соқибзавқ, ташаббускор, фарҳангпарвару одамдӯст рафтуомаду мукотиба дорем. Ҳамдигарро сидқан дӯст медорему пайваста бо ёди ҳамем. Зиндагии ин зани донишманд барои насли имрӯзу фардо сабақи ибратомӯз мебошад,- бо як ҷаҳон самимияту эҳтиром ба Гавҳар – апа арзи дил намуд, ҳамсабақ ва дӯсти қадрдонаш раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар Тутихон Назарова.
Ин зани меҳнатӣ ба синну соли худ нигоҳ накарда ба замин саҷда меорад, аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагии ёрирасонашон оқилона истифода бурда, ҳар сол ду – се ҳосили хуби меваю сабзавот ба даст оварда, зиёдатиашро ба бозори истеъмолӣ мебароранд. Аз баракати замин ва парвариши чорвою паранда зиндагиашонро ба сомон меоранд. Аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ сипосгузор мебошад, ки дар ҳаққи чунин модарон, чунин оилаҳо ғамхориҳои беназир зоҳир менамоянд.
Ин модари азизу меҳрубон имрӯз бо набераҳои азизу мушфиқаш Мадина, Фарида, Азизҷон ва келини меҳрубонаш зиндагӣ доранд. Шавҳари зиндаёдаш Абдулмуъмин ва ягона фарзандаш шодравон Азизбек ин дунёро падруд гуфтаанд (рӯҳашон шод бод). Бо набераҳои дилбандаш худро таскин медиҳаду ғами рӯзгорро пушти сар менамояд. Пайваста дуогўи мардум аст.
Гавҳар Иброҳимова шукронаи обу хоки Ватан, шукронаи Тоҷикистони ободу озоду соҳибистиқлол ва шукронаи ин ватани воқеан биҳиштиро мекунад. Ба қадри ин Ватан, ин обу хок, Президенти маҳбуб ва чунин модарони ғамхору мушфиқ бояд расид.
Саидзода Шералӣ Одина, н. Дӯстӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД